Намози ҷумъа

8953

Ҳукми намози ҷумъа

Намози ҷумъа фарзи айн аст бар ҳар мусалмони болиғ ва оқиле, ки дар таркаш узре надорад.

Ва бар он далолат мекунад:

1. Фармудаи Худованд: (Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме, ки дар рӯзи ҷумъа барои намоз нидо карда мешавад, ба сӯи зикри Аллоҳ бишитобед ва хариду фурушро тарк кунед) [Ҷумъа 9]

2. Фармудаи он ҳазрат (с): (Ақвоме бояд аз тарки ҷумъаҳо наҳй шаванд ва ё ин, ки Аллоҳ таъоло бар қалбҳояшон муҳр мезанад, ки баъд аз он аз ҷумлаи ғофилон мешаванд). [Ба ривояти Муслим]

Касоне, ки бар онҳо ҷумъа воҷиб нест

Бар зан, кӯдак ва беморе, ки дар рафтан ба намози ҷумъа барояш машақат аст, намози ҷумъа воҷиб нест, вале агар инҳо ба намози ҷумъа бо дигарон ҳозир шуданд, кифояташонро мекунад ва агар ҳозир нашуданд, намози зуҳрро мехонанд.

Мусофир
Кӯдак
Бемор
Зан

Фазилати рӯзи ҷумъа

Рӯзи ҷумъа, беҳтарин рӯзи ҳафта аст, ки Аллоҳи таъоло онро ба ин миллат ихтисос дода, пас аз ин, ки умматҳои дигар аз он гумроҳ шуданд. Дар мавриди ин рӯз аҳодиси зиёде омадааст, ки аз ҷумла:

1. Фармудаи он ҳазрат (с): (Беҳтарин рӯзе, ки хуршед дар он тулӯъ карда, рӯзи ҷумъа аст, ки дар он Одам офарида шуда ва дар ҳамин рӯз ба биҳишт дохил шуда ва низ дар ҳамин рӯз аз он берӯн шудааст). [Ба ривояти Муслим]

2. Аз Абӯҳурайра (р) аз Набии акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: (Касе, ки ғусл карда ба намози ҷумъа омад ва намоз хонд ба қадре, ки тавон дошт, пас аз он ба хатиб гӯш фаро дод, то аз хутбааш фориғ гардид, сипас бо вай намоз хонд, бахшида шуд он чӣ, ки миёни ин ҷумъа, то ҷумъи дигар буд ва ҳамчунин изофа азон се рӯзи дигар). [ Ба ривояти Муслим]

3. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) мефармояд: (Намозҳои панҷгона, ҷумъа то ҷумъа ва Рамазон то Рамазон, ҷубронкунандаанд, агар аз гуноҳони кабира иҷтиноб шуда бошад). [Ба ривояти Муслим]

Шурути сиҳати ҷумъа

1. Вақт: Пеш аз вақт ва баъд аз хуруҷи вақт, монанди намозҳои фарзӣ, саҳеҳ намешавад ва вақти ҷумъа монанди вақти зуҳр аст

2. Дар он ҷамоате ҳузур ёбад: Пас намози ҷумъа барои танҳогузор дуруст нест ва камтарин шумораи ҷамоат, се аст.

3. Ҷогузин будан: Ва он иборат аз муқим будан дар деҳкадае, ки дар хонаҳои сангӣ ва ё ғайр аз он тибқи одат, сохта бошанд,

зиндагӣ кунад ва дар тобистону зимистон аз он кӯч намекунад. Аммо бодиянишинон ва хайманишинони кӯчӣ, намози ҷумъаи эшон дуруст нест ва бар онон воҷиб нест.

4. Бояд пеш аз намоз ду хутба хонда шавад: Ба далели мувозибати Набии акрам (с) бар он.

Намози ҷумъа хондан дар ҷойҳои будубоши бодиянишинон, дуруст нест.
Вақти ҷумъа
Ба ҷамоат хонда мешавад

Васфи намози ҷумъа

Намози ҷумъа ду ракаъат буда, ки дар он қироати ҷаҳрия аст ва суннат онаст, ки дар ракаъати аввал аз баъд аз сураи Фотиҳа, сураи Ҷумъа ва дар ракаъати дуввум баъд аз Фотиҳа,

сураи Мунофиқунро бихонад ва ё ин, ки дар ракаъати аввал сураи Аъло ва дар дуввум сураи Ғошияро бихонад. [Ба ривояти Муслим]

Хутбаҳо

Ҳукми хутбаҳо

Хутбаҳо воҷиб мебошанд ва он ду шарти сиҳати ҷумъа мебошанд ва агар аксари ҳузур касоне бошанд, ки забони Арабиро медонанд, ба хотири таваҷҷуҳ ба омӯзиш Арабӣ,

хутба низ ба Арабӣ хонда мешавад ва низ аз шеваи Набии акрам (с) мухолифат намешавад ва агар бештари ҳузур касоне буданд, ки ба забони Арабӣ ошно надоранд, боке надорад, ки хутбаҳо ба соири забонҳо хонда шавад,

зеро асоси хутба омӯзиш ва раҳнамои буда, на муҷарради хондани хутба, бо риояти баъзе матнҳои Арабӣ, монанди зикри оёти Қуръонӣ ва Аҳодиси набавӣ ба забони Арабӣ, то ин, ки вуҷуби хутба ба забони Арабӣ дар назди баъзе уламо, ки ба он гуфтаанд, соқит гардад.

Такмилкунандаҳои хутба

Хутбаи ҷумъа дорои аркон нест, балки ҳар он чӣ дар урф ба он хутба гуфта мешавад, дуруст аст, вале барои камоли хутба бояд хатиб нукоти зерро тазаккур диҳад:

1. Ҳамду сипоси Аллоҳи мутаъол.

2. Калимаҳои шаҳодат.

3. Фиристодани дуруд бар Расули Аллоҳ (с).

4. Тавсия ба тақво ва парҳезгории Худованд.

5. Қироати баъзе оёти Қуръон.

6. Мавъиза гуфтан.

Мустаҳаботи хутбаҳо

1. Хутба бояд аз болои минбар бошад.

2. Хатиб ҳангоми боло рафтан ба минбар, ба мардум салом бигӯяд.

3. Миёни ду хутба бо нишастани андак, ҷӯдои эҷод кунад.

4. Кӯтоҳ бошанд.

5. Дар онҳо дуое низ бикунад.

Он чӣ дар намози ҷумъа аз он наҳй шудааст

1. Дар ҳангоми хутбаи имом дар рӯзи ҷумъа сухан кардан ҳаром аст, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Агар дар ҳангоми хутбаи имом дар рӯзи ҷумъа ба дӯстат гуфтӣ, ки (хомӯш бош), бидуни шак, беҳуда гуфтӣ) . [Ба ривоят Бухорӣ]

2. Миёни шонаҳои мардум роҳ рафтан макруҳ аст, магар ин, ки имом бошад ва ё ин, ки ҷойхолӣ буда, ба ҷуз ин кор роҳе барои расидан ба он набошад.

Дар ёфтани ҷумъа

Мусалмон бояд зудҳангом барои намози ҷумъа омода шавад, агар аз намоз таъхир кард ва рукуъро бо имом дар ракаъати дуввум дарёфт, намози ҷумъаро такмил мекунад ва агар ба ракаъати дуввуми намози ҷумъа нарасид,

пас намози зуҳро мехонад ва монанди онаст, касе, ки намози ҷумъа аз вай ба сабаби хобидан ва ё ғайр аз он гузашт, бояд ки намоз зуҳрро –чаҳор ракаъат- бохонад.

Он чӣ дар рӯзи ҷумъа мустаҳаб аст

1. Қироати сураи Каҳф дар рӯзи ҷумъа, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Касе, ки сураи Каҳфро дар рӯзи ҷумъа бихонад, дар миёни ду ҷумъа барояш нуре равшан мекунад). [Ба ривояти Ҳоким]

2. Бар Набии акрам (с) дуруди бисёр фиристодан. Аз Абӯмасъуди Ансорӣ (р) аз Набии акрам (с) ривоят шуда, ки фармуданд: (Дар рӯзи ҷумъа дуруд бар ман бештар гӯед, зеро ҳар, ки дар рӯзи ҷумъа бар ман дуруд бифиристад, дурудаш бар ман пешкаш мешавад). [Ба ривояти Ҳоким]

3. Ғусл кардан ва хушбӯи задан, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Марде ғусл мекунад дар рӯзи ҷумъа ва ё худро ба қадри тавон пок мекунад, ё хушбӯи безанад, пас аз он аз хона мебарояд ва дар масҷид низ миёни ду тан роҳ ҷудо намекунад, баъд аз он чанд ракаъат намоз мехонад ва пас аз он ҳангоми суханронии имом хомӯш менишинад, магар ин, ки миёни ин ҷумъа ва ҷумъаи дигар гуноҳаш, мағфират мешавад). [Ба ривояти Бухорӣ]

Масоиле дар мавриди ҷумъа

1. Суннат инаст, ки минбар дорои се зина бошад, то аз минбари Расули Аллоҳ (с) пайравӣ шавад.

Минбар бояд се зина дошта бошад

2. Он чӣ ба сураи Ҷумъа номида шуда, ба суннат рабте надорад, тавре, ки намозгузорон қабл аз намози ҷумъа дар масҷид нишаста, ба тиловати қории

¬Қуръон гуш медиҳанд, то ин, ки азон дода шавад ва ё ин, ки сурудҳо ва ё зикрҳои дастҷамъӣ аз баландгӯяк хонда шавад.

3. Агар намозгузор омад дар ҳоле, ки имом хутба медод, ду ракаъати хафиф қабл аз нишастани бихонад,

ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Агар яке аз шумо дар рӯзи ҷумъа омад, дар ҳоле, ки имом хутба мехонад, бояд ду ракаъат намоз бихонад ва дар он аз суръат кор бигирад). [Ба ривояти Ибни Хузайма]

4. Хатиб дар ҳангоми дуо дасташро баланд накунад, балки бо ангӯшти субоба ишора мекунад, магар дар намози истисқо ва ё дуо барои таваққуфи борон.

Аз Ҳусайн бин Абдурраҳмон (р) ривоят шуда, ки гуфт: (Расули Аллоҳ (с)ро дидам, ки хутба медод, ҳангоме, ки дуо мекард, ин чунин мегӯфт- бо ангӯштони субобааш ишора мекард-). [Ба ривояти Аҳмад]

Бо ангӯшти худ ишора мекунад

5. Барои намози ҷуъма суннати қаблӣ нест, вале мустаҳаб аст, ки пеш аз азон нафл бихонад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Касе, ки дар рӯзи ҷумъа ғусл кунад ва худро ба қадри тавон пок мекунад, ё хушбӯи мезанад, пас аз он аз хона мебарояд ва дар масҷид низ миёни ду тан роҳ ҷудо намекунад, баъд аз он чанд ракаъат намоз мехонад ва пас аз он ҳангоми суханронии имом хомӯш менишинад, миёни ин ҷумъа ва ҷумъаи дигар гуноҳаш мағфират мешавад). [Ба ривояти Дорамӣ]

6. Суннати баъдиро ду ракаъат мехонанд, ба далели ривояти Ибни Умар (р), ки гуфт: (Расули Аллоҳ (с) баъд аз ҷумъа ду ракаъат дар хонаашон мехонданд) [Ба ривояти Ҷамоат]

ва ё чаҳор ракаъат ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Касе аз шумо агар баъд аз ҷумъа намоз мехонад, бояд чаҳор ракаъат бихонад). [Ба ривояти Муслим]

Беҳтар онаст, ки дар хона бихонад.

7. Ҳар гоҳ ид ва намози ҷумъа бо ҳам як рӯз ҷамъ шуд, эҳтиёт онаст, ки иду намози ҷумъа, ҳар ду хонда шавад ва агар идро хонд, бояд ақалан зуҳрро бихонад,

барои мардумони шаҳракҳои дур ҷоиз аст, ки агар намози идро хонданд, барои намози ҷумъа, барнагарданд.

Аз Иёс бин Абӯрамлаи Шомӣ ривоят аст, ки гуфт: (Ман ҳозир будам, ки Муовия аз Зайд бин Арқам пурсид: Оё тӯ бо Расули Аллоҳ (с) шоҳиди ду иде будӣ, ки дар ҷумъа воқеъ шуда буд? Гуфт: оре! Он ҳазрат (с) дар аввали рӯз намози идро хонданд, пас аз он барои ҷумъа рухсат дода фармуданд: касе,ки бихоҳад, ҷамъ кунад, бояд ҷамъ кунад). [Ба ривояти Аҳмад]



Tags: