Азон ва иқомат

8068

Таърифи азон ва иқомат

Азон

Огаҳи ба дохил шудани вақти намоз бо зикри махсус .

Иқомат

Огаҳии барпоии намоз бо зикри махсус

Ҳукми азон ва иқомат

1. Дар мавриди ҷамоат:

Суннати муаккада аст [Фарзи кифоя: фарзест, ки агар касе онро адо кунад, гуноҳ аз дигарон соқит мегардад] – барои намозҳои фарзии панҷгона- дар сафар ва ҳазар, зеро ки аз шаъоири зоҳирии Ислом буда, тарки он ҷоиз нест.

Он ҳазрат (с) фармуданд: “Ҳангоме, ки вақти намоз фаро расад, бояд яке аз шумо азон бидиҳад, сипас солмандтари шумо, имомат кунад” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Мусим].

2. Дар мавриди танҳогузор:

Суннат аст, аз Уқба бин Омир (р) ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Аллоҳ (с) шунидам, ки фармуданд: “Парвардигорат аз чӯпони гӯсфандоне, ки дар мавқеъияти қуллаи кӯҳе қарор дорад, барои намоз азон медиҳад ва намоз хонад, ба шигифт мешавад, Аллоҳи мутаъол мефармояд: ба ин бандаам бингаред, азон медиҳад ва намоз мехонад, аз ман метарсад, ин бандаамро мағфират кардам ва дар биҳишт дохилаш кардам” [ Ба ривояти Насойи].

Ҳикмати азон

1. Огаҳи барои дохил шудани вақти намозу маконаш мебошад

2. Ташвиқ кардан бар намози ҷамоат аст.

3. Огоҳонидани ғофилон ва ёдоварии фаромӯшкорон барои адои намозе, ки аз бузургтарин неъматҳост.

Азон кадом вақт машрӯъ гардид ва сабаби он чӣ буд?

Азон дар соли аввали ҳиҷрӣ машрӯъ гардида ва сабабу иллати он, ниёз ба он шуд, то аломате гузошта шавад, ки дохил шудани вақти намозро барои ҳама намоён созад.

Мусалмонон дар ин маврид бо ҳам машвара намуданд, шаб фаро расид, Абдуллоҳ бин Зайд дар хоб мардеро дид, ки ноқӯсеро бардошта, барояш гуфт: (Оё ин ноқӯсро мефурушӣ?), он мард гуфт: (бо он чӣ кор мекунӣ?), мард гуфт: (Бо он ба намоз даъват мекунам),

мард гуфт: (оё туро ба чизи беҳтар аз он раҳнамои накунам?), Абдуллоҳ гуфт: (оре!), пас ҳамин азони машҳурро барояш омӯзиш дод ва сипас иқоматро низ ба вай омӯзонид [ Ба ривояти Дорамӣ]

Абдуллоҳ гуфт: вақте субҳ фаро расид, назди Расули Аллоҳ (с) рафтам ва он чӣ дар хоб дида будам, ҳикоят кардам, он ҳазрат (с) фармуданд: “ин хоби ҳақ аст –ба хости Худованд- бархез ҳамроҳи Билол онро ба вай илқо кун, зеро ки садои вай аз садои ту беҳтар ва қавитар аст” [Ба ривояти Абӯдовуд].

Фазилати азон

1- Барои муаззин дар пеши Аллоҳи мутаъол дар рӯзи қиёмат ҳар чизе, ки садояш бо он расида, шаҳодат медиҳад.

Он ҳазрат (с) фармуданд: “Ба андозаи дурии садои муаззин, агар ҷиннӣ ва ё инсӣ ва ё чизи дигаре онро мешунавад, бидуни тардид дар қиёмат барояш шаҳодат медиҳад” [Ба ривояти Бухорӣ].

2- Агар мардум аз фазилати он огаҳӣ ёбанд, ҳатман барои дарёфташ ба рақобат мепардозанд.

Он ҳазрат (с) фармуданд: “Агар мардум аз он чӣ дар азон ва саффи аввали намоз нуҳуфтааст, огоҳ шаванд ва роҳе ҷуз қуръаандозӣ22 наёбанд, ҳатман ба қуръакашӣ даст мезананд” [Ба ривояти Бухорӣ].

Шартҳои сиҳати азон

1. Аз сӯи марди мусалмон ва оқил адо шавад.

2. Бо тартиб бошад.

3. Пайиҳам бошад, миёни калимоташ фосилаи зиёде набошад.

4. Дохили вақти намоз бошад.

Суннатҳои азон

1. Рӯ ба қибла бошад.

2. Муаззин аз ҷанобат ва бетаҳоратӣ пок бошад.

3. Дар ҳангоми гуфтани “حي على الصلاة” ба сӯи рост ва гуфтани “حي على الفلاح”, ба сӯи чап рӯи худро бигардонад.

4. Муаззин дар ҳангоми азон, ду ангушти субобаи худро дар гӯшҳояш бигзорад.

5. Муаззин бояд дорои садои хубу баланд бошад.

6. Азонро бо садои хуб адо кунад ва тааннӣ дар он бакор барад.

Ангӯшташро дар гӯшҳояш дохил мекунад

Васфи азон ва иқомат

1. Васфи азон: “الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، أشهد أن لا إله إلا الله، أشهد أن لا إله إلا الله، أشهد أن محمداً رسول الله، أشهد أن محمداً رسول الله، حَيَّ على الصلاة، حَيَّ على الصلاة، حَيَّ على الفلاح، حَيَّ على الفلاح، الله أكبر، الله أكبر، لا إله إلا الله” [Ба ривояти Муслим].

2. Васфи иқомат: “ الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، الله أكبر، أشهد أن لا إله إلا الله، أشهد أن لا إله إلا الله، أشهد أن محمداً رسول الله، أشهد أن محمداً رسول الله، حَيَّ على الصلاة، حَيَّ على الصلاة، حَيَّ على الفلاح، حَيَّ على الفلاح، ، قد قامت الصلاة، قد قامت الصلاة، الله أكبر، الله أكبر، لا إله إلا الله”.

Он чӣ барои шунавандаи азон мустаҳаб аст

1. Монанди он чӣ муаззин мегӯяд, ӯ низ бигӯяд, магар дар ҳангоме, ки муаззин: “حي على الصلاة، حي على الفلاح” , мегӯяд, вай “لاحول ولاقوة إلا بالله” [Ба ривояти Бухорӣ] бигӯяд.

2. Пас аз азон: “أَشْهَدُ أَنْ لَا إِلَهَ إلا الله وَحْدَهُ لَا شَرِيكَ لَهُ، وَأَنَّ مُحَمَّدًا عَبْدُهُ وَرَسُولُهُ، رَضِيتُ بِاللهِ رَبًّا، وَبِمُحَمَّدٍ صلى الله عليه وسلم) رَسُولًا، وَبِالْإِسْلَامِ دِينًا)” [Ба ривояти Муслим] .

3. Ва бар Набии акрам (с) баъд аз азон дуруд бифиристад ва пас аз он бигӯяд: “اللَّهُمَّ رَبَّ هَذِهِ الدَّعْوَةِ التَّامَّةِ، وَالصَّلَاةِ الْقَائِمَةِ، آتِ مُحَمَّدًا الْوَسِيلَةَ وَالْفَضِيلَةَ، وَابْعَثْهُ مَقَامًا مَحْمُودًا الَّذِي وَعَدْتَهُ” [Ба ривояти Бухорӣ].

4. Дар миёни азон ва иқомат, барои худаш дуо кунад, зеро ки дуо дар ин вақт рад намешавад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “дуо миёни азону иқомат рад намешавад” [Ба ривояти Аҳмад].

Аз аҳкоми азон ва иқомат

1. Ҳангоми ҷамъ байни ду намоз монани зуҳру аср, ба як азон иктифо мешавад ва барои ҳар намоз иқомати ҷудогона гуфта мешавад.

2. Ҳар гоҳ иқомат гуфта шуд, пас аз таъхире намоз шурӯъ гардلاд, ниёзе ба дубора гуфтани иқомат вуҷуд надорад.

3. Муаззин бояд аз иштибоҳ дар калимоти азон эҳтиёт кунад, аз он ҷумла:

- Гуфтан “آلله آكبر؟” ба сиғаи истифҳом.

- Гуфтани “الله أكبار”, бо афзоиши алиф баъд аз бо.

4. Ҳангоме, ки намоз барпо шуд, шурӯъ ба намози нафл ҷавоз надорад, ҳар гоҳ иқомат гуфта шуд ва намози нафлеро пеш аз он оғоз намуда буд, агар андаке аз он боқӣ мондааст.

метавонад, такмил кунад ва дар ғайри ин ҳолат- бидуни салом- намози нафлиро қатъ кунад ва бо имом ба ҷамоати фарзӣ бипайвандад.

5. Азони кӯдаки мумайиз дуруст аст.

6. Барои намозҳое, ки ба сабаби хоб ва ё фаромӯшӣ қазо шуда, азон ва иқомат ҷавоз дорад, зеро аз Набии акрам (с) собит шуда- ҳангоме,

ки Саҳобаи киром аз намози субҳ то тулӯъи офтоб ба хоб рафтанд- “ба Билол амр карданд, то азон бигӯяд, пас аз он вузӯ карданд ва ду ракаъат – суннат- фаҷрро хонданд, пас аз он ба Билол амр карданд, то иқомат гӯяд ва намози субҳро бо ёрон адо карданд”. [ Ба ривояти Абӯдовуд]

7. Касе, ки дар масҷид буд, пас аз азон бидуни узр аз масҷид берун наварад, зеро аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: “Расули Аллоҳ (с) ба мо амр карданд, ҳар гоҳ дар масҷид будед ва азон гуфта шуд, аз масҷид берун нашавед, магар ин, ки намоз хонда бошед”. [Ба ривояти Аҳмад]

Шоиста нест

1. Лаҳн ва хушовозӣ ба гунае, ки боиси тағйири ҳуруф ва ҳаракот ва саканот ва каму зиёд дар калимоти азон шавад.

2. Баъд аз азон бо садои баланд, дурӯду салом ба Набии акрам (с) фиристодан.

3. Ҳангоми шунидани (قد قامت الصلاة), (أقامها الله وأدامها) гуфтан, балки ҳамон калимоти иқоматро такрор кунад.

- Азони фаҷр …

Ба азони фаҷр изофа мешавад «الصلاة خيرمن النوم» ду бор, ба далели фармудаи он ҳазрат (с) “Ҳар гоҳ субҳ буд, бигӯ: الصلاة خيرمن النوم، الصلاة خير من النوم (ба ривояти Абӯдовуд) ”[Ба ривояти Абӯдовуд].



Tags: