Барои бемор рӯза хурдан дар Рамазон мубоҳ аст, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Агар касе аз шумо бемор ва ё мусофир буд, бояд дар рӯзҳои дигар қазои онро бишуморад) (Бақара 184).
- Беморие, ки рухсати рӯза хурданд барои бемор дар он вуҷуд дорад, ҳамонаст, ки рӯза гирифтан бо он барои бемор машақатбор бувад ва ё рӯза барои мариз мусаббаби зараре барояш мегардад
- Рӯза хурдани бемор:
Агар бемор рӯза хурд- дар беморие, ки умеди беҳбудӣ вуҷуд дошт- бар вай қазои рӯзҳоеро, ки ифтор карда, баъд аз шифоёбӣ аз беморияш, воҷиб аст,
ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Агар касе аз шумо бемор ва ё мусофир буд, бояд аз рӯзҳои дигар қазои онро бишуморад) (Бақара 184).
Агар беморе аз он ҷумла буд, ки умеди беҳбудии он намерафт- тавре, ки аз бемориҳои доимӣ бувад ва ё бемор солманде бувад,
ки тавони рӯза гирифтани паиҳамро надошт- барои мискине рӯзе ним соъ [Ва миқдори соъ: чаҳор кафи дасти марди мутавассит мебошад] (паймона) биринҷ ва ё монанди он, ки аз хурокаи ҳамон сарзамин бошад, садақа бидиҳад.
Барои мусофир рӯза хурдан дар Рамазон, мубоҳ аст ва бар вай қазои он воҷиб аст, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Агар касе аз шумо бемор ва ё мусофир бувад, бояд аз рӯзҳои дигар, қазои онро бишуморад) (Бақара 184)
Сафаре, ки рӯза хурданро мубоҳ мекунад, ҳамон сафарест, ки дар он намоз низ қаср хонда мешавад, ки дар урфу одат барояш сафар гуфта мешавад, ба шарте,
ки сафари мубоҳ бошад, на сафаре, ки барои маъсият буда ва ё сафаре, ки ғарази он ҳила барои рӯза хурдан бошад. Дар чунин сафаре иҷозаи рӯза хурданро надорад.
Ва агар мусофир рӯза гирифт, рӯзааш дуруст буда, аз Рамазон ҳисоб мешавад, ба далели ҳадиси Анас бин Молик (р), ки фармуд: (Бо Набии акрам (с) сафар кардем, рӯзадори мо ба рӯзахур ва ё рӯзахури мо ба рӯзадори мо, эътирозе надошт). [Ба ривояти Бухорӣ].
Агар бар мусофир рӯза сахт бувад ва ё бар вай зарар бувад, рӯза хурдан барояш беҳтар аст, зеро ки Набии акрам (с) мардеро диданд, ки аз гармӣ бар вай соя карда ва мардум дар атрофаш ҷамъ шуда буданд,
он ҳазрат (с) фармуданд: (Рӯза доштан дар сафар аз некӯи намебошад) [Ба ривояти Бухорӣ].
Зани бордор ва ё зани ширдеҳ, агар бими он меравад, ки рӯза доштани ӯ барои худаш, осеб мерасонад, рӯза мехурад ва монанди бемор, қазои онро ба ҷо меорад,
ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Аллоҳи мутаъол аз мусофир рӯза ва бархе аз намозро афв карда ва ҳамчунин аз зани бордор ва зани ширдеҳ, рӯзаро афв намудааст) [Ба ривояти Тирмизӣ]
ва агар зани бордор ва ё зани ширдеҳ бар худ аз рӯза доштан биме надошт, вале нисбат ба ҳамлу кӯдаки ширхораш бими осебрасе ба он дошт,
рӯзаашро мехурад ва қазои онро рӯза медорад ва аз ҳар рӯзе, ки ифтор карда, барои мискине таом медиҳад,
ба далели фармудаи Ибни Аббос (р): (Ва зани ширдеҳ ва бордор агар бар кӯдакашон бими осеб аз рӯзаро доштанд, ифтор намуданд, ба мискин таом медиҳанд) [Ба ривояти Абӯдовуд]
Зане, ки дар Рамазон ҳайз дид ва ё таваллуд кард, рӯзаашро бояд бихурад ва рӯза доштан бар вай ҳаром аст,
агар рӯза гирифт дуруст нест ва бар вай қазои рӯзҳои ифторшуда, воҷиб мебошад, ба далели ин, ки модари мӯминон,
Ойиша (р) замоне, ки аз зани ҳоиз рӯзаро, на намозро пурсида шуд, чунин фармуд: (Ҳангоме, ки ба он мубтало мешудем, ба қазои рӯза амр мешудем, на ба қазои намоз) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].