Закоти фитр

3461

Таърифи закоти фитр

Закоти фитр

Садақаест, ки Расули Аллоҳ (с) дар поёни Рамазон фарз гардонидаанд.

Ба закоти фитрномгузорӣ шуда, зеро ки бо поён рӯзаи Рамазон, воҷиб мешавад.

Ҳукми закоти фитр

Закоти фитр бар ҳар мусалмоне, ки дар шабу рӯзи ид, молики як соъ маводи ғизои изофӣ аз хуроки худ ва хонаводааш бошад, воҷиб аст.

Барои закоти фитрдиҳанда лозим аст, то закоти фитри худ, ҳамсар ва касонеро, ки нафақаашон бар вай мебошад. Агар чӣ ҷанин дар шиками модараш бошад, низ бипардозад.

Ва далели воҷиб буданаш, ривояте аз Абдуллоҳ бин Умар (р) аст, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) закоти фитрро як соъ хурмо ва ё як соъ ҷав бар барда ва озод, марду зан, кӯчаку бузурги мусалмон, фарз гардонида, ва амр кардаанд, ки пеш аз рафтан ба намози ид, пардохт шавад) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Хурмо
Ҷав

Вақти додани закоти фитр

Беҳтарин вақти додани закоти фитр, рӯзи ид аст, ки пас аз тулуъи фаҷр ва пеш аз адои намози ид, дода шавад ва тақдими он як рӯз ва ё ду рӯз қабл аз ид, низ ҷоиз аст, зеро, ки Саҳобаи киром чунин кардаанд ва таъхир карданаш то баъд аз намози ид,

ҷавоз надорад, ба далели ҳадиси зикр шуда аз Ибни Умар (р): (Ва амр кардаанд, ки пеш аз рафтан ба намози ид, пардохт шавад) ва низ дар ҳадиси Ибни Аббос (р) омадааст: (Касе, ки баъд аз намози ид, адо кунад, садақае аз садақот мебошад) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Миқдори закоти фитр

Аз ҳар фард, як соъ аст, ки аз маводи ғизоии инсонҳо бошад, монанди биринҷ, хурмо, гандум ва ғайра,

ба далели ҳадиси Абӯсаиди Хузрӣ (р), ки фармуд: (Дар замони Расули Аллоҳ (с) дар рӯзи иди фитр, як соъе аз хурокаро медодем), ва Абӯсаид (р) дар идома фармуд: (ва хурокаи мо, ҷав, кишмиш ва қурут (кишк) [Қурут] ва хурмо буд) [Ба ривояти Бухорӣ].

Ба чӣ касоне фитр бидиҳанд

Садақаи фитр барои гуруҳҳои ҳаштгонае пардох мешавад, ки закоти мол ба онҳо дода мешавад, садақаи фитр дар ин фармудаи Аллоҳи мутаъол: (садақот барои фуқаро...) (Тавба 60), низ шомил мебошад.

Ҳикмати закоти фитр

1. Пок кардани рӯза аз суханони беҷо ва беҳудааст, ба далели ривояти Ибни Аббос (р), ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) закоти фитрро фарз кард барои покии рӯза аз суханони беҷо ва беҳуда ва барои ғизо додани масокин) [Ба ривояти Абӯдовуд]

зеро ки рӯзадор ҳеҷгоҳе аз суханони беҷо ва беҳуда, холӣ нест, бинобарин закоти фитр барои рӯзадор ончиро, ки дар ҳангоми рӯза доштан аз суханони муҳаррам ва макрӯҳ,

сар зада, пок месозад ва бидуни тардид, суханони ёдшуда боиси нуқсони савоби аъмолаш мегардад ва ба рӯзаи ӯ осеб ворид мекунад.

2. Вусъат ва фарохист, бар масокин ва фуқаро ва мустағнӣ гардониндаи онҳост аз зиллату хории гадои ва такаддӣ дар рӯзи ид, ки рӯзи хушӣ ва фарҳат буда, то бо мардум дар ин хушӣ ва шодмонӣ, мушорикат кунанд.



Tags: