Васфи намоз

7218

Рӯ ба қибла кардан ва такбири таҳрима

- Касе, ки бихоҳад намоз адо кунад, рӯ ба қибла меистад, бо ин эҳсос, ки дар баробари Аллоҳи мутаъол истода, дар намоз хошеъ бошад.

- Пас аз он дар дили худ нияти намозро мекунад.

- Сипас ҳар ду дасти худро то шона ва ё то гӯшҳояш баланд карда, мегӯяд: (الله أكبر). [Ба ривояти Муслим]

- Пас аз он дасти чапашро бо дасти росташ қабза мекунадя ва ё ин, ки дасти росташро бар дасти чапаш мегузорад, баробар аст, ки зери ноф ва ё бар синааш бигзорад. [Ба ривояти Аҳмад]

Дуои истифтоҳ (سبحانك اللهم) ва Фотиҳа хондан

- Намозгузор сари худро хам карда, ба мавзеъи саҷдааш назар мекунад, [Ба ривояти Бухорӣ] сипас мегӯяд:

(سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ وَبِحَمْدِكَ، وتَبَارَكَ اسْمُكَ، وَتَعَالَى جَدُّكَ، وَلاَ إِلَهَ غَيْرُكَ). [Ба ривояти Муслим]

- Пас аз он ба садои паст мегӯяд

(أعوذ بالله من الشيطان الرجيم) (بسم الله الرحمن الرحيم). [Ба ривояти Муслим]

- Баъд аз он сураи Фотиҳаро бихонад [Ба ривояти Бухорӣ] ва сипас (омин) бигӯяд, яъне: эй бори Худоё! иҷобат кун.

- Пас аз он намозгузор баъд аз Фотиҳа сураи дигаре бихонад ва ё баъзе оёт аз Қуръонро, ки барояш осон бошад, дар ду ракаъати аввал бихонад, дар ду ракаъат намози субҳ ва ду ракаъати аввали шом ва ишо қироъат ба садои баланд бошад.

Рукӯъ ва баланд шудан аз он

- Намозгузор такбиргӯён ба рукӯъ меравад ва дар рукӯъ дастонашро ба зонӯҳояш мегузорад тавре, ки миёни ангуштонаш гушоиш буда, зонӯҳояшро қабза кунад, пас аз он се бор бигӯяд : (سبحان ربي العظيم). [Ба ривояти Тирмизӣ]

- Баъд аз он аз рукӯъ баланд шуда мегӯяд (имом бошад ё танҳогузор): (سمع الله لمن حمده) [ Ба ривояти Тирмизӣ]

ва ҳама мегӯянд: (ربنا ولك الحمد، ملء السموات، وملء الأرض، وملء ما بينهما، وملء ما شئت من شيء بعد) [Ба ривояти Тирмизӣ]

Саҷда ва баланд шудан аз он

- Намозгӯзор такбир мегӯяд ва пас аз он ба саҷда меафтад, аввал зонӯҳояш бар замин мерасад, баъд аз он дастонаш пас аз он пешонӣ ва бинии ӯ. [Ба ривояти Абӯдовуд]

Дастонаш дар баробари гӯшҳо ва ё шонаҳояш бар замин мегӯзорад ва ангӯштонаш ба сӯи қибла буда соиди дастонашро аз замин баланд намуда [Ба ривояти Бухорӣ]

ва бозӯвонаш ро аз паҳлӯҳояш дур медорад ва шикамашро аз ронҳояш низ дур месозад ва се бор мегӯяд: (سبحان ربي الأعلى) ва дуои бештар дар саҷда мехонад. [Ба ривояти Муслим]

- Баъд аз он такбиргӯён сарашро баланд мекунад ва дастонашро баланд намекунад, дар ҳоле, ки кафи пои чапашро хобонида [Ба ривояти Муслим]

ва кафи пои росташро истода карда ва ангӯштонашро ба сӯи қибла гардонда менишинад ва мегӯяд: (اللهم اغفر لي، وارحمني، واجبرني، واهدني، وارزقني). [Ба ривояти Тирмизӣ]

- Пас аз он такбиргӯён сарашро баланд мекунад ва ба нишастани кӯтоҳе менишинад, ки ҷалсаи истироҳат гуфта мешавад,

ба далели ҳадиси Молик бин Ҳувайрис (р), ки намози он ҳазрат (с) васф намуда, ин ки эшон (баланд нашуданд, магар баъд аз нишастан) [Ба ривояти Бухорӣ]

- Баъд аз он такбиргӯён барои ракаъати дуввум дар ҳоле, ки ба дастонаш такя зада, баланд мешавад [Ба ривояти Бухорӣ]

- Пас аз он ракаъати дуввумро монанди аввал мехонад, вале дуои истифтоҳ (سبحانك اللهم) намехонад.

Ташаҳҳуд (Аттаҳиёт хондан)

- Ҳар гоҳ намозгӯзор ду ракаъати аввалро адо кард, барои хондани ташаҳҳуд менишинад, ба гунае, ки кафи пои чапашро мехобонад ва кафи пои росташро баланд мекунад, дастонашро рӯи ду рошаш мегӯзорад,

кафи дасти чапашро боз месозад, ангӯштони хинсар ва бинсарро бо ибҳоми дасти рост ҳалқа мезанад ва бо ангӯшти субоба дар ҳангоми ташаҳҳуд, ишора мекунад ва назарашро ба он мутаваҷҷеҳ месозад ва мегӯяд:

(التحيات لله، والصلوات والطيبات، السلام عليك أيها النبي ورحمة الله وبركاته، السلام علينا وعلى عباد الله الصالحين، أشهد أن لا إِله إِلا الله وأشهد أن محمداً عبده ورسوله). [ Ба ривояти Бухорӣ]

- Баъд аз он -агар намоз беш аз ду ракаъат буд-, такбиргӯён дар ҳоле, ки дастонашро баланд намуда бармехезад, ду ракаъати баъдӣ ба ҷӯз сураи Фотиҳа, дигар сураро намехонад.

- Дар ташаҳҳуди охир мутаваррик менишинад ва таваррук: ба нишастан бар мақъаб дар ҳоле, ки пои чап паҳн шуда аз зери пои рост берӯн шавад, гуфта мешавад. [ Ба ривояти Абӯдовуд]

Он чӣ дар ташаҳҳуди аввал омада аст, мехонад ва зиёда аз он мегӯяд:

(اللهم صل على محمد وعلى آل محمد، كما صليت على إِبراهيم وعلى آل إِبراهيم إِنك حميد مجيد. اللهم بارك على محمد وعلى آل محمد، كما باركت على إِبراهيم وعلى آل إِبراهيم إِنك حميد مجيد). [ Ба ривояти Бухорӣ]

- Пас аз он мегӯяд: (اللهم إني ظلمت نفسي ظلما كثيرا ولا يغفر الذنوب إلا أنت فاغفرلي مغفرة من عندك، إنك أنت الغفور الرحيم) [Ба ривояти Бухорӣ]

Ва ё мегӯяд: (اللهم إني أعوذ بك من عذاب جهنم، ومن عذاب القبر، ومن فتنة المحيا والممات، ومن شر فتنة المسيح الدجال). [Ба ривояти Бухорӣ]

Ва дар назди баъзе аз айима, дуоҳои маъсури дигареро мехонад.

Салом додан

Ва намозгӯзор дар поёни намоз ба дасти рости худ чунин салом медиҳад: (السلام عليكم ورحمة الله) [Ба ривояти Муслим]ва ҳамчунин ба самти чап низ салом медиҳад.

Баланд кардани дастонаш баробари шонаҳо
Хондани Фотиҳа
Рукӯъ ва баланд шудан аз он
Саҷда ва баланд шудан аз он
Нишастан миёни ду саҷда
Ташаҳҳуд (Аттаҳиёт хондан)
Салом додан

Азкорҳои баъд аз намоз

- (أستغفر الله) (се бор), (اللهم أنت السلام، ومنك السلام، تباركت يا ذا الجلال والإكرام). [ Ба ривояти Муслим]

- (لا إله إلا الله وحده لا شريك له، له الملك وله الحمد وهو على كل شيء قدير، اللهم لا مانع لما أعطيت، ولا معطي لما منعت، ولا ينفع ذا الجد منك الجد). [Ба Ривояти Бухорӣ]

- (لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، له الملك، وله الحمد وهو على كل شيء قدير. لا حول ولا قوة إلا بالله، لا إله إلا الله، ولا نعبد إلا إياه، له النعمة وله الفضل وله الثناء الحسن، لا إله إلا الله، مخلصين له الدين ولو كره الكافرون). [Ба ривояти Муслим]

- (سبحان الله، والحمد لله، والله أكبر) (се бор) (لا إله إلا الله وحده لا شريك له، له الملك وله الحمد، وهو على كل شيء قدير). [Ба ривояти Муслим]

- (اللهم أعني على ذكرك، وشكرك، وحسن عبادتك). [Ба ривояти Абӯдовуд]

- Қироът: Ояталкурсӣ ва сураи Ихлос ва сураи Фалақ ва сураи Нос. [Ба ривояти Насойи]

- Ва низ мегӯяд: (اللهم إني أسألك علما نافعا ، ورزقا طيبا ، وعملا متقبل) [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ] аъд аз салом додан аз намози фаҷр.

Масоил

1. Бархе аз мардум ҳангоме, ки пойҳояшонро дар вазъияти матлуб ва саҳеҷ (дар нишастан барои ташаҳҳуд ва ё байни ду саҷда) бигзоранд, эҳсоси дарди шадид мекунанд, барои онҳо дуруст аст, то дар ҳар вазъияте, ки бошанд бинишинанд, зеро машақату сахтӣ, суҳулату осониро бор меоварад.

2. Зан монанди мард аст дар васфи намоз.



Tags: