Фазилати рӯза ва ҳукми он

2673

Таърифи рӯза

Рӯза дар луғат

Гирифтан ва имтиноъ аз чизе.

Рӯза дар шариат

Парастиши Аллоҳи мутаъол бо имтиноъ аз хурдану нушидан ва ҳамбистарӣ бо ҳамсар, аз тулуъи бомдод то ғуруби офтоб.

Фазилати рӯза

Рӯза дорои фазилати бузургест ва подоши бисёр музоъаф дорад. Аллоҳи мутаъол ба бузургӣ ва шарофати рӯза, афзудааст.

Дар ҳадиси қудсӣ, ки аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, мефармояд, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Ҳар амали амали фарзанди Одам чанд баробар аст, як ҳасана ба даҳчанд то ҳафсад подош дорад, Аллоҳи азза ва ҷалла фармуд: магар рӯза, ки барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам, ба хотири ман шаҳват ва таъомро тарк мекунад, барои рӯзадор ду хӯшист, хушӣ дар ҳангоми ифтор ва хушӣ дар ҳангоми дидори Парвардигораш, бӯи даҳани [Тағйири бӯи даҳон] вай назди Аллоҳ , аз бӯи мушк, хуштар аст) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ҳикмати машрӯъияти рӯза

1. Парҳезгории Аллоҳи мутаъол дар пазириши амр ва шариати ӯ, таҳқиқ меёбад. Аллоҳи мутаъол мефармояд: (То шумо парҳезгор шавед) (Бақара 183).

2. Нафси инсонро бар сабру бурдборӣ, одат медиҳад ва низ иродаро дар ғалаба бар шаҳватҳо, тақвият медиҳад.

3. Инсонро бар накукорӣ ва шафқат барои ниёзмандон ва мустмандон, одат медиҳад, зеро ҳангоми гуруснагӣ мекушад, қалб ва эҳсосаш дар баробари бародарони ниёзмандаш, нарм мешавад.

4. Дар рӯзадорӣ бадан роҳат мешавад ва тандурустӣ низ таҳқиқ меёбад.

Ҳукми рӯза

Рӯзае, ки Аллоҳи мутаъол машруъ гардонида, ба ин бахшҳо тақсим мешавад:

1. Рӯзаи воҷиб

Ба ду навъ аст:

Якум: Рӯзае, ки Аллоҳи мутаъол дар ибтидо бар банда воҷиб гардонида, ки он рӯзаи Рамазон аст ва рукне аз аркони Ислом мебошад.

Дуввум: Рӯзае, ки банда худ сабаби вуҷубаш мебошад, монанди рӯзаи назрӣ ва рӯзаи каффоратҳо.

2. Рӯзаи мустаҳаб

Ҳар рӯзае, ки шариат феъли онро мустаҳаб гардонидааст, монанди рӯзаи душанбе ва панҷшанбе ва рӯзаи се рӯз дар моҳ ва рӯзаи рӯзи Ошӯро ва рӯзаи даҳи аввали Зулҳиҷҷа ва рӯзаи Арафа.

Шартҳои вуҷуби рӯза

1. Ислом: пас бар кофир воҷиб нест.

2. Булуғ: пас бар кӯдак воҷиб нест, вале агар тавони рӯза гирифтанро дошта бошад, барояш амр мешавад, рӯза бигирад, то барояш одат шавад.

3. Ақл: бар девона воҷиб нест.

4. Тавонои: бар касе, ки нотавон бошад, воҷиб нест

Рӯзаи Рамазон

Рӯзаи Рамазон, рукне аз аркони Ислом аст ва фаризаест, ки Аллоҳи мутаъол бар бандагонаш фарз гардонидааст.

Аллоҳи мутаъол мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо фарз шуда, чунон чӣ бар касоне пеш аз шумо низ фарз шуда буд, то бошад, ки парҳезгор шавед). (Бақара 183).

Ва Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Ислом бар панҷ чиз бино шуда..) [Ба ривояти Бухорӣ] ва аз ҷумла: (рӯзаи Рамазон) ро зикр кардаанд.

Аз фазилатҳои рӯза

1. Рӯза ва шабзиндадории Рамазон, ки аз имон ва эҳтисоби аҷр бошад, гуноҳони қаблиашро нобуд мекунад.

Расули акарм (с) фармуданд: (Касе, ки ба хотири имон [ Тасдиқкунанда ба савоби он] ва эҳтисоби [Мухлисона ва барои талаби ваҷҳи Аллоҳи мутаъол] аҷр, Рамазонро рӯза гирифт, гуноҳони гузаштаи вай, бахшида мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Ва низ фармуданд: (Касе, ки ба хотири имон ва эҳтисоби аҷр, қиёми Рамазонро анҷом дод, гуноҳони гузаштаи вай мағфират мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

2. Дар он шаби қадр мебошад, ки Аллоҳи мутаъол дар мавридаш фармудааст: (Шаби қадр беҳтар аз ҳазор моҳ) (Қадр 3).

Касе, ки шаби қадрро аз рӯи имон ва эҳтисоби аҷр ба ибодат сипарӣ намуд, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад.

Расули Аллоҳ мефармояд: (Касе, ки шаби қадрро аз рӯи имон ва эҳтисоби аҷр ба ибодат сипарӣ намуд, гуноҳони гузаштаи ӯ бахшида мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

3. Адои Умра дар Рамазон барои Ҳаҷҷест бо Набии акрам (с).

Набии акрам (с) фармуданд: (Адои Умра дар Рамазон, баробари Ҳаҷҷест бо ман) [Ба ривояти Муслим].

4. Дар моҳи рамазон, дарҳои биҳишт боз шуда ва дарҳои дузах баста мешавад ва шайтонҳо дар ғул ва занҷир баста мешаванд, нафсҳо барои корҳои хайр рӯ меоваранд.

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Ҳаргоҳ Рамазон дохил шавад, дарҳои осмон гушуда шаванд ва дарҳои ҷаҳаннам баста шаванд ва шаётин ба занҷирҳо баста гарданд) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

5. Моҳи Рамазон, моҳи Қуръон аст, зеро ки дар ин моҳ нозил шуда, пас шоистагии онро дорад, ки тиловат дар он бисёр шавад.

Аллоҳи мутаъол мефармояд: (Рамазон моҳест, ки дар он Қуръон нозил шуда, ҳидоят аст барои мардум ва нишонаҳои возеҳест аз ҳидоят ва фурқон миёни ҳаққу ботил) (Бақара 185).

6. Моҳи Рамазон, моҳи караму сарфи амвол дар корҳои хайрия ва садақа додан аст.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) саховатмандтарини мардум дар хайр буданд ва дар Рамазон замоне, ки Ҷибрил (а) ба дидори эшон меомад, беш аз ҳар вақт саховатманд мебуданд. Ҷибрил (а) дар ҳар сол дар Рамазон то поёни моҳ бо эшон дидор менамуд ва Қуръонро барояш арза мекард, пас Расули Аллоҳ (с) дар ҳангоми дидор бо Ҷибрил (а) аз вазиши бод ҳам саховатмандтар буданд) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Духули Рамазон чӣ гуна собит мешавад?

Духули моҳи Рамазон бо дидани ҳилол собит мешавад.

Агар пас аз ғуруби офтоби рӯзи бистунуҳуми Шаъбон, ҳилол дида шуд, бидуни тардид моҳи Рамазон дохил шудааст, аммо агар баъд аз ғуруби офтоби шаби сиюми Шаъбон, ҳилол дида нашуд ва ё ғубор ва абру дӯд,

монеъи дидани ҳилол гардид, моҳи Шаъбон сӣ рӯз комил ҳисоб мешавад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Бо дидани ҳилол рӯза бигиред ва бо диданаш, ифтор кунед, агар ҳаво абрӣ шуд, моҳро сӣ рӯз ҳисоб кунед) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Ифтор дар Рамазон

Рӯза хурдан дар Рамазон ҳаром буда ва аз гуноҳони кабира ба шумор меравад.

Агар касе бидуни узр як рӯзи онро бихурад, агар тавба накунад, рӯзаи умр барояш кифоят намекунад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Касе, ки як рӯзи Рамазонро бидуни узре, ки Аллоҳи мутаъол ифторро дар он муҷоз дониста, бихурад, рӯзаи даҳр, қазои онро кифоят намекунад) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Ва ҷазои рӯзахурӣ бисёр сангин аст.

Аз Абӯумомаи Боҳилӣ (р) ривоят аст, ки фармуд: (Аз Расули Аллоҳ (с) шунидам, ки мефармуд: ман дар хоб будам, ки ду марде омаданд ва маро бо худ бурданд. Ногаҳон қавмеро дидам, ки аз рагҳои пойҳояшон, овехта буданд, гушаҳои даҳонашон пора буд ва аз онҳо хун мечакид, фармуданд, ки пурсидам: инҳо, чӣ касоне ҳастанд? Гуфт: инҳо касоне ҳастанд, ки пеш аз поёни рӯзаашон, ифтор мекунанд) [Ба ривояти Ибни Ҳиббон].



Tags: