Садақаи нафлӣ

1915

Таърифи садақаи нафлӣ

Садақаи нафлӣ

Он чӣ, ки барои тақарруб ба Аллоҳ ғайр аз фариза, дода мешавад.

Бо ин таъриф, туҳфа, ҳадия ва монанди онҳо, ки барои муҳаббат ва дӯстӣ дода мешаванд, аз садақаи нафлӣ ҷудо мешаванд ва дар мусаммои садақа, вижаи баъзе аҳком дар шариат дохил намешаванд.

Ҳукми садақаи нафлӣ

Садақаи нафлӣ дар ҳама авқот, мустаҳаб аст ва ба хусус дар ҳангоми ниёз. Дар китоби Аллоҳ ва суннати Расули Аллоҳ (с) бар он ташвиқ шудааст, ки аз ҷумла:

1. Фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Чӣ касе ба Аллоҳ қарзи ҳасана медиҳад, то онро барояш чандин баробар бисёр зиёд бигардонад) (Бақара 245).

2. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Касе, ки ба миқдори хурмое аз касби пок- ки Аллоҳ таъоло ҷуз покро намепазирад- садақа бидиҳад, Аллоҳи мутаъол онро ба дасти рости худ мепазирад ва сипас онро барои соҳибаш парвариш медиҳад, ҳамон тавре, ки яке аз шумо караи аспашро мепарваронад, то ин, ки куҳе бишавад) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

3. Набии акрам (с) касеро, ки пинҳонӣ садақа медиҳад, дар ҷумлаи ҳафт касе шумурда, ки Аллоҳи мутаъол дар сояи худ дар рӯзе,

ки сояе ҷуз сояи ӯ нест, қарор медиҳад, (ва марде, ки садақа медиҳад пинҳон, тавре, ки дасти чапаш аз он чӣ дасти росташ инфоқ карда, намедонад) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

4. Аз Каъб бин Аҷра (р) ривоят шуда, ки Набии акрам (с) фардудаанд: (Садақа иштибоҳро чунон хомӯш мекунад, ки об оташро хомӯш месозад) [Ба ривояти Тирмизӣ].

Одоби садақаи нафлӣ

1. Одоби воҷиб

Якум: Ихлос барои Аллоҳи мутаъол. Ғаразаш аз додани закот, хос барои Аллоҳ бошад, на барои риёкорӣ ва худнамои.

Дуввум: Аз миннат кардан ва озор расонидан, парҳез кунад, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Эй касоне, ки имон овардаед! Садақаҳоятонро бо миннат кардан ва озор расонидан, ботил макунед). (Бақара 264).

2. Одоби мустаҳаб

Аввал: Мустаҳаб аст, барои мусалмон, ки барои хешовандони ниёзманди худ, ки нафақаи онҳо бар вай лозим нест, садақа бидиҳад, монанди амак ва тағо ва зан ба шавҳари фақираш ва монанди инҳо.

Ин садақа беҳтар аст аз садақа додан ба дигарон. Аллоҳи мутаъол мефармояд: (Ятими хешовандон) (Балад 15).

Ва дар ҳадиси шариф омадааст: (Садақа бар мискин садақа аст ва садақа бар хешовандон ду чиз аст, яке садақа аст ва дуввум иртиботи хешовандист) [Ба ривояти Насои].

Дуввум: Бояд, ки аз моли ҳалол, хуб ва дӯстдоштании худро баргузинад.

Алллоҳ мутаъол мефармояд: (Ҳаргиз ба некӯи ноил намешавед, то аз он чӣ дӯст медоред, инфоқ кунед). (Оли Имрон 92).

Саввум: Пинҳон додани садақа, зеро ки ин шева ба ихлос наздиктар ва аз риёкорӣ ва худнамои дуртар аст ва ҳамчунин ба муаззаз доштани фақир низ қарибтар мебошад.

Аллоҳи мутаъол мефармояд: (Агар садақотро ошкор бисозед, хуб аст ва агар ба таври пинҳонӣ ба фуқаро бидиҳед, барои шумо беҳтар аст) (Бақара 271).

Агар дар зоҳир кардани садақа маслиҳате бошад, монанди ин, ки дигарон аз вай дар инфоқ пайравӣ кунанд ва низ ташвиқи ҳозирин бошад, зоҳир карданаш, мустаҳаб аст, вале мусалмон бояд, ба нияти худ мутаваҷҷеҳ бошад.

Чаҳорум: Садақа додан ба он чӣ, ки барояш муяссар аст, агар чӣ кам бошад, Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Аз оташ бипарҳезед, агар чӣ ба ними хурмо бошад) [Ба ривояти Бухорӣ].

Фовоиди садақаи нафлӣ

Якум: Фавоиде, ки барои фард бармегардад

1. Поксозии нафс аст. Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Аз молҳояшон садақа бигир, онҳоро пок бисоз ва тазкия бикун бо он) (Тавба 103) .

2. Пайравӣ аз пешвои мо, Муҳаммад (с) аст, зеро ки саховатмандӣ ва карам аз ахлоқи он ҳазрат буд ва ҳамеша бахшиш мекарданд ва аз фақр наметарсиданд ва ба Билол (р) мефармуданд: (Эй Билол! Инфоқ кун ва бими кам кардани [Аз рӯи фақр] аз соҳиби Арш мадор) [Ба ривояти Баззор].

3. Аллоҳи мутаъол ивази он чиро инфоқ карда, барояш медиҳад ва нафси соҳибаш баланд мешавад.

Аллоҳ дар ин маврид мефармояд: (Ва он чиро инфоқ кардед, ивазашро медиҳам ва ӯ беҳтар рӯзидиҳанда аст). (Саба 39).

4. Поксозии мол аз иштибоҳоти хариду фурухт аст.

Аз Қайс бин Абӯ Ғарза (р) ривоят шуда, ки фармуд: Дар замони Расули Аллоҳ (с) ба мо Самосара мегӯфтанд,

Расули Аллоҳ (с) аз назди мо гузаштанд ва мо ба ба номи беҳтар аз онро намогузорӣ карданд ва фармуданд: (Эй гуруҳи тоҷирон! Хариду фуруш, суханони беҳуда гуфтан ва қасам ёд кардан дорад, пас онро бо садақа додан, биёмезед [ба маънои халт ва омезиш, барои каффораи он чӣ аз дуруғ ва ғайра дар миёни онҳо мегузарад, амр фармуданд]) [Ба ривояти Абӯдовуд].

5. Ба даст овардани ҳасанот ва каффораи гуноҳонаст, ба далели фармудаи Расули Аллоҳ (с): (Касе, ки ба миқдори хурмое аз касби пок- ки Аллоҳ ҷуз покро намепазирад- садақа бидиҳад, Аллоҳи мутаъол онро ба дасти рости худ мепазирад ва сипас онро барои соҳибаш парвариш медиҳад, ҳамон тавре, ки яке аз шумо курраи аспашро мепарваронад, то ин, ки монанди куҳе бишавад) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

6. Мусалмон аз садақаи ҷорияаш, пас аз марг низ нафъ мебарад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Замоне, ки инсон бимирад, амалаш мунқатеъ мешавад, магар аз се чиз, садақаи ҷория, ё амале, ки аз он истифода кунанд, ё фарзанди солеҳе, ки барояш дуо кунад) [Ба ривояти Муслим].

Дуввум: Фавоиде, ки барои ҷомеа бармегардад

1. Садақа рисолати закот дар мавриди ҷомеаро итмом мебахшад.

2. Боиси такофул ва ҳамкорӣ ва суботу густариши муҳаббат дар ҷомеаи мусалмон мешавад.



Tags: