Аҳли закот ва ҷудо кардани закот

9194

Аҳли закот

Онҳое, ки мустаҳиқи гирифтани закот ҳастанд, ҳашт гуруҳе мебошанд, ки Аллоҳи мутаъол онҳоро ба таври ҳасрӣ дар ин оят тазаккур додааст: (Садақот, яъне закот барои фуқаро ва масокин ва кормандони закот ва муаллифатул-қулуб ва озодсозии бардагон ва қарздорон ва муҷоҳидон ва мусофире, ки иртиботи ӯ бо кишвараш қатъ шуда, фарзест аз ҷониби Аллоҳи мутаъол ва Аллоҳ донои ҳаким аст). (Тавба 60).

1. Фуқаро

Фуқаро

Ҷамъи фақир: Ва фақир касест, ки чизе надорад, то ниёзмадиҳои худ ва хонаводааш, монанди хурданӣ ва нушиданӣ ва пушоку масканро бароварда созад.

Аз закот ба миқдори кифояти яксолаи ӯ ва хонаводааш, пардохт мешавад.

2. Масокин

Масокин

Ҷамъи мискин: Ва мискин касе, ки миқдори нима ва ё бештар аз нимаи кифояташро дорад, монанди касе, ки яксад дорад ва ниёз ба дусад мебошад, барояш ба миқдори кифояти ӯ ва хонаводааш, ба мудати як сол, пардохт мешавад.

3. Кормандони ҷамъоварии закот

Кормандони ҷамъоварии закот

Касоне, ки барои ҷамъоварии закот ва тавзеъи он ба мустаҳиқинаш аз сӯи вуллоти умур, таъйин мешаванд.

Барои кормандони закот дода мешавад

Кормандоне, ки барои ҷамъоварии закот фаъолият доранд ва ҳамчунин ғорим- агар чӣ сарватманд ҳам бошад- закот барояш пардохт мешавад.

Ва касе, ки тандуруст буда, тавони кор карданро дорад- агар барои талаби илми шаръӣ худро мутафарриғ намуда бошад ва моле ҳам надорад- бароя аз закот дода мешавад, зеро ки талаби илм ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ мебошад ва ҳамитавр аст муҷоҳид ва муаллафатул-қулуб ва аммо касе, ки тавони кор карданро дорад ва худро барои ибодатҳои нафлӣ мутафарриғ намуда, аз закот барояш дода намешавад, зеро ки манофеъи ибодат мунҳасир ба ибодаткунанда аст, бар хилофи талаби илм.

4. Муаллифатул-қулуб

Муаллифатул-қулуб

Сарвароне, ки дар миёни ақвомашон нуфуз доранд ва бо додани атоё умеди мусалмон шуданашон меравад ва ё аз шари онҳо дар амон мешавад ва ё мусалмононе, ки имонашон қувват мегирад ва ё дар баробари душмане аз душманони мусалмонон ба дифоъ мепардозанд.

Ба онҳо аз закот ба миқдоре, ки дилҳои ононро ба Ислом тамоюл диҳад, пардохт мешавад.

5. Бардагон

Бардагон

Ғулом ва макотиб (ғуломе, ки барои озодии худ, мутаҳаммили пардохти маблағе бошад).

То бошад, ҳар як аз онҳо озод шавад ва узви нофеъи ҷомеа гардад ва низ битавонад Аллоҳи мутаъолро ба сурати комилтар, парастиш кунад ва ҳамчунин пардохти пул барои озодсозии асирони мусалмонон аз ҳамин боб аст.

6. Қарздорон (бадеҳкорон)

Қарздорон (бадеҳкорон)

Ҷамъи غارم: Ва он касе, ки бар ӯ дайн бошад.

Қарздорон ду навъ ҳастанд:

Якум: Касе, ки бар вай дайн аст, ба хотири ниёзмандии худаш, агар фақир буд, ба миқдори кифояти пардохти қарзаш, аз зокот барояш дода мешавад.

Дуввум: Касе, ки мутаҳаммили қарзу дайне шуда, барои сулҳ миёни ду гуруҳи мусалмонон, барояш аз закот ба миқдори кифояти пардохти дайнаш дода шавад, ҳар чанд, ки сарватманд бошад.

7. Дар роҳи Аллоҳ

Дар роҳи Аллоҳ

Касоне, ки дар роҳи Худо ҷиҳод мекунанд

Барои онҳо низ ба миқдори кифояти масорифи ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, пардохт мешавад.

Ҳамчунин махориҷи бисёре аз фаъолиятҳои даъват, ки ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ба шумор меравад, низ аз ҳамин боб пардохт мешавад ва мадраки дигаре барояш вуҷуд надорад.

8. Мусофир

Мусофир

Мусофире, ки иртиботи ӯ бо сарзаминаш қатъ шуда ва моле надорад

Барояш аз закот, ҳамон миқдор дода мешавад, ки ӯро ба сарзаминаш бирасонад, ҳар чанд, ки дар онҷо сарватманд бошад.

Огоҳиҳо

1. Закот барои ғайр аз ин ҳашт гуруҳи ёдшуда, ба дигаре пардохт намешавад, ҳар чанд, ки аз вуҷуҳи накукорӣ ва эҳсон бошад, монанди бинои масоҷид ва мадрасаҳо ва бемористонҳо ва ғайра, ки мешавад аз садақот дар он харҷ кард.

2. Дар ҳангоми пардохти закот шарт нест, ки барои ҳамаи гуруҳҳои ҳаштгона бошад, балки пардохти як гуруҳе аз онҳо ҳам, кифоят мекунад.

Касоне, ки закот ба онҳо дода намешавад

1. Сарватмандон ва инсонҳои тандурусте, ки тавони кор карданро доранд

Ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Барои сарватманд ва тандурусте, ки тавони кор карданро дорад, дар он саҳм нест) [Ба ривояти Абӯдовуд].

2. Асл ва фаръ ва ҳамсар ва касоне, ки нафақаи онҳо бар инсон воҷиб аст

Додани закот барои касе, ки нафақаи онҳо бар мусалмон воҷиб аст, ҷавоз надорад, монанди падару модар ва пардабузургу модарбузург, фарзандону фарзандони фарзанд, зеро ки пардохти закоти барои эшон,

онҳоро аз нафақаи воҷиб бар закотдиҳанда мустағнӣ намуда, аз вай соқит месозад ва дар натиҷа манфиати закот барои худаш бармегардад, монанди онаст, ки барои худаш закот пардохта бошад.

3. Кофироне, ки муаллафатул-қулуб набошанд

Барои кофироне, ки ғараз аз пардохтани закот ба онҳо, тамоюли дилҳо ба Ислом набошад, додани закот барояшон ҷавоз надорад,

ба далели фармудаи Расули Аллоҳ (с): (Аз сарватмандонашон гирифта мешавад ва ба мустамандонашон, дода мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ]

яъне: ғараз сарватмандону мустамандони мусалмон аст, на ғайри онон, зеро ки мақсад аз додани закот ғанӣ кардани фуқарои мусалмонон ҳаст, то пояҳои дӯстӣ ва бародарӣ дар миёни мусалмон, мустаҳкам гардад, чунин чизе бо кофир ҷоиз намебошад.

4. Оли Набии акрам (с) [ҳамон Бани Ҳошим мебошад]

Закот барои Оли Набии акрам (с) ба хотири иззату шарофаташон ҳалол нест, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ин садақот чиркҳои мардум мебошад, ки барои Муҳаммад ва хонадони Муҳаммад ҳалол нест) [Ба ривояти Муслим].

5. Озодшудагони Оли Набии акрам (с)

Онҳо бардагои озодшудаи Оли Набии акрам (с) ҳастанд, ба далели ҳадиси он ҳазрат (с): (Садақа бар мо ҳалол нест ва бардагони озодшудаи ҳар қавм аз ҷумлаи онон мебошанд) [Ба ривояти Тирмизӣ].

ва маъони (من أنفسهم), инаст, ки ҳукми маволи монанди ҳукми худи онҳост, пас закот бар бардогони озод шуда Оли Бани Ҳошим, низ ҳаром аст.

6. Ғуломи мамлук

Барои ғуломи мамлук, закот дода намешавад, зеро ки моли ғулом, мулкияти бодораш (молик) мебошад, агар закот барояш дода шавад, ба милкияти моликаш мунтақил мешавад, зеро, ки нафақаи ӯ бар моликаш мебошад.

Аз ин мавзуъ танҳо мукотаб (ғуломе, ки барои озодии худ дар муқобили пардохти мол бо моликаш, қарордод бастааст), истисно шудааст.

Барои мукотаб ба миқдори адои қарзи китобаташ дода мешавад.

Агар ғуломе корманди ҷамоварии закот буд, аз закот барояш пардох мешавад, зеро ки дар ин ҳолат монанди аҷир буда ва кироя додани ғулом, бо иҷозати моликаш, ҷавоз дорад.

Ҷудо кардани закот

Вақти ҷудо кардани закот

Агар вақти вуҷуби он фаро расид ва тавоноии ҷудо кардани закотро дошта бошад, ихроҷи закот воҷиб аст ва таъхири он ҷавоз надорад,

магар зарурате буда бошад, монанди ин, ки дар сарзаминҳои дӯрафтода буда ва ё ин, ки маҳбус бошад ва ё монанд он.

Далели вуҷуби ҷудо кардани фаврии закот, ин фармудаи Худованди мутаъол аст: (Ва ҳаққи онро дар рӯзи хирманкарданаш, бидиҳед) (Анъом 141).

-(Ва закотро бидиҳед) (Нур 56).

Амр муқтазии онаст, ки фавран ба он феъл иқдом шавад.

Ҳукми шитоб кардан дар ҷудо кардани закот

Шитоб кардан дар ихроҷи закот дар ҳангоми ниёзи мусалмонон, ҷоиз аст.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) Умар (р)ро барои ҷамоварии закот фиристод ва дар баргашт аз Аббос (р) гила кард ва фармуд:

Аз додани закоташ ба ман худдорӣ кард, Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Эй Умар! Аббос закоти дусоларо яксол пеш пардох кардааст) [Ба ривояти Дори Қутнӣ].

Макони ҷудо кардани закот

Беҳтар онаст, ки закотро дар миёни мардумони сарзамине, ки амвол дар онҷост, тавзеъ кунад, магар ин, ки ниёзе ба он дар сарзаминҳои наздик ва дур бештар бошад, интиқоли закот, дуруст аст.

Ба таври мисол, дар сарзамини дурафтода, фақр ва тангдастӣ бештар буда ва ё барои закотдиҳанда дар он ҷо наздикони мустаманде, монанди фуқарои сарзаминаш бошад,

зеро дар додани закот барои наздиконаш, фоидаҳое вуҷуд дорад, зеро пардохти закот ба онон садақа ва силаи раҳм, ҳар дуро шомил мешавад.

Мустаҳиқтар ба закот

Барои закотдиҳанда, шоиста аст, то барои ёфтани мустаҳиқтар ба закоташ, талош кунад. Касонеро, ки ба он ниёзи бештар доранд, пайдо кунад.

Ба ҳар теъдоде, ки сифоти истеҳқоқ дар як шахс бештар бошад, ба закот гирифтан, мустаҳиқтар мешавад, монанди фақире, ки аз хешутобор бошад ва ё фақири толиби илм ва ё монанди инҳо.

Маълумоти муҳим дар мавриди закот

Қимати закот

Асл дар закот ҷудо кардан аз худи ҳамон чизе, ки закоташ воҷиб шуда мебошад, вале агар зарурат ва ё маслаҳати роҷеҳ, тақозо мекард, метавон қимати онро пардох кард.

Робитаи давлат бо закот

Асл ин аст, ки закоти мол аз ихтисоси султа мебошад, ки барои закотдиҳандагон ва тахмини шахсии онҳо вогузор нашавад.

Агар дар ин мавзуъ мақомот сустӣ кард, масъулияти шахсӣ бар уҳдаи ҳар мусалмон аст, то зокоташро бипардозад.

Сармоягузории амволи закот барои мустаҳиқин

Сармоягузории амволи закот дар пружаҳои манфиатбор ба мустаҳиқини закот, ҷавоз дорад, агар вазъияи оҷил барои сарфи амволи закот мавҷуд набошад.

Оё дар мол ҳаққе бидуни закот монанди молиёт ва такс, вуҷуд дорад?

Закот ҳаққи давраи муайян дар мол аст, ки бар касоне, ки тавони онро доранд, воҷиби айнист.

- Дар мол ҳуқуқи дигаре ғайр аз закот аст, ки шакли ғайри одӣ дорад ва миқдораш ҳам муайян намебошад ва монанди субути закот, собит нест.

Ин ҳуқуқ ба сабаби мол воҷиб нест, балки ба илал ва асбоби оризӣ, воҷиб мегардад ва мол шарти вуҷуби он мебошад.

Аз мисолҳои он, нафақаи падару модар ва хешовандон ва ҳамсар ва дафъи зарар ҳангоми фоҷеаҳост, агар оидоти байтулмол, кифоят накунад.

- Молиёт агар одилона ҳам бошад, аз закот мустағнӣ намегардонад, зеро, ки закот ибодате аз ибодатҳост ва молиёт ва такс як илзоми маданӣ мебошад, ҳеҷ як аз онҳо наметавонад, ҷойгузини дигаре гардад.



Tags: