Шаби қадр

6747

Чаро ба шаби қадр номгузорӣ шудааст?

1. Гуфта шуда, ки барои таъзим аст, монанди фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва Аллоҳи мутаъолро ба ҳаққи бузургворияш, таъзим накарданд) (Анъом 91).

Яъне: Шабе дорои қадр ва азамату бузургӣ, ба далели нузули Қуръон дар ин шаб ва низ фуруд омадани фариштагон ва баракату раҳмат ва мағфирати Илоҳӣ дар он

2. Гуфта шуда: Қадр ба маънои зиқ ва танг карданаст, монанди фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва касе, ки ба рӯи рӯзияш танг шуд, бояд аз он чӣ, ки Аллоҳи мутаъол барояш дода, инфоқ кунад) (Талоқ 7).

Ва маънои зиқу танг кардан дар шаби қадр инаст, ки бо таъйини он аз илми пинҳон мондааст.

3. Ва гуфта шуда: Қадр ба маънои тақдир аст, яъне дар ин шаб аҳкоми ҳамон сол, муқаддар мешавад, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Дар шаби қард ҳар амри муҳкам, баён мегардад) (Духон 4) [Фатҳул-борӣ (4/255)]

Фазилати шаби қадр ва манзалати он

1. Қуръон дар он нозил шуда

Аллоҳ таъоло фармудааст: (Мо онро дар шаби қадр нозил кардем) (Қадр 1)

2. Аз ҳазор моҳ беҳтараст

Аллоҳ мутаъол фармудааст: (Шаби қадр аз ҳазор моҳ баҳтар аст) (Қадр 3).

Яъне: Амал дар ин шаб, беҳтар аст аз ҳазор моҳе, ки дар он шаби қадр набошад.

3. Фариштагон ва Рӯҳ дар ин шаб фуруд меоянд

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Фариштагон ва Рӯҳ дар ин шаб бо иҷозаи Парвардигорашон, фуруд меоянд, барои арзёбии ҳар амре, ки Аллоҳи мутаъол то соли оянда ба он ҳукм кардааст) (Қадр 4)

Ва аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Лайлатул-қадр шаби бистуҳафтум ва ё бистунуҳум аст. Фариштагон дар ин шаб беш аз шумори сангреза дар замин ҳастанд) [Ба ривояти Ибни Хузайма].

4. Шаби қадр саломатист

Аллоҳи мутаъол фармуд: (Саломатест то тулуъи фаҷр) (Қадр 5).

Яъне: тамоми ин шаб саломатӣ ва хайр аст, аз оғозаш то тулуъи фаҷр, дар он бадӣ нест.

5. Ин шаби муборак аст

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Мо дар шаби мубораке онро нозил кардем, мо бимдиҳанда будем) (Духон 3).

Ибни Аббос (р) фармуд: (Яъне: шаби қадр).

6. Дар ин шаб ба миқдори сол амр мешавад

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Дар ин шаб ҳар амри муҳкам, баён мешавад) (Духон 4).

7. Касе, ки аз рӯи имон ва эҳтисоби аҷр, ин шабро ба ибодат сипарӣ кард, гуноҳони гузаштаашт, бахшида мешавад

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Касе, ки аз рӯи имон ва иҳтисоби аҷр, шаби қадр ба ибодат бархезад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

Кадом шаб, лайлатул-қадр аст?

Аллоҳи мутаъол ин шабро махфӣ дошта, дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ки шабҳои 21, 23, 25, 27, 29 мебошад, то мусалмонон барои ибодат саъй ва кӯшиши бештар кунанд,

ба далели фармудаи Наби акрам (с): (Лайлатул-қадрро дар шабҳои тоқи даҳаи охири Рамазон ҷустуҷӯ кунед) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Амалҳои мустаҳаб дар шаби қадр

1. Эътикоф:

Дар тамоми даҳаи охир буда ва танҳо хоси шаби қадр нест.

Аз модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) дар даҳаи охири Рамазон ба Эътикоф менишастанд) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

2. Шабзиндадории он аз рӯи имон ва эҳтисоби аҷр:

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Касе, ки аз рӯи имон ва эҳтисоби аҷр, шаби қадро ба ибодат гузаронад, гуноҳони гузаштааш, бахшида мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

3. Дуо кардан:

Аз модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р) ривоя шуда, ки фармуд: (Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! агар лайлатул-қадрро дарёфтам, кадом дуо бикунам? Фармуданд: бигӯ: Эй бори Худоё! Ту афвкунанда ва карим ҳастӣ, ки афвро дӯст медорӣ, пас маро мавриди афви худ, қарор деҳ) [Ба ривояти Тирмизӣ].

Аломатҳои шаби қадр

1. Шабест на гарм ва на сард ва равшан

Аз Ҷобир бин Абдуллоҳ (р) ривоят шуда, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Ба ман лайлатул-қадр нишон дода шуд, пас аз он фаромӯш кардам ва он дар шабҳои даҳаи охир, дар шабест, ки на гарм асту на сард [Агар дар он гармӣ ва сардӣ, осебрасон набошад] ва шаби равшан [Тобон] мебошад) [Ба ривояти Ибни Хузайма].

2. Офтоб дар субҳи он сафед буда, бидуни шуъо мебошад

Убай бин Каъб (р)- ҳангоме, ки аз аломатҳояш пурсида шуд, фармуд: (Ҳамон аломатеро, ки Расули Аллоҳ (с) ба мо хабар додаанд, ин, ки офтоб дар он рӯз бидуни шуъо тулуъ мекунад)Ва дар ривояти Муслим: (Сафедаст бидуни шуъо) [Ба ривояти Тирмизӣ].



Tags: