Ҷойгоҳу манзалати намоз ва ҳукми он

3148


Намоз дар луғат

Дуо

Намоз дар шариъат

Ибодати Аллоҳи мутаъол бо ақволу афъоли вижа, ки бо гуфтани Аллоҳу акбар оғоз ва бо салом додан, хотима меёбад

Ҷойгоҳи намоз дар Ислом

  • 1. Намоз рукни дуввуми Ислом аст. Расули Аллоҳ (с) фармудааст: «Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: шаҳодат додан ин, ки Худое ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи ӯст ва барпо доштани намоз...”(1).
  • 2. Намоз беҳтарин аъмол аст. Расули Аллоҳ (с) фармуданд: “Беҳтарин аъмол адои намоз дар аввали вақташ мебошад”(2).
  • 3.Намоз ҳадди фосил байни Ислом ва куфр аст. Набии Акрам (с) фармуданд: “Миёни мард ва миёни ширку куфр, тарки намоз аст(3).

    4.Намоз сутуни Ислом аст, ки пас аз Тавҳид- Ислом бар он бино шудааст, Набии акрам (с) фармуданд: “Ислом сари ин амр аст ва намоз сутуни онаст(4).

    Фазилати намоз

  • 3. Намоз нурест барои соҳибаш. Он ҳазрат (с) фармуданд: «Ва намоз нур аст(5).
  • 4. Намоз каффораи иштибоҳот аст: “Оё мебинед, агар рӯдхонае бар дари хонаи яке аз шумо бошад, ки ҳар рӯз панҷ бор аз он ғусл кунад, оё чизе аз чиркҳояш боқӣ мемонад. Гуфтанд: чизе аз чиркҳояш боқӣ намемонад. Он ҳазрат (с) фармуданд: ҳамчунин аст, мисоли намозҳои панҷгона, Аллоҳи мутаъол бо онҳо иштибоҳотро нобуд мекунад”(6).
  • 5. Намоз сабаби дохил шудан ба биҳишт аст, Набии акрам (с) ба Рабиа бин Каъб –ҳангоме, ки ҳамроҳии он ҳазрат (с)ро дар биҳишт хост- фармуд: «Бо касрати саҷда маро ёрӣ деҳ(7).
  • Ҳукми намоз

    Вуҷуби намозҳои панҷгона ба Қуръону Суннат ва иҷмоъ, собит аст.

  • 1.Қуръон: Худованд (ҷ) фармудааст: “Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед ва бо рукуъкунандагон рукуъ кунед”. (Бақара 43)
  • 2. Суннат: Расули Аллоҳ (с) фармудаанд: “Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: шаҳодат додан ба ин, ки худое ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад банда ва фиристодаи ӯст ва барпо доштани намоз ва додани закот ва ҳаҷҷи Байтуллоҳ ва рӯзаи Рамазон(8).
  • -Ва аз Талҳа бин Абдуллоҳ (р) ривоят аст, ки марде аз Набии акрам (с) дар мавриди Ислом пурсид, он ҳазрат (с) фармуданд: “Панҷ бор намоз дар шабу рӯз”, пас аз он гуфт: оё ғайр аз он бар ман дигаре ҳам ҳаст?, фармуданд: “На! Магар ин, ки нафл адо кунӣ(9).

  • 3. Иҷмоъ: Уммати ислом бар фарзияти намозҳои панҷгона дар як шабу рӯз, иҷмоъ доранд.
  • Намоз бар кӣ фарз аст:

    Намоз бар ҳар фарди мусалмони болиғу оқил ва марду зан, фарз аст.

    Қазои намоз

    Кофир ба адои намозҳои қазошудаИ қабл аз исломаш амр нашудааст, зеро, ки Ислом мо қаблашро нобуд мекунад.

    Ҳукми касе, ки намехонад

    1. Касе, ки намоз намехонад ва мункири фарзияти он бошад:

    Агар нодон бошад, ба вай таълим дода мешавад, агар бо он ҳам ба инкораш идома дод, кофир буда ва такзибкунандаи Аллоҳ ва Расулаш ва иҷмоъ мебошад.

    2. Касе, ки аз танбалӣ намозро тарк кунад:

    Касе, ки намозро амдан ва қасдан ва аз рӯи танбалӣ тарк кунад, кофир мешавад, валиамраш бояд ӯро ба намоз хондан даъват кунад ва барои муддати се рӯз аз ӯ бихоҳад, ки тавба кунад, агар тавба накард, ба ҳайси муртад кушта мешавад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Аҳд миёни мо ва онон намоз аст, агар онро тарк кунанд, кофир шаванд(10), ва фармудаи он ҳазрат: “Миёни мард ва миёни ширку куфр, тарки намоз аст(11).

    Намози кӯдак

    Кӯдак ҳангоме, ки ҳафт сола шуд ба хондани намоз амр мешавад, то барояш тамрин шавад ва ҳангоме, ки даҳ сола шуд, ба кайфари нахондани намоз мавриди зарби ғайри дарднок қарор мегирад.

    Он ҳазрат (с) фармуданд: «Фарзондонатонро ба намоз хондан амр кунед, дар ҳафтсолагӣ ва ононро мавриди кайфари зарб қарор диҳед, агар даҳсола бошанд”(12).