Васфи Ҳаҷҷ ва Умра

6117

Васфи Ҳаҷ

Аъмоли Ҳаҷ аз рӯзи ҳаштуми моҳи Зулҳиҷҷа оғоз мешавад, ба шарҳи зер:

Рӯзи ҳаштуми Зулҳиҷҷа (Рӯзи тарвия)

1. Ҳоҷӣ аз маҳали иқмоташ эҳром мебандад, ғусл мекунад ва хушбӯи мезанад ва сипас либоси эҳром ба тан мекунад ва мегӯяд:

((لبيك اللهم حجاً، لبيك اللهم لبيك، لبيك لا شريك لك لبيك، إن الحمد والنعمة لك والملك، لا شريك لك)) [Ба ривояти Бухорӣ].

2. Раҳсипори Мино шуда, дар он ҷо намозҳои зуҳр, аср, мағриб, ишо ва фаҷри рӯзи баъдро адо мекунад.

Ҳар намозро дар вақташ ва чаҳор ракаъатиро қаср намуда, ду ракаъат мехонад, то тулуъи хуршеди рӯзи нуҳум дар Мино мебошад.

Пӯшидани либоси эҳром
Хушбӯи
Ғусл кардан
Ба Мино раҳсипор шудан

Рӯзи нуҳуми моҳи Зулҳиҷҷа (Рӯзи Арафа)

1. Пас аз тулуъи офтоб, ҳоҷӣ раҳсипори Арафа мегардад ва дар он ҷо намозҳои зуҳр ва асрро қаср ва бо ҷамъи тақдим адо мекунад ва қабл аз заволи офтоб ба масҷиди Намра –агар барояш муяссар буд- меравад.

2. Баъд аз намоз рӯ ба қибла ва дастҳоро баланд намуда ба зикру дуо ва ниёиши Парвардигор, машғул мешавад ва то ғуруби офтоб дар Арафа мебошад.

3. Пас аз ғуруби офтоб ба Муздалифа меравад ва намозҳои мағриб ва ишоро- бо қаср кардани ишо- адо мекунад ва шаб то тулуъи фаҷр дар он ҷо мемонад.

Намра
Муздалифа
Арафот

Рӯзи даҳуми моҳи Зулҳиҷҷа

1. Намози фаҷрро мехонад, сипас барои зикру дуо ва ниёиш то андак замоне пеш аз тулуъи офтоб, машғул мешавад.

2. Пеш аз тулуъи офтоб ба сӯи Мино ҳаракат мекунад.

3. Вақте, ки ба Мино расид, ба сӯи Ҷамраи Ақаба рафта, бо ҳафт сангреза яке паси дигаре онро ба таври пайҳам мезанад.

4. Ҳадй агар дошта бошад, забҳ мекунад.

5. Мӯи сарашро метарошад ва ё кӯтоҳ мекунад ва ба таҳаллули аввали дастрасӣ пайдо мекунад, либосҳояшро мепӯшад ва хушбӯи мезанад ва ҳамаи мамнуъоти эҳром барояш ҳалол мешавад, ба ҷуз аз омезиш бо занон.

6. Ба Маккаи Мукаррама меравад ва тавофи Байтуллоҳро, ки тавофи Ифоза ва ҳамон тавофи Ҳаҷ аст, анҷом медиҳад ва саъй миёни Сафо ва Марваро барои Ҳаҷ анҷом медиҳад.

Агар мутаматтеъ бошад, ҳаминтавр аст ва агар ғайри мутаматеъ буда вале бо тавофи қудум саъй накарда бошад, бо ин тартиб ба таҳаллули дуввум мерасад, ки барояш тамоми мамнӯъони эҳром, ҳалол мегардад.

7. Ба Мино бармегардад ва шабро дар он ҷо сипарӣ мекунад.

Рамйи ҷамраи Ақаба
Забҳи ҳадй
Тарошидан ва кӯтоҳ кардан
Тавоф
Саъй миёни Сафо ва Марва
Шабро дар Мино сипарӣ мекунад

Рӯзи ёздаҳуми моҳи Зулҳиҷҷа (нахустин рӯзи аёми ташриқ)

1. Ҳар як аз ҷамароти сегонаро бо ҳафт сангреза пайиҳам мезанад ва бо ҳар як такбир низ мегӯяд ва рамйро пас аз заволи офтоб (вақти зуҳр), анҷом медиҳад ва қабл аз завол ҷавоз надорад ва пас аз рамйи ҷамраҳои суғро ва вусто, дуо мекунад.

Ва бархе аз фуқаҳо ҳаҷми сангрезаро бо ҳаҷми нахуд ва ё андаке бузургтар аз он ва кӯчактар аз чормағз, таъйин карданд.

2. Байтута (шаб сипарӣ кардан) дар Мино

Ҷамраи Ақаба
Ҷамари вусто
Ҷамраи кӯчак (суғро)

Рӯзи дувоздаҳуми Зулҳиҷҷа (дуввумин рӯзи аёми Ташриқ)

1. Ҷамароти сегонаро чуноне, ки дар рӯзи пешин зада буд, рамй мекунад.

2. Аз Мино қабл аз ғуруби офтоб хориҷ мешавад, агар хост шитоб кунад ва агар иродаи таъхирро дошт, шабро сипарӣ мекунад.

3. Барои тавофи видоъ ба Маккаи Мукаррама меравад.

Рӯзи сездаҳуми Зулҳиҷҷа (охирин рӯзи айми ташриқ).

Ин хоси касест, ки таъхир кардааст ва дар ин рӯз аъмоли зерро анҷом медонад:

1. Ҷамароти сегонаро монанди ду рӯзи гузашта, рамй мекунад.

2. Аз Мино берӯн шуда, ба тавофи видоъ меравад.

Бо ин тартиб, ҳаҷҷаш хотима ёфтааст.

Васфи Умра

1. Замоне, ки умракунанда ба миқот бирасад, ғусл карда хушбҷӯи мезанад ва либоси эҳромро ба тан мекунад ва бо гуфтани ((لبيك عمرة)), нияти Умра мекунад.

2. Талбия гуфтанро чунин оғоз мекунад:

((لَبَّيْكَ اللَّهُمَّ لَبَّيْكَ، لَبَّيْكَ لَا شَرِيكَ لَكَ لَبَّيْكَ، إِنَّ الْحَمْدَ وَالنِّعْمَةَ لَكَ وَالْمُلْكَ، لَا شَرِيكَ لَكَ)) [Ба ривояти Бухорӣ]

Ва ҳамчунон ба лабайк гуфтан идом медиҳад, то ин, ки байтуллоҳро бубинанд ва ҳаҷаруласвадро ламс кунад.

3. Замоне, ки ба Масҷидул-ҳаром ворид мешавад, аввал пои росташро биниҳад ва дуои духули масҷидро бихонад.

4. Талбия гуфтанро матаваққиф кунад ва тавофи Байтуллоҳро бо бусидан ва ламс кардани ҳаҷарул-асвад- агар муяссар буд- оғоз кунад ва дар ғайри он бо ишора ба он иктифо намуда мегӯяд:

((بسم الله والله أكبر، اللهم إيماناً بك، وتصديقاً بكتابك، ووفاءً بعهدك، واتباعاً لسنة نبيك محمد (صلى الله عليه وسلم)). [Ба ривояти Байҳақӣ]

5. Дар ҳоле, ки Байтуллоҳ ба самти чапаш бошад, ҳафт давр тавофро аз ҳаҷарул-асвад оғоз карда ва ба он поён медиҳад.

6. Барои мардон тез рафтан дар се даври аввал суннат аст.

Либоси эҳром
Хушбӯи
Ғусл кардан

7. Дар тавоф он чиро мехоҳад дуо кунад, вақте дар баробари рукни ямонӣ қарор гирифт, онро ламс намуда ва такбир гӯяд, агар натавонад, ба он ишора накунад ва такбир низ нагӯяд ва миёни рукни ямонӣ ва ҳаҷарул-асвад чунин гӯяд:

((ربنا آتنا في الدنيا حسنةً، وفي الآخرة حسنةً، وقنا عذاب النار)) [Ба ривояти Абӯдовуд]

8. Пас аз поёни тавоф, ду ракаат намозд дар ақиби мақоми Иброҳим- агар муяссар буд- бихонад, вагарна дар ҳар ҷои Масҷидул-ҳаром метавонад бихонад.

9. Ба Сафо биравад, ҳаргоҳ ба он наздик шавад, ин фармудаи Аллоҳи мутаъолро қироат мекуанд:

((لَيْسَ عَلَيْكُمْ جُنَاحٌ أَن تَبْتَغُوا فَضْلًا مِّن رَّبِّكُمْ * فَإِذَا أَفَضْتُم مِّنْ عَرَفَاتٍ فَاذْكُرُوا اللَّـهَ عِندَ الْمَشْعَرِ الْحَرَامِ * وَاذْكُرُوهُ كَمَا هَدَاكُمْ وَإِن كُنتُم مِّن قَبْلِهِ لَمِنَ الضَّالِّينَ)). [Бақара 158]

10. Бар Сафо боло баромада, рӯ ба сӯи Каъба намуда ва дастонашро баланд мекунад ва такбир мегӯяд ва низ сипоси Худовандро гуфта ин зикрро мехонад:

((لَا إِلَهَ إِلَّا الله وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، لَهُ الْمُلْكُ وَلَهُ الْحَمْدُ، وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ، آيِبُونَ تَائِبُونَ عَابِدُونَ سَاجِدُونَ لِرَبِّنَا حَامِدُونَ، صَدَقَ الله وَعْدَهُ، وَنَصَرَ عَبْدَهُ، وَهَزَمَ الْأَحْزَابَ وَحْدَهُ)). [Ба ривояти Бухорӣ]

Пас аз он дуо мекунад, баъд аз он бори дигар ҳамон зикрро дар даври баъдӣ такрор мекунад, сипас дуо намуда, барои бори саввум зикри ёд шударо дар даври саввум мехонад.

11. Аз Сафо поён шуда ба сӯи Марва раҳсипор мегардад ва дар роҳ миёни ду аломати сабз ба суръат роҳ меравад ва ба Марва боло мебарояд ва он чӣ дар Сафо анҷом дода дар Марва низ анҷом медиҳад, магар бо наздик шудан ба он ин оятро: (( إِنَّ الصَّفَا وَالْمَرْوَةَ مِنْ شَعَائِرِ اللَّه )) [Бақара 158], мехонад.

12. Миёни Сафо ва Марва ҳафт бор саъй мекунад.

13. Пас аз поёни саъй, мардон мӯи сарашонро тавре кӯтоҳ мекунанд, ки шомили тамоми сарашон гардад ва занон аз сари гесувонашон ба андозаи сари ангӯшт, кӯтоҳ мекунанд.

Барои мардон беҳтараст сар битарошанд, ба далели ривояти Абӯҳурайра (р), ки фармуд: ((Эй бори Худоё! Барои касоне, ки сар тарошиданд, мағфират кун!. Ёрон гуфтанд: ва барои кӯтоҳкунандагон? Фармуд: Эй бори Илоҳо! Барои касоне, ки сартарошиданд, мағфират кун! Гуфтанд: ва барои кӯтоҳкунандгон? Барои саввумин бор чунон фармуданд ва баъд аз он гуфтанд: ва барои кӯтоҳкунандагон)). [Ба ривояти Бухорӣ]

Саъй миёни Сафо ва Марва

14. Аз эҳоромаш хориҷ шуда, ба холати ҳалолият боз мегадад.

Бо ин тартиб, умраашро поён додааст.



Tags: