Аҳкоми қазои ҳоҷат

2390

Ҳангоми қазои ҳоҷат чӣ бояд кард

1. Аврати (шармгоҳ) худро ҳангоми қазои ҳоҷат аз мардум бипӯшонад, ба далели фармӯдаи он ҳазрат (с): “Гуфтани” “бисмиллоҳ” ҳангоми ворид шудани байтулхало, сатрест миёни чашмони ҷин ва авратҳои фарзандони одам” [Ба ривояти Тирмизӣ].

2. Покӣ аз наҷосате, ки ба либос ва ё баданаш расида, ба далели он чӣ ки собит шуда:

Расули Аллоҳ (с) аз канори ду қабре мегӯзаштанд, фармуданд: “ин ду қабр азоб мешаванд на барои гуноҳи кабира, аммо ин яке худро аз бавл пок намекард...” .[ Ба ривояти Абӯдовуд].

3. Истинҷо (покӣ бо об) ва ё истиҷмор (покӣ бо сангу кулух), ба далели ҳадиси Анас бин Молик (р), ки фармуд: “Расули Аллоҳ (с) вақте ба байтулхало мерафт, ман ва бачаи ҳамсолам, мушки об ва чизеро, ки монанди найзаи кӯчак бармедоштем, пас бо об истинҷо мекарданд” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Феъли он чӣ, ки ҳангоми қазои ҳоҷат ҳаром аст

1. Рӯ ба сӯйи қибла ва ё пӯшт ба қибла кардан дар ҳангоми қазои ҳоҷат дар биёбон ва аммо дар дохили сохтмонҳо, низ тарки он беҳтар аст.

ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Агар ба ҷое барои қазои ҳоҷат рафтед, дар ҳангоми қазои ҳоҷат, рӯ ба қибла ва пӯшт ба он манишинед, балки рӯ ба сӯйи шарқ ва ё ғарб кунед” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ин ҳолат дар Мадинаи Мунаввара ва шаҳрҳое, ки дар шимолу ҷануби Маккаи Мукаррама, воқеъ шуда, рост меояд.

2. Қазои ҳоҷат дар роҳи мардум ва дар соянишиман ва ҷойҳои гирдиҳамои мардум, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Аз ду лаънатгар, иҷтиноб кунед”, Саҳоба пурсиданд: Ду лаънатгар кадомҳо ҳастанд, эй Расули Аллоҳ! фамуданд: “Касе, ки дар роҳи мардум ва дар соя, маҳали нишастани онон, қазои ҳоҷат кунад” [Ба ривояти Муслим].

3. Бо Мусҳаф ба ҳамом даромадан, зеро ки дар он тавҳин ба Китоби Аллоҳи мутаъол мебошад.

4. Пешоб дар оби истодае, ки ҷараён надорад, монанди оби ҳавз, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Дар оби истода яке аз шумо, пешоб накунад ва пас дар он ғусл кунад” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Қазои ҳоҷат дар роҳҳои мардум

Корҳое, ки ҳангоми қазои ҳоҷат мустаҳаб аст

1. Дурӣ аз мардум ҳангоми қазои ҳоҷат дар биёбон.

2. Ҳангоми ворид шудан ба ҳаммом, бигӯяд: “Ба номи Аллоҳ, бори Илоҳо! Аз хубсу хабоис ба ту паноҳ мебарам” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

3. Ҳангоми ворид шудан ба ҳаммом, пойи чапи худро пеш бигзорад ва пойи ростро ҳангоми берун шудан.

4. Ҳангоми берӯн шудан: “غفرانك” [Ба ривояти Абӯдовуд].

Қазои ҳоҳат дар биёбон
Ворид шудан бо пойи чап
Берун баромадан бо пойи рост
Пешоб дар оби истода
Бидуни шак, пешоб намудан дар оби истода, мунҷар ба бемории (билҳорсиё) мешавад, ки дар асари омили беморе, ки як навъ кирмакҳое бо номи (منشقة الجسم الدمية) аст, пайдо мешавад [Тибби Набавӣ дар партави илми ҳозиразамон: “Ғиёсул-Аҳмад”].

Анҷоми он чӣ ҳангоми қазои ҳоҷат, макрӯҳ аст

1. Гап задан дар ҳоли қазои ҳоҷат ва ё касеро мухотаб қарор додан, магар барои зарурат, ба далели ҳадиси Ибни Умар (с), “ки марде аз назди Набии акрам (с), ки дар ҳоли пешоб кардан буд, гузашт ва салом дод, он ҳазрат ҷавоби саломашро надоданд” [Ба иттифоқи Муслим].

2. Ҳамроҳ бурдани чизе, ки дар он зикри Аллоҳи таъоло бошад, магар ин, ки бим ба дуздидани он дошта бошад, зеро ки он ҳазрат (с) “Ҳар гоҳ ба байтулхало мерафтанд, ангӯштарашонро мегӯзоштанд” [ Ба ривояти Абӯдовуд].

3. Бо дасти рост олати таносулии худро ламс кардан ва ё бо он истинҷо ва ё бо он наҷосати баданро пок кардан, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Яке аз шумо дар ҳолати пешоб кардан, олати таносулии худро ба дасти рост нагирад ва низ дар байтулхало ба дасти рост наҷосатро пок накунад” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

4. Дар сурохҳо ва ғорҳо, пешоб накунад, то ҳашароти дар дохилбудаи он, бар вай осеб нарасонанд ва ё вай низ ба ҳашарот осеб нарасонад.

Пешоб дар ғорҳо
Гап задан ҳангоми қазои ҳоҷат
Бо Мусҳаф ба ҳаммом рафтан
Ҳамроҳ бурдани чизе, ки дар он зикри Аллоҳи таъоло бошад.
Пешоб дар ҳолати истодан
Набии акрам (с) аз пешоб кардан дар ҳолати истода манъ кардаанд, агар бими пошидани пешоб набошад, ҷавоз дорад, ба далели ҳадиси Ҳузайфа (р), ки фармуд: “Расули Аллоҳ (с) бар мавзеъи зоболаандоз (мусор)и қавме даромада, истода пешоб карданд [Субота: Ҷое, ки хоку заболаҳоро меандозанд] ” [Ба ривояти Бухорӣ].

Истинҷо (бо об шустан) ва истиҷмор (бо кулуху санг худро пок кардан)

Истинҷо (бо об шустан)

Дур кардани он чӣ аз пасу пеши инсон хориҷ шуда ба воситаи оби пок.

Истиҷмор (бо кулуху санг худро пок кардан)

Дур кардани он чӣ аз пасу пеши инсон хориҷ шуда ба воситаи кулуху санг.

Ҳукми истинҷо ва истиҷмор

Машрӯъияти истинҷо (покӣ бо об), ба далели ҳадиси Анас бин Молик (р) аст, ки фармуд: “Расули Аллоҳ (с), ки ба байтулхало мерафтанд, ман ва бачаи ҳам сину солам, мушки об ва чизеро, ки монанди найзаи кӯчак мебардоштем, пас бо об истинҷо мекарданд” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Танҳо ба истиҷмор мешавад, ки иктифо кард ба ду шарт:

1. Бавл ва маводи ғоита аз мавзеъи хуруҷи муътодаш, таҷовуз накунад, дар ғайри ин сурат бояд бо об шуста шавад.

2. Истиҷмор бояд се бор ва ё бештар аз он, то пок шудани пасу пеши инсон аз осори наҷосат бошад.

Ҳукми истинҷо ва истиҷмор

1. Пок шудан ва зоил кардани наҷосат.

2. Покӣ ва тамизӣ ва дурӣ аз мусаббаботи бемориҳо.

Фавоид

1. Хуруҷи бод аз инсон истинҷоро лозим намегардонад

2. Истинҷо аз истиҷмор беҳтар аст, зеро ки поктару назифтар аст.

Шурути он чӣ ба воситаи он, истиҷмор анҷом мешавад

А- Бояд пок бошад, бо наҷосат дуруст нест.

Б- Аз мубоҳот бошад, бо муҳаррамот дуруст нест.

Ҷ- Мавзеъи наҷосатро пок созад

Д- Устухону саргин набошад. Салмони Форсӣ (р) мефармояд: “Расули Аллоҳ (с) аз нишастан рӯ ба қибла дар ҳангоми пешоб намудан ва ғоит кардан, манъ карданд ва ҳамчунин аз истинҷо ба дасти рост ва ё пок кардан бо камтар аз се санг ва ё саргин ва ё устухон бошад, манъ кардаанд” [Ба ривояти Муслим].

Ҳ- Аз чизҳои мавриди эҳтиром, монанди хурок ва ё варақи китоби мавриди эҳтиром, набошад.

Он чӣ ки бо он истиҷмор ҷоиз аст: сангпораи пок, дастмол, коғази пок ва порча.

Истиҷмор бо дастмол
Истиҷмор бо сангпора
Истиҷмор бо порча
Истиҷмор бо устухон
Истиҷмор бо хурок
Истиҷмор бо варақи мавриди эҳтиром
Истинҷо бо дасти рост
Бо дарсти рост истинҷо ҷавоз надорад, ба делели фармудаи он ҳазрат (с): “Яке аз шумо дар ҳолати пешоб, олати таносулияшро ба дасти рост нагирад ва низ дар байтулхало, ба дасти рост наҷосаташро пок накунад” [Ба ривояти Муслим].


Tags: