Покӣ ва обҳо

2740

Таърифи покӣ

Покӣ дар луғат

Покӣ ва покизагӣ аз палидиҳо

Покӣ дар шариъат

Аз миён бардоштани бетаҳоратӣ ва дур кардани наҷосатҳо

Анвоъи покӣ ва таҳорат

1. Покии маънавӣ

Покии қалб аз ширку гуноҳ ва ҳар он чӣ, ки онро бипӯшонад. Бо мавҷудияти палидии ширк дар қалб

ҳаргиз имкони покӣ вуҷуд надорад, чуноне, ки Аллоҳ мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед! Мушрикин наҷас ҳастанд, баъд аз ҳамин сол ба Масҷиди ҳаром наздик нашаванд, агар аз мустамандӣ бим доред, ба зӯдӣ Аллоҳ агар бихоҳад, шуморо аз фазлаш ғанӣ мегардонад, Аллоҳ доно ва ҳаким аст” (Тавба 28)

Расули Аллоҳ мефармояд: “Мӯмин палид намешавад” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

2. Покии ҳиссӣ

Иборат аст аз покии ҷисм аз авориз (чизҳои хориҷе, ки ба ҷисм мечаспад) ва палидиҳо, ки ба ду бахш тақсим мешавад:

1. Покӣ аз авориз ва ҳадасҳо

Ва ҳадас: он чӣ, ки ба ҷисм мечаспад ва мусалмонро аз ибодатҳое, ки дар он таҳорат ва покӣ шарт аст, манъ мекунад, монанди намоз ва тавофи Каъба ва монанди он.

Ҳадас ба ду навъ тақсим мегардад:

- Ҳадаси асғар (кӯчак) :

Он чӣ, ки вузӯро воҷиб мегардонад, монанди идрор (пешоб) ва ғоит ва соири шиканандаҳои вузӯ, ки барои покӣ аз он, вузӯ кардан лозим аст.

Аллоҳи мутаъол мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки барои адои намоз бархезед, рӯйҳои худро бо дастонатон то оринҷҳояш бишӯед ва сарҳои худро масҳ бикашед ва пойҳоятонро то буҷилакҳо, бишӯед”. (Моида 6)

- Ҳадаси акбар (бузург) :

Он чӣ, ки ғуслро воҷиб мегардонад, монанди, ҷанобат шудан, ва қоидагии (одати моҳона) занон ва ғайра

ки покӣ аз онҳо, ғусл карданро воҷиб мегардонад. Аллоҳи мутаъол мефармояд: “Агар ҷунуб шудед, худро хуб пок кунед”. (Моида 6)

Ҳадас аз адои намоз мамониъат мекунад.
Вузӯ: Покӣ аз ҳадаси асғар аст
Покии бадан

2. Покӣ аз палидиҳо

Ва аз байн бурдани палидиҳо воҷиб аст. Аллоҳи мутаъол мефармояд: “Ва либосатро пок кун”. (Муддасир 4).

Ва Паёмбар (с) мефармояд: “Бештарини азоби қабр аз бавл (пешоб) аст” [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ].

Ва низ фармуданд: “Ҳангоме, ки яке аз шумо ба масҷид меравад, агар дар кафшҳояшон наҷосатеро бинад, бояд бо молидан бар замин, покаш созад ва сипас намоз бигзорад” [Ба ривояти Абӯдовуд].

Покии макон
Покии бадан
Покии либос

Анвоъи обҳо

Аввал: Оби пок

Обест, ки вуқуъи наҷосат дар он, ранг, мазза ва ё бӯйи онро, тағйир надодааст, монанди:

1. Оби мутлақ

Обест, ки бар авсофи халқшудааш, боқӣ монда бошад, хоҳ оби осмон бошад, монанди борон ва барфу жола ва ё дар замин буда ва ҷорӣ бошад

монади оби баҳрҳо ва дарёҳову рӯдхонаҳо ва оби борону чоҳҳо. Аллоҳи мутаъол мефармояд: “Аз осмон оби пок фуруд овардаем”. (Фурқон 48)

Аллоҳи мутаъол мефармояд: “Аз осмон барои шумо обе фуруд меоварем, то шуморо ба он пок созем”.

Набии акрам (с) дар дуояш фармуданд: “Эй бори Худоё! Маро аз иштибоҳотам бо барфу обу жола, шустушӯ намо” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ва дар мавриди оби баҳрҳо ва дарёҳо фармуданд: “Обаш пок, худмурдааш ҳалол аст” [Ба ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд].

Чоҳҳо
Борон
Рӯдхонаҳо
Дарёҳо

2. Оби истеъмолшуда

Обе, ки аз аъзои бадани вузӯкунанда ва ё ғуслкунанда, мерезад, боке надорад, ки барои покӣ истеъмол шавад, зеро аз Ибни Аббос ривоят шуда .

ки фармуданд: “Баъзе аз занони Паёмбар (с) дар зарфи бузурге, ки об дошт, ғусл намуд ва Расул хостанд аз ҳамон об вузӯ кунанд, ҳамсарашон фармуд: Эй Расули Аллоҳ! Ман аз ҷанобат ғусл карда будам. Ҳазрат фармуданд: “Об ҷунуб намешавад” [Ба ривояти Тирмизӣ].

3. Обе, ки чизи пок ба он омехта шавад

Обе, ки чизи пок ба он омехта шавад, монанди барги дарахт ва ё хок ва ё ранги оби анбор, ки таъсире ба об надошта ва аз васфи об буданаш хориҷ накарда бошад.

Ба далели фармудаи Набии акрам (с), ба заноне, ки духтаронашонро кафан мекарданд: “ӯро бо обу сидр се бор ва ё панҷ бор ва ё бештар аз он агар лозим дидед, бишӯед ва дар бори охир кофӯр бигзоред” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ранги оби анбор
Обе, ки хок ба он омехта шуда бошад
Обе, ки барги дарахт ба он омехта шуда бошад
Тағйири об
Агар об дар асари махлут шудани чизе аз васфи об буданаш, хориҷ шавад, монанди омехта шудани чой ва ё шарбат ва ғайра бо об, дар ин ҳолат таҳорат ба он дуруст нест, зеро об номида намешавад.
шурбо
ранг ё мураккаб
шарбат
Чой

4. Обе, ки наҷосат бо он омехта шавад, вале тағйираш надиҳад

Обе, ки бархе аз палидиҳо, монанди пешоб ва ё худмурда ва ғайра дар он афтода, вале яке аз авсофи онро тағйир надода, ин оби пок аст, ба далели фармудаи Набии акрам (с) дар мавриди чоҳи “Бузоъа”, “Об пок аст, чизе онро наҷас намекунад” [Бар ривояти Аҳмад ва Абӯдовуд].

Мақсад онаст, ки мардум баъзе палидиҳоро дар назди чоҳ гузошта буданд, ки борон бархе аз онро ба чоҳ сарозер мекард, ки дар асари бисёрии об, таъсире бар об надошт ва тағйире дар авсофи об, ворид намекард.

Дуввум: Оби наҷас (нопок)

Обе, ки дар он чизе аз наҷосат, монанди пешоб ва ё худмурда, афтода ва яке аз авсофи сегона: бӯй, мазза ва ё ранги обро тағйир диҳад. Ба иҷмоъ ин об наҷас буда ва истеъмолаш ҷоиз нест.

Худмурдае, ки обро тағйир диҳад
Худмурдае, ки тағйире дар об ворид накарда
Масъалаҳо

1- Асл дар об, покист. Ҳар гоҳ обе пайдо шуд, ки покӣ ва наҷосати он, равшан набуд, асл дар он покист, лузуме бар таклиф нест.

2- Бо оби замзам вузӯ кардан ҷоиз аст, зеро аз Набии акрам (с) ривоят аст, ки як далв ё сател оби замзам талаб карданд, аз он нӯшиданд ва низ аз он вузӯ карданд. (Ба ривояти Аҳмад)



Tags: