Яъне: Шабе дорои қадр ва азамату бузургӣ, ба далели нузули Қуръон дар ин шаб ва низ фуруд омадани фариштагон ва баракату раҳмат ва мағфирати Илоҳӣ дар он
Аз модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) дар даҳаи охири Рамазон ба Эътикоф менишастанд) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].
2. Шабзиндадории он аз рӯи имон ва эҳтисоби аҷр:
Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Касе, ки аз рӯи имон ва эҳтисоби аҷр, шаби қадро ба ибодат гузаронад, гуноҳони гузаштааш, бахшида мешавад) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим].
3. Дуо кардан:
Аз модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқа (р) ривоя шуда, ки фармуд: (Гуфтам: Эй Расули Аллоҳ! агар лайлатул-қадрро дарёфтам, кадом дуо бикунам? Фармуданд: бигӯ: Эй бори Худоё! Ту афвкунанда ва карим ҳастӣ, ки афвро дӯст медорӣ, пас маро мавриди афви худ, қарор деҳ) [Ба ривояти Тирмизӣ].
Аломатҳои шаби қадр
1. Шабест на гарм ва на сард ва равшан
Аз Ҷобир бин Абдуллоҳ (р) ривоят шуда, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Ба ман лайлатул-қадр нишон дода шуд, пас аз он фаромӯш кардам ва он дар шабҳои даҳаи охир, дар шабест, ки на гарм асту на сард [Агар дар он гармӣ ва сардӣ, осебрасон набошад] ва шаби равшан [Тобон] мебошад) [Ба ривояти Ибни Хузайма].
2. Офтоб дар субҳи он сафед буда, бидуни шуъо мебошад