Закот, ҳукм ва шурути он

2548

Таърифи закот

Закот дар луғат

Рушд ва афзоиш

Закот дар шариат

Миқдори муайяни мол, ки вақти муайяне барои гуруҳи муайяне пардохт мешавад

Фазилати закот

Закот фаризае аз фароизи Ислом аст ва рукни саввуми аркони Ислом низ мебошад.

Аллоҳи азза ва ҷалла фармудааст: (ва намоз барпо доред ва закотро бипардозед) (Нур 56).

Набии Акрам (с) фармудаанд: (Ислом бар панҷ чиз бино шудааст: Шаҳодати لا إله إلا الله وأن محمدا عبده ورسوله ва барпо кардани намоз ва пардохтани закот ва ҳаҷҷи Байтуллоҳ ва рӯзаи Рамазон) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Ҳукми манъкунандаи закот

Манъкунандаи закот, ё аз рӯи инкор [яъне инкор аз воҷиб буданаш] ва ё аз рӯи бухлварзӣ, монеъи он мешавад.

1. Монеъи закот аз рӯи инкор

Касе, ки вуҷуби закотро инкор мекунад, ба иҷмоъи уммат кофир мешавад, агар вуҷуби онро медонистааст, ба далели такзибаш Аллоҳи таъоло ва Паёмбарашро.

Ва Абӯбакр (р) бо касоне, ки аз додани закот имтиноъ варзиданд, ҷанг намуд ва фармуд: (Қасам ба Худо, бо касе, ки миёни намоз ва закот фарқе қоил шавад, ба ҷанг бармехезем, зеро ки закот ҳаққи мол аст ва қасам ба Худо агар аз пардохтани закоти сол, ки ба Расули Аллоҳ мепардохтанд, имтиноъ варзанд, бо онҳо ҷанг хоҳам кард) [Ба ривояти Бухорӣ].

2. Монеъи закот аз рӯи бухл

Касе, ки аз рӯи бухл, аз додани закот имтиноъ меварзад, аз вай бо зӯр гирифта мешавад, вале кофир намегардад, ҳар чанд муртакиби гуноҳе аз бузургтарин гуноҳон шудааст.

Ба далели фармудаи Набии акрам (с) дар мавриди монеъи закот: (Ҳар соҳиби зару симе, ки ҳаққи онро намедиҳад, дар рӯзи қиёмат бо тахтаҳои оташине, ки дар оташи дӯзах сузон шуда, паҳлӯ ва пешонию пушти ӯро доғ мекунанд, ҳаргоҳ сард шавад, бори дигар сузон карда мешавад, дар рӯзе ки панҷоҳ ҳазор сол аст, то ин, ки миёни бандагон қазоват шавад, то роҳи худро бубинад, ки ё ба сӯи биҳишт ва ё ба сӯи дӯзах боз шуда, агар ба ҷанг бархост, бо ӯ қитол шавад, то замоне, ки ба фармони Аллоҳи мутаъол тобеъ шуда, закот бипардозад, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол) [Ба ривояти Муслим]

-(Агар тавба карданд ва намозро барпо доштанд ва закотро оварданд, мутаъаризашон нашавед). (Тавба 5).

Ва низ ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Амр шудаам, бо мардум биҷангам, то шаҳодат бидиҳанд, ки нест илоҳе магар Аллоҳ, ва Муҳаммад (с) Расули Аллоҳ аст ва намоз барпо доранд ва закот бидиҳанд, агар чунини карданд, хунҳо ва амволашонро аз ман дар амон доштаанд, магар ба ҳаққи Ислом ва ҳисобашон назди Аллоҳи мутаъол аст) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].

Ҳикмати воҷиб шудани закот

1. Поксозии нафсҳо аз бухлу гуноҳон ва иштибоҳот. Аллоҳи мутаъол мефармояд: (АЗ молҳояшон закот бигир, то онҳоро аз осори гуноҳон, пок созӣ ва дар нафсҳояшон феъли хайрро рушд диҳӣ). (Тавба 103).

2. Поксозии мол ва намуву рушди он ва ҳулули баракат дар он, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Садақа, яъне закот, чизе аз молро ноқис намекунад) [Ба ривояти Муслим].

3. Озмоиши бандааст дар фармонбардорӣ аз авомири Аллоҳи мутаъол ва низ тақдими муҳаббати Аллоҳ ба муҳаббати мол.

4. Ҳамдардӣ бо мустаманд ва рафъи ҳоҷати ниёзмандон мебошад, ки боиси афзоиши муҳаббат шуда, болотарин дараҷаи такофули иҷтимоъӣ миёни афроди ҷомеаи мусалмон, таҳқиқ мебахшад.

5. Ху гирифтан ва одат кардан ба масраф кардани дорои, дар роҳи Аллоҳ.

Фазилати закот

1. Сабаб ва иллати ноил шудан ба раҳмати Аллоҳ мебошад. Аллоҳи мутаъол мефармояд: (Ва раҳмати ман шомили ҳама чиз буда ва барои касоне, ки парҳезгорӣ доранд ва закот медиҳанд, онро менависем, яъне дар охират ба он ҳукм мекунем). (Аъроф 156).

2. Шарти таҳқиқи нусрат ва ёрии Аллоҳи мутаъол мебошад, чуноне, ки Аллоҳ мефармояд:(Ва Аллоҳ нусрату ёрӣ медиҳад, касеро, ки ба нусрати Аллоҳ шитофтааст, Аллоҳ тавонманди бо иззат аст. Касонеро, ки дар замин мусаллаташон гардонидем, намозро барпо мекунанд ва закотро ба мустаҳиққинаш медиҳанд). (Ҳаҷ 40-41).

3. Аз асбоби каффораи иштибоҳот низ мебошад. Набии акрам (с) фармудааст: (Ва садақа иштибоҳро мепушонад, чуноне, ки об оташро хомӯш мекунад) [Ба ривояти Тирмизӣ]

Молҳое, дар он закот воҷиб аст

1-Закоти баромада аз замин

2-нақдайн(Тилло&Нуқра)

3-молҳои тиҷоратӣ

4-чаҳорпоён


Шартҳои вуҷуби закот

1. Ислом

Бар кофир закот нест, зеро ки Аллоҳ амали кофирро қабул намекунад.

2. Озодӣ

Бар барда (ғулом) закот воҷиб нест, зеро ки моли ӯ, мулки моликаш мебошад.

3. Моликияти нисоб аст

Таърифи Нисоб

Нисоб

Расидани мол ба миқдори муайянест, ки дар он закот воҷиб мегардад

Шартҳои нисоб

Якум: Моле, ки ба нисоб расида, изофа аз ниёзмандиҳои зарурӣ бошад, ки инсон аз он мустағнӣ шуда наметавонад, монанди, таом,

либос ва маскан, зеро ки закот барои тасаллии мустамандон воҷиб шуда, бинобарин бояд соҳиби мол ниёзманд набошад.

Дуввум: Моли ба нисобрасида, мулки комили шахси муайян бошад, бинобарин закот дар моле, ки мулки шахси муайяне набошад, воҷиб нест, монанди: моле,

ки барои бинои масҷид ҷамоварӣ шуда ва ё моле, ки вақфшуда ба манофеъи умумӣ ва ё амволе, ки дар сандуқҳои ҷамъиятҳои хайрия мебошад, дар он закот нест.

4. Гузашти як сол бар мол

Ҳавл:

Як соли комили ҳиҷрӣ

Бояд бар моле, ки ба нисоб расида ва дар милкияти соҳибаш буда, дувоздаҳ моҳи ҳиҷрӣ қамарӣ бар он сипарӣ шавад.

Ин шарти хоси нақдайн (зару сим) ва молҳои тиҷоратӣ ва ҳайвоноти хонагӣ мебошад, аммо дар мавриди маҳсулоти кишоварзӣ, меваҷот, маъодин ва ганҷҳо, гузашти сол дар онҳо шарт нест.



Tags: