Закоти молҳои тиҷоратӣ

2076

Таърифи молҳои тиҷоратӣ

Молҳои тиҷоратӣ

Ҳар он чӣ барои хариду фурӯш ба ғарази касби фоида, муҳайё шудааст.

Молҳои тиҷоратӣ, уруз номида мешавад, зеро ки субот надорад, балки арза мешаванд ва пас аз он нобуд мешавад, зеро ки бозаргон айни ин молҳоро намехурад, балки ғаразаш фоида кардан ва суд бурдан аз нақдайн мебошад ва ба ҳамаи анвоъи амволи ғайри нақдӣ,

молҳои бозаргонӣ гуфта мешавад, монанди мошинҳо, пӯшок, матоъҳо, оҳан, чуб ва ғайра, ки барои бозаргонӣ ва тиҷорат омода шудааст.

Оҳан
Мошин
Пӯшок
Чӯб

Ҳукми закоти молҳои тиҷоратӣ

Воҷиб аст, ба далели фармудаи Худованди мутаъол: (Эй касоне, ки имон овардаед! Аз покизагиҳое, ки касб кардед, инфоқ кунед) (Бақара 267).

Умуми аҳли илм ёдовар шуданд, ки мурод аз ин оят: Закоти молҳои бозаргонӣ аст ва низ ба далели фармудаи Худованди мутаъол: (Аз амволашон закот бигир) (Тавба 103).

Ва молҳои бозаргонӣ аз зоҳиртарин амвол мебошад, пас закот дар он воҷиб аст.

Шартҳои вуҷуби закоти молҳои тиҷоратӣ

1. Қимати он ба нисоб расида бошад ва нисоб бо таваҷҷуҳ ба қамати тилло ва нуқра, таъйин мешавад.

2. Бояд бар он як сол сипарӣ шавад.

3. Барои тиҷорат муҳайё бошад, тавре, ки ғараз аз он суду фоида бурдан бошад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Аъмол бар ниятҳо, устувор аст) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Агар нияташро аз тиҷорат ба истеъмоли он тағйир дод, мавзуъи гузашти сол бар он қатъ мешавад, агар дубора ба нияти тиҷорат баргашт, масъали ҳавлро аз ҳамин нуқтаи ҷадид оғоз мекунад,

магар ин, ки ин тағйири ният ба ғарази фиребкорӣ барои соқит кардани закот буда бошад, мавзуъи ҳавл мунқатеъ намегардад.

- Мисоли он: Агар қитъаи заминеро дар моҳи Муҳаррам ба ғарази тиҷорат, харид ва дар моҳи Шаъбон нияташро тағйир дод барои бинои маскан, мавзуъи сипарӣ шудани сол,

мунқатеъ мегардад, пас агар дар моҳи Шаввол ду бора тағйир ният дод ба сӯи тиҷорат, гузашти як соли ҷадидро аз моҳи Шаввол оғоз мекунад, магар ин, ки ғарази ӯ аз ин тағйирот,

ҳила ва фиребкорӣ ба манзури соқит кардани закот буда, дар ин ҳолат мавзуъи ҳавл мунқатеъ нашуда, балки аз ҳамон моҳи Муҳаррам ҳисоб мешавад.

Чигунагии ихроҷи закоти молҳои тиҷоратӣ

Ҳар гоҳ сол сипарӣ шуд, онро муайян месозад ва молҳоеро, ки барои фуруш дорад, ба нархи рӯз дар бозор ҳисоб мекунад ва аз он ва ё аз қимати он, тибқи ниёзи мустамандон закотро ҷудо мекунад.

Тоҷир закоти молҳои тиҷориро чӣ гуна ҳисоб мекунад?

1. Он чӣ аз молҳо ва амволи тиҷоратӣ дар дастрас дорад, ба нархи рӯз, қимати онро муайян мекунад.

2. Пули нақде, ки бо худ дорад, чӣ дар тиҷорат онро истеъмол карда ва ё накарда, ба он меафзояд.

3. Ҳамаи қарзҳо ва вомҳоеро, ки қобили дарёфт медонад, ба он изофа мекунад.

4. Ҳамаи қарзҳо ва вомҳое, ки дигарон аз вай талаб доранд, аз маҷмуъи дороии худ, тарҳ мекунад.

5. Пас аз ин аз боқимондаи дороӣ, чаҳоряки ушр (2,5%), закотро ҷудо мекунад.

Закоти воҷиб = (қимати молҳои бозаргонӣ + пули нақд+ қарзҳое, ки қобили дарёфт – қарзҳое талабкорон бар тоҷир) × (нисбати закот 2,5%).

Закот бар сармоя аст

Дар амволе тиҷоратӣ аз сармояе, ки барои хариду фурухт ба манзури касби суд, муҳайё шуда, закот пардохт мешавад, аммо он чӣ, ки дороии собит буда, ҳангоми арзёбии куллӣ бар он закоте нест, монанди қафасҳои мағоза ва яхдонҳое,

ки барои хунуксозии мавод мебошад ва мошиҳои ҳамлу нақл ва васоили болову поён кардани борҳо ва монанди инҳо.

Молик будани нисоб

Оё моликияти нисоб дар тамоми сол аз аввал то охираш шарт мебошад ва ё ин, ки ба комил буданаш дар оғоз ва поёни сол иктифо мешавад? Ва ё ин, ки танҳо поёни сол эътибор дорад?

Комил будани нисоб дар аввал ва охири сол муътабар аст, зеро, ки арзёбии комил будани нисоб дар тамоми сол, мушкил мебошад, бинобарин аввали сол ҷиҳати мунъақид шудани сабаби вуҷуби закот ва охири сол,

ба хотири донистани сипарӣ шудани як сол, эътибор дода шуд ва барои як мусалмон осонтараст, ки моҳе чун Рамазон ва ғайраро барои оғози кораш таъйин кунад ва дар ҳамин моҳ дороии худро арзёбӣ намуда, закоташро ҳисоб кунад.

Закоти сиҳом

Таърифи сиҳом

Сиҳом

Ҷузъе аз аҷзои мутасовии сармояи ширкати саҳомист.

Мисоли он: Ширкати саҳомӣ, ки сармояион се миллион доллар аст, сармояашро дар ҳангоми ифтитоҳ ба даҳ ҳазор бахш тақсим кард, ҳар бахш (300) доллар арзиш дорад,

ин бахшро саҳм меноманд ва соҳиби саҳм, шарик дар ширкат ба миқдори сиҳоми худ мебошад.

Ҳукми закоти сиҳоми муомилотӣ

Мубоҳаст, магар ин, ки фаолияти ширкат ҳаром бошад ва ё ин, ки бар он муомалаи рибохурӣ мутараттиб гардад.

Ҷудо кардани закоти сиҳом

1. Агар ширкат закотро ҷудо кунад, аз зиммаи соҳиби сиҳом, соқит мешавад.

2. Агар ширкат закотро ҷудо накунад, қимати он аз назари нархи бозор, арзёбӣ мешавад, агар ба нисоб расида бошад ва бар он як сол сипарӣ шуд,

закоташро чаҳоряки ушр (2,5%) ҷудо мекунад, зеро аз молҳои бозаргонӣ, маҳсуб мешавад.

Мисоли он: Шахсе 1000 саҳм дорад, ки қимати ҳар саҳм аз рӯзи ҷудо кардани закот, 10 доллар мебошад, бинобарин қимати сиҳомаш 10000 доллар буда,

ки бештар аз нисоб мебошад, пас замоне, ки як сол бар он гузашт, закоташро ҷудо мекунад.



Tags: