Ситраи намозгузор

2537

Таърифи ситраи намозгузор

Ситраи намозгузор

Чизе, ки намозгузор, миёни худ ва миёни касе, ки аз пеши рӯяш мегузарад, мегузорад.

Машрӯъияти ситраи намозгузор

Ситра гузоштан дар сафар ва иқомат ва дар намози фарзӣ ва нафлӣ, дар масҷиду ғайри масҷид, машруъият дорад, зеро аз Набии акрам (с) собит аст, ки фармуданд: «Яке аз шумо агар намоз мехонад, бояд ба сӯи ситра намоз бигзорад ва худро ба он наздик кунад» [Ба ривояти Абӯдовуд].

Ва аз Ваҳб (р) ривоят аст, ки гуфт: «Набии акрам (с) дар Мино ба мо имомат карданд, чубдасти кӯтоҳеро дар пеши рӯяшон ба замин кӯбиданд, сипас бо мо ду ракаъат намоз адо карданд» [Ба ривояти Аҳмад].

Ҳукми ситраи намозгузор

Ситра гирифтан суннати машрӯъ аст. Набии акрам (с) барои гузоштани ситра барои имом ва намозгузори танҳо амр ва ташвиқ низ кардааст.

Бинобарин лозим аст, ки ҳар мусалмон дар вақти намоз дар пеши рӯяш ситра бигзорад ва аз гузаштани миёни худ ва ситрааш ҷилавгирӣ кунад,

ба далели фармудаи он ҳазрат (с) «Бидуни ситра намоз махон ва касеро магзор аз пеши рӯят убур кунад, агар қабул накард, бо вай ба қитол бипардоз» [Ба ривояти Ибни Хузайма].

Амр дар ин ҷо ба маънои мустаҳаб будан аст бо иҷмоъи фуқаҳо. (Др. Ваҳба Зуҳайлӣ, Ал-фиқҳул-исломӣ ва адилатуҳу ҷ. 1, с.752)

Ҳикмати ситраи намозгузор

Машрӯъияти ситраи намозгузор ҳикматҳои мутаъаддиде дорад, ки аз он ҷумла нукоти зер мебошад:

1. Ҷилавгирӣ аз убур пеши рӯи намозгузор, ки монеъи хушӯъи вай дар намоз мешавад.

2. Мунҳасир кардани тафаккури намозгузор дар ҳангоми адои намоз ва ҷилавгирӣ аз машғулият ба тафаккури беҷо.

3. Ҷилавгирӣ аз инқитоъи намоз, ки бо гузаштани зан ва ё сагу хар воқеъ мешавад, бино ба ҳадиси Абӯзар, ки гуфт:

Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо бархост, то намоз бигзорад, агар чизе монанди зин ва ё полон дар пеши рӯяш буд, онро ситра бигардонад, агар чунин чизе дар баробараш набуд, гузаштани дарозгӯш, зан ва саги сиёҳ сабаби инқитоъи намозаш мешавад. Гуфтам: Эй Абӯзар! Саги сиёҳ аз саги сурху зард чӣ тафовуте дорад? Гуфт: эй бародарзода! Аз Расули Аллоҳ (с) пурсидам, монанди он чӣ мепурсӣ, фармуданд: «Саги сиёҳ шайтон мебошад» [Ба ривояти Муслим].

Имом Нававӣ гуфтааст, ки мурод аз қатъи намоз дар ин ҷо қатъи хушуъ ва зикр аст, зеро ки илтифот ба онҳо зеҳнашро машғул месозад, на ин, ки намозаш фосид мешавад. (Ал-маҷмӯъ 3/233)

Аз аҳкоми ситраи намозгузор

1. Ситраи намозгузор барои имом ва ё танҳогузор мебошад, аммо барои муқтадӣ ситраи имом кифоят мекунад.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: «Савор бар хари модае омадам؟ Дар он вақт ба балоғат расида будам ва Расули Аллоҳ (с) бо мардум дар Мино намоз мехонданд, аз пеши рӯи сафи намозгузорон убур кардам, аз хар фаромада онро раҳо кардам то бичарад ва дохили саф шудам, касе бар ман ин корро нописанд надонист» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

2. Убур аз пеши рӯи намозгузор дуруст нест, балки аз гуноҳони кабира ба шумор меравад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Агар убуркунанда аз пеши намозгузор бидонад, ки бар вай чӣ чизест, агар чиҳил 000 биистад, барояш беҳтар аст, аз ин, ки аз пеши намозгузор убур кунад». Абӯназр гуфт: намедонам, ки чиҳил рӯз ва ё чиҳил моҳ ва ё сол гуфт?» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Магар ин, ки убур аз ақиби ситра бошад ва ҳар гоҳ ситра набошад, бояд убур дур аз намозгузор ва аз ақиби мавзеъи саҷдаи вай бошад.

3. Намозгузор бояд убуркунандаро манъ кунад. Аз Абӯсаъиди Хузрӣ (р) ривоят шуда, ки гуфт: аз Набии акрам (с) шунидам, ки мегуфт: «Агар яке аз шумо намоз мегузорад ва ситрае аз мардум низ гузошта бошад, ҳаргоҳ касе бихоҳад, ки аз пеши намоз бигзарад, бояд ӯро ба ақиб бизанад, агар қабул накард, бо вай ба ҷанг бипардозад, зеро, ки вай шайтон мебошад» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим] .

4. Гурӯҳе аз аҳли илм Масҷиди Ҳаромро аз ин ин амр мустасно медонанд.

Убур аз пеши намозгузорро муҷоз медонанд, назар ба умуми далелҳои рафъи ҳараҷ, зеро манъи убур аз пеши намозгузор дар Масҷиди Ҳаром ғолибан, сабаби машақат ва ҳараҷ аст.

5. Агар ба сӯи девор ва сутуне аз сутунҳои масҷид ва ё алморӣ (шкаф) ва ё чизе монанди асо дар пеши рӯи намозгузор бошад, ситра ҳисоб мешавад.

6. Фосила миёни намозгузор ва ситра ба андозае бошад, ки гӯсфанде аз он убур карда битавонад, ба далели ҳадиси Саҳл (р), ки гуфт: «Фосила миёни мусалллои Расули Аллоҳ (с) ба андозаи гузаргоҳи гӯсфанде буд» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим] .

Убури зан намозро қатъ мекунад.

Дар ҳадиси гузашта (қатъи намоз...) ташбеҳ ба хару саги сиёҳ намебошад, балки ин се дар ростои қатъи намоз, дорои асбоб ва иллали мушобеҳе ҳастанд, ба ин маъно, ки саги сиёҳ будан иллати қатъи намоз аст, лузуман дар зану хар низ ҳамон иллат сабаби қатъи намоз намебошад.

Аз ин, ки саги сиёҳ дар ҳадис шайтон хонда шуда, ба ҳамин гуна, зану хар низ шайтон бошад, чунин нест, балки ҳар се дар ростои як ҳукм бо иллатҳо ва сабабҳои мухталиф ворид шудаанд.

Ҳар чанд иллати саг мансус алайҳо буда, на мутабоқии онҳо. Ин худ далолат бар он мекунад, ки аз дигарон мутафовит буда, мушобеҳи онҳо намебошад.

Метавон истинбот кард, ки иллати қатъи намоз бо убури зан аз пеши рӯи намозгузор, аз наздики ӯ, боиси он мешавад, ки зеҳну фикри намозгузорро ба худ машғул кунад.

Аз он ҷое, ки убури зан нисбат ба убури мард аз пеши намозгузор барои машғулияти зеҳни вай муассиртар аст.

Бинобарон –валлоҳу аълам- дар шариъат онро сабаб ва иллати қатъи намоз дониста, то аз хушӯъи намозгузор ҳимоят шуда бошад.



Tags: