ба далели он чӣ собит шуда, Расули Аллоҳ (с) аз наздикии ду қабр гузаштанд, фармуданд: (Ин ду азоб карда мешаванд, на ба хотири гуноҳи кабира, ин яке аз пешоб хуб пок намекард) [Ба ривояти Абӯдовуд].
3. Покии макон,
ба далели ҳадиси бодиянишини Араб, ки дар масҷид пешоб намуд, он ҳазрат (с) фармуданд: (Бигзоред ва бирезед40 бар пешобаш далве аз об) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]
Покии макон
Намоз ва наҷосат
Касе, ки намоз хонд ва наҷосате, ки бар вай буд, огаҳӣ надошт ва ё ин, ки мавҷудияти онро фаромӯш карда буд, намозаш саҳеҳ аст, зеро собит шуда,
ки Расули Аллоҳ (с) намоз мехонд, кафшҳояшро аз по кашиданд, мардум низ кафшҳояшонро аз по кашиданд.
Ҳангоме, ки намоз поён ёфт, он ҳазрат (с) фармуданд: (Чаро кафшҳоятонро аз по кашидед? Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ (с), Дидем, ки шумо кафшҳоятонро кашидед, мо низ кафшҳои худро кашидем. Он ҳазрат (с) фармуданд: Ҷибриил (а) омад ва маро аз вуҷуди палидӣ дар онҳо хабар дод, ҳаргоҳ яке аз шумо ба масҷид омад, бояд кафшҳояшро бигардонад ва бубинад, агар палидӣ дар он дид, бояд бар замин бимолад, пас аз он метавонад бо онҳо намоз бихонад) [ Ба ривояти Абӯдовуд].
Касе, ки дар аснои намоз аз вуҷуди наҷосате бар худ огаҳӣ ёфт, бояд онро дӯр кунад, сипас ба намози худ идома диҳад ва назар ба ҳадиси ёдшуда, бар намози худ бино кунад, агар тавони зоил кардани палидиро надошт, намозаш ботил мебошад.
Ҳамаи рӯи замин масҷид аст
Ҳамаи рӯи замин масҷид аст ва намоз дар он саҳеҳ мебошад. Он ҳазрат (с) фармуданд: (Ва рӯи замин бароям масҷид гардонида шуд ва покаст, пас ҳар як аз умматам, ки намозро дарёбад, бояд онро адо кунад). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]
Азин мавзӯъ наҳй, ки воридшуда, мустасно мешавад, монанди намоз дар гӯристон [Намози ҷаноза аз он мустасност] ва ҳаммом, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ҳамаи замин масҷид аст, магар гӯристон ва ҳаммом) [Ба ривояти Тирмизӣ]
Намозгузор бояд чизе бипӯшад, ки миёни бозӯ ва гарданашро бипӯшонад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Яке аз шумо дар як порча либосе, ки бар шонааш чизе аз он набошад, намоз нахонад) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Бар ҷойҳое, ки дар шимоли Маккаи мукаррама воқеъ шуда, аз ҷумла Мадинаи Мунаввара рост меояд ва ҳамчунин бар ҷойҳое, ки дар ҷануби Маккаи Мукаррама воқеъ шудааст.
2. Қиблаи намозгузори нафлии савора ҳамон самти мақсади сафараш мебошад, зеро собит шуда, (ки Расули акрам (с) замоне, ки бар маркаби худ савор буданд ва қабл аз ин, ки ба самте раҳсипор шаванд, нафл мехонданд ва витр низ бар он мехонданд, магар намози фарзӣ бар он адо намекарданд). [Ба ривояти Абӯдовуд]
Касе, ки тарафи қибларо надонад, чӣ кор мекунад?
Касе, ки самти қибларо намедонад, агар дар сохтмоне қарор дошт ва мардумоне наздикаш буданд, аз онҳо қибларо мепурсад ва ё ба василаи қибланамо ва ё ба василаи офтобу моҳтоб ва ё монанди он,