Намози ҷамоат

3921

Ҳукми намози ҷамоат

Шариъат ба мардоне, ки тавонои доранд, амр карда, то намозро бо ҷамоат адо кунанд ва ба касеоне, ки ҷамоатро тарк мекунанд, ҳушдор додааст ва Набии акрам (с) ба сузондани касоне, ки ба ҷамоат ҳузур намеёбанд,

қасд дошта ва низ , Набии акрам (с) барои нобино иҷозаи тарки намози ҷамоатро надодааст ва далел бар он:

1. Фармудаи Худованд (ҷ) дар мавриди салоти хавф аст: «агар дар миёни онҳо будӣ ва намози хавфро барпо кардӣ, бояд як гуруҳе аз онҳо биистанд» (нисо 102).

Аз он ҷое, ки Аллоҳи таъоло амр ба ҷамоат дар ҳоли хавфу сафар карда, пас дар ҳоли вуҷуди амният ва иқомат, ба тариқи авло бояд ҷамоат гардад.

2. Ҳадиси Абӯҳурайра (р), ки дар он омадааст, Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Сангинтарин намоз барои мунофиқон намози ишо ва намози субҳ мебошад. Агар аз он чӣ дар он дӯ вуҷуд дорад, медонистанд, ба он дӯ меомаданд ва агар чӣ худро ба рӯйи дастону сина мекашониданд, қасд кардам, ки ба намоз амр кунам, ки барпо шавад, пас аз он ба марде амр кунам, ки барои мардум имомат кунад, сипас ҳамроҳи мардоне, ки бо худ дастаҳои ҳезум доранд, ба сӯи қавме дар ҳаракат шавам, ки ба намоз ҳузур наёфтаанд, бар онон хонаҳояшонро оташ бизанам». [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Набии акрам (с) ба оташ задани тахаллуфкунандагон аз ҷамоат азм намекунад, магар ба хотири ин, ки ҷамоат воҷиб бошад, ба ҳамин гуна тахаллуфкорон ба нифоқ васф намешаванд, магар ин, ки воҷиб будааст.

3. Ҳадиси нобиное, ки аз Набии акрам (с) иҷоза хост, то дар хона намозашро бихонад, зеро раҳнамое надошт, Набии акрам (с) барояш фармуданд: «Оё азонро мешунавӣ?». Он мард гуфт: оре! Фармуданд: «Бояд ҷавоб бидиҳӣ». [Ба ривояти Муслим]

Он чӣ аз Ибни Масъуд собит шудааст, ки гуфт: «Касе, ки хурсанд мегардад аз ин, ки фардо ба лиқои Аллоҳи мутаъол, мусалмон биравад, бояд азин намозҳое, ки барояш нидо карда мешавад, муҳофизат кунад, зеро ки Аллоҳи мутаъол ба Набии шумо шеваҳои ҳидоятро машрӯъ карда, ки намози ҷамоат аз ҳамин шеваҳои ҳидоят мебошад. Агар шумо дар хонаҳоятон монанди ин тахаллуфкор, намоз бихонед, ҳар ойина суннати Набиатонро тарк мекунед, ҳар гоҳ суннати Паёмбаратонро тарк кардед, гумроҳ мешавед, марде нест, ки вузӯ бикунад, беҳтарин вузӯ, пас аз он азми рафтан ба масҷиде аз масоҷидро мекунад, Аллоҳи мутаъол бар ҳар гоме, ки бармедорад, як ҳасана менависад ва бо он мартаба баланд мекунад ва як иштибоҳеро набуд месозад ва бармеояд, ки ҷӯз мунофиқи маълумуннифоқ каси дигаре аз он тахаллуф намеварзад ва мардоне, буданд, ки ба василаи ду тан аварда мешуданд- бо такя ба шонаҳои ду нафар- то дар сафи намоз истод карда шаванд». [Ба ривояти Муслим]

Ҳукми намози ҷамоат ва фазилатҳои он

1. Ошнои бо бародарон ва дӯстон дар роҳи Худо бо ҳамдигар ва таҳкими решаҳои муҳаббат дар миёнашон, ки имон ба василаи он осон мегардад ва роҳи имон ва биҳишт бо муҳаббат дар роҳи Аллоҳ осон мегардад.

2. Бандае, ки такбири таҳримаро чиҳил рӯз пайи ҳам дарёбад, барояш бароат аз нифоқ ва оташи дӯзах аст,

ба далели ривояти Анас (р) аз Расули Аллоҳ (с), ки фармуданд: «Касе, ки барои Аллоҳ чиҳил рӯз дар ҷамоат ба гӯнае намоз хонад, ки такбири аввалро дарёбад, барояш ду бароат навишат мешавад: бароат аз оташи дӯзах ва бароат аз нифоқ». [Ба ривояти Тирмизӣ]

3. Иҷтимоъи ҷамъи мусалмонон ва эҷоди улфат миёни дилҳояшон барои хайру салоҳ.

4. Ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ миёни мусалмонон.

5. Бурузи шаъоири динӣ ва қуввати он.

6. Муттаҳид кардани дилҳои мусалмонон, тавре, ки дар як сафи намоз, сиёҳу сафед ва арабу аҷам ва бузургу кӯчак ва сарватманду мустаманд,

дар канори ҳам дар як масҷид ва дар ақиби як имом ва дар як вақт меистанд, дар ҳоле, ки ҳама ба сӯи қибла ва як ҷиҳат рӯ гардонидаанд ва Худои ягонаро мепарастанд.

7. Хашмгин кардани дӯшманони Аллоҳи таъоло, зеро ки мусалмонон то замоне, ки бар адои намоз дар масҷидҳо муҳофизат мекунанд, аз қувват ва боздорандагӣ бархурдор мебошанд.

8. Сабаби нобудии иштибоҳот ва баландии мартаба аст. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Оё шуморо бар он чӣ, ки бо он Аллоҳ иштибоҳотро маҳв намуда, мартабаҳоро баланд мекунад, далолат накунам? Гуфтанд: Оре! Далолат кунед, эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: Дар ҳоли машақат ва сахтӣ монанди сармо ва ғайра, хуб вузӯ кардан, касрати гомбардорӣ ба сӯи масоҷид ва интизори намоз пас аз намоз, инаст рибот, яъне бастани нафс барои тоъат». [ Ба ривояти Муслим]

9. Намози ҷамоат нисбат ба намози танҳои бисту ҳафт мартаба бартарӣ дорад. Аз Абдуллоҳ бин Умар (р) ривоят аст,

ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Намози ҷамоат нисбат ба намози танҳогузор бисту ҳафт мартаба бартарӣ дорад». [Ба ривояти Бухорӣ]

Намози ҷамоат дар хона
Барои фарде ё гурӯҳе шоиста нест, ки дар хона ҷамоат кунанд, дар ҳоле, ки масҷид дар наздикии онҳо буда бошад, аммо агар масҷид дӯр буда ва азонро намешунаванд, боке надорад, ки дар хона ҷамоат кунанд.


Tags: