пас ба ҳафт рӯз афзоиш ёфт, ба ин мавзуъ таваҷҷуҳе намешавад,, пас ҳар вақте, ки хун дид, ҳайз аст ва ҳар замоне, ки пок шуд, туҳр аст.
3. Покии зан, бо хуруҷи қиссаи сафед дониста мешавад, ки иборат аст аз моъеи сафедест, ки пас аз таваққуфи ҳайз, хориҷ мешавад-.
Агар моеъи сафед хориҷ нашуд, пас аломати покии ӯ, хушкшудан аст, яъне пахтаи сафеде дар фарҷаш бигзорад, хушк берун шавад ва дар он ҳеҷ чизе дида нашавад.
Аз аҳкоми ҳайз
1. Ҳукми тирагӣ ва зардӣ
Таърифи зардӣ ва тирагӣ
Зардӣ:
хуни зардест, ки аз зан мебарояд.
Ва тирагӣ:
хуни тераест, миёни зардӣ ва сиёҳӣ.
Ҳукми тирагӣ ва зардӣ
Ҳаргоҳ зане хуни зард ва ё тирае миёни зардӣ ва сиёҳӣ бубинад, ва ё ин, ки танҳо рубубат ва тарӣ эҳсос кард, аз ду холат холӣ нест:
1. Ё ин, ки дар муддати ҳайз ва ё муттасил ба он қабл аз туҳр бубинад.
Дар ин ҳолат, ҳукми ҳайз собит аст, ба далели ҳадиси Ойша (р), ки дар он аз таваҷҷуҳи занон ба ранги хун ишора дошта, чуноне, ки пахтаро бо ранги зард медиданд, мефармуданд: «Аҷала накунед, то ин, ки пахтаро сафед бинед», ва ғаразашон покӣ аз ҳайз буд» [Ба ривояти Молик].
2. Ё ин, ки дар муддати туҳр бошад
Дар ин ҳолат, эътиборе надорад ва бар он вузу ва ғусл воҷиб нест, ба далели фармудаи Умми Атия, ки дар он мегӯяд: «Мо тирагӣ ва зардии баъд аз туҳро муътабар намешуморидем» [ Ба ривояти Абӯдовуд].
Аломати покӣ
Шакли зарда
Шакли тира
2. Ҳукми инқитоъи ҳайз
Агар зане рӯзе хун дид ва рӯзи дигар пок буд ва монанди он, ин вазъ аз ду ҳол холӣ нест:
1. Чунин вазъ дар ҳамаи авқот, идома меёбад
Ин хуни истиҳоза аст.
2. Ё ин, ки дар вазъи мунқатеъ бошад
Тавре, ки бархе авқот меояд ва дар бархе авқоти дигар, пок мебошад, ва ҳукми он чунин аст:
Якум: Агар муддати инқитоъи хун, камтар аз як рӯз бошад, ин муддат аз ҳайз шумурда мешавад.
Дуввум: Агар дар муддати покӣ далеле бар он ёфт, монанди ин, ки аз покӣ ва туҳр, маҳсуб мешавад, чӣ кам бошад ё зиёд ва ё ин, ки аз як шабу рӯз, камтар бошад.
Истиҳоза
Таърифи Истиҳоза
Истиҳоза
Сайлони хун аз фарҷи зан, тавре ки аз он мунқатеъ нагардад.Ё ин, ки инқитоъи хун ба муддати кӯтоҳе бошад.
3. Замоне, ки муддати ҳайз поён ёфт ва ҳанӯз ин зан мустаҳоза буд, ғусл мекунад ва қитъаи порчаро бар фарҷаш мегузорад ва аҳкоми туҳрро дар меёбад, намоз мехонад ва рӯза мегирад .
хуне, ки баъд аз вузу кардан аз вай хориҷ мешавад, зараре надорад, зеро,к и вай маъзур буда, дар таҳорат ва покӣ се ҳолат дорад:
- Якум: пас аз дохил шудани вақти ҳар намоз барояш вузӯ кунад, пас аз ин, ки фарҷашро бишӯяд ва ё порчаро ба он бибандад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ба Ҳамна бинти Ҷаҳш (р): «Пас аз он барои ҳар намоз вузӣ бикун ва намоз бихон» [Ба ривояти Абӯдовуд].
- Дуввум: Намози зуҳрро то андаке қабл аз вақти аср, таъхир кунад, пас аз он ғусл намуда, зуҳр ва асрро бихонад, ба ҳамин тартиб намозҳои дигарро низ бихонад .
ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ба Ҳамна бинти Ҷаҳш (р): «Ва агар тавони таъхири зуҳр ва таъҷили асрро доштӣ, бояд ғусл карда, миёни ду намози зуҳр ва аср ҷамъ кунӣ ва намози мағрибро таъхир карда ва ишоро таъҷил кунӣ, сипас ғусл карда байни ду намоз, ҷамъ кунӣ, чунин бикун ва барои намози фаҷр, ғусл кунӣ, чунин бикун ва рӯза бигир агар тавонашро доштӣ» [Ба ривояти Абӯдовуд].
- Саввум: барои ҳар намоз ғусл кунад, ба далели он чӣ собит шуда, «Умми Ҳабиба (р) ба мудати ҳафт сол мустаҳоза шуд, аз Расули Аллоҳ (с) дар ин маврид пурсид, он ҳазрат (с) амр карданд, ки ғусл кунад ва барои ҳар намоз ғусл мекард» [Ба ривояти Бухорӣ].
4. Агар ба зане ба ҳар иллате, монанди амали ҷарроҳии раҳм, хунрезӣ барояш рӯх дод, ин хун аз ду ҳолат холӣ нест:
- Якум: Агар маълум шуд, ки ҳайз мебинад.
Барояш ҳукми истиҳоза собит намешавад, аз адои намоз дар ҳеҷ вақте имтиноъ намеварзад ва ин хун, хуни иллат ва фасод аст ва барои ҳар намоз, вузуи ҷадид мекунад.
- Дуввум: Агар маълум шуд, ки мумкин аст, ҳайз бубинад.
4. Нифос замоне собит мешавад, ки вилодати он чӣ, ки дар он хилқати инсон возеҳ аст, сурат гирад, агар ҷанине, ки хилқаташ комил набошад, аз раҳм биафтад, аз се ҳолат холӣ нест:.
- Якум: Агар пас аз чиҳил рӯзи аввал бошад, ин хуни фосид аст, бояд ғусл кунад ва намоз бихонад ва рӯза бигирад.
- Дуввум: Агар баъд аз ҳаштод рӯз буд, ин хуни нифос аст.
- Саввум: Агар миёни чиҳил рӯз то ҳаштод рӯз буд.
Дар мавридаш дида мешавад: агар дар он аломатҳои хилқати инсон дида шуд, хуни нифос аст ва дар ғайри ин сурат, хуни фосид аст.
Он чӣ дар ҳолати ҳайз ва нифос ҳаром аст
1. Омезиш ва муҷомаъат (ҳамбистарӣ)
Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Ва аз ту мепурсанд дар мавриди ҳолати қоидагии зан, бигӯ: он азият ва осеб аст, пас дарин ҳолат аз занон канораҷӯи кунед, то замоне, ки пок нашудаанд, наздикӣ накунед, вақте, ки пок шуданд, бо онҳо ба шевае, ки Худованд амр карда, омезиш кунед, Худованд тавбакунандагон ва низ мутаҳҳиринро дӯст медорад» (Бақара 222)
Ва ба далели фармудаи Набии акрам (с) пас аз нузули ин оят: «Ба ҷуз аз муҷомиат, ҳар чизи дигаре, ки хоста бошед, анҷом диҳед» [Ба ривояти Муслим].
- Масоил
1. Ҳар, ки ҳамсарашро дар ҳолати ҳайз, муҷомиат кунад, гунаҳкор аст, бояд каффора бидиҳад. Бар вай каффора аст, агар чӣ ба ризо ва рағбати ҳамсараш ҳам бошад.
Ва кафора, миқдори садақа додан ба вазни як динор ва ё ним динор тилло аст, ба далели ҳадиси Ибни Аббос (р), ки аз Набии акрам (с) дар мавриди касе, ки бо ҳамсараш дар ҳолати ҳайз омезиш, кунад, фармудаанд: «Як динор ва ё ним динор, садақа бидиҳад» [Ба ривояти Муслим].
Ва динор = 4.25 грамм тилло .
2. Зани ҳоиза агар пок шуд, то замоне, ки ғусл накарда, шавҳараш наметавонад бо вай муҷомиат кунад, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Ва бо онҳо наздикӣ макунед, то ин, ки пок шаванд». (Бақара 222),
яъне аз хун, пас аз он фармудааст: «Замоне, ки пок шуданд» (Бақара 222),
яъне ғусл карданд, пас аз он Аллоҳи мутаъол фармуд: «Ба шевае, ки Аллоҳ амр карда, ба онҳо биёед»(Бақара 222),
яъне: муҷомеат ва омезиш кунад.
2. Намоз
Ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Ҳаргоҳ ҳайз пеш омад, намозро тарк кун ва ҳаргоҳ баргашт, хунро аз худ бишӯй ва намозро бихон» [ Ба ривояти Абӯдовуд].
- Масоил
1. Замоне, ки пок шуд, ба вай иъодаи намозҳои қазошуда нест, ба далели он чӣ, ки аз Ойша (р) ривоят шуда, замоне, ки аз қазои рӯза бидуни намоз фармуд: «Ин амр ба мо низ мерасад, барои қазои рӯза ба мо амр мешуд ва барои қазои намозҳо, амр намешуд» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
2. Агар зани ҳоиз ба миқдори адои як ракаъат аз вақти ҳар намозро чӣ аз аввалаш ва чӣ аз охираш, дарёбад, бар вай адои намози комил воҷиб аст.
Агар вақти камтар аз адои як ракаъатро дарёфт, бар вай адои ҳамон намоз воҷиб нест, ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Ҳар ки як ракаъат намозро дарёбад, бидуни тардид, намозро дарёфтааст» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].