Шартҳои сиҳати намоз

3979

Якум: духули вақт

Барои намози фарзи вақтест, ки қабл аз он ва низ баъд аз он саҳеҳ нест, магар бо узр.

Худованд мефармояд: (Намоз ба мӯминон фарзи вақтист). (Нисо 103)

Яъне: Фарзшуда дар авқоти муайян.

Ва вақтҳои намоз азин қарор аст:

1. Вақти Фаҷр:

Аз тулӯъи субҳи содиқ- сафедие, ки дар уфуқи самти шарқ дида мешавад- то тулӯъи офтоб.

2. Вақти Зуҳр:

Аз заволи хуршед, то ҳангоме, ки сояи ҳар чиз ба андозаи ду баробари он, ҷуз сояи завол, имтидод ёбад, замоне, ки хуршед тулӯъ мекунад, барои шохиси соя дар самти ғарб дида мешавад, пас аз он,

ин соя кам шуда меравад, то ин, ки ба куллӣ мутаваққиф мешавад ва пас аз он бори дигар зуҳур намуда, афзоиш меёбад, ки ҳамин шуруъро вақти завол мегӯянд.

3. Вақти Аср:

Аз поёни вақти Зуҳр то ғуруби офтоб мебошад.

4. Вақти мағриб:

Аз ғуруби хуршед оғоз ва то нопадид шудани шафақи сурх- равшании сурхест, ки ҳангоми ғуруб дар уфуқи осмон падид меояд- идома дорад.

5. Вақти Ишо:

Аз поёни вақти Мағриб оғоз мешавад, то тулӯъи субҳи содиқ мебошад ва назди баъзе уламо, то нимаи шаб аст, зеро он ҳазрат (с) фармуданд: (вақти намози Ишо, ё Хуфтан то нимаи васати шаб мебошад) [Ба ривояти Муслим].

Дар вақти ҳозир метавон авқоти намозҳоро ба осонӣ аз тақвим дарёфт кард.

Намози фаҷр
Намози зуҳр
Намози аср
Намози мағриб
Намози ишо
Фавоид

1. Касе, ки як ракаъат намозро пеш аз хуруҷи вақт дарёбад, намозро дарёфтааст, зеро он ҳазрат (с) фармуданд: (Касе, ки як ракаъат намоз дарёбад, бидуни шак ҳамон намозро дарёфта аст). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

2. Агар ба иллати хоб ва ё фаромӯшӣ намозе тарк шуд, бояд фавран онро адо кунад, зеро, ки он ҳазрат (с) фармудаанд: (касе, ки намозеро фаромӯш кард, ҳангоме, ки ба ёдаш омад, бояд онро адо кунад, кафорае бар вай ҷӯз адо намебошад). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Дуввум: Покӣ аз ҷанобат ва бетаҳоратӣ

1. Покӣ аз бетаҳоратӣ,

бо вузӯ кардан поён мегирад. Он ҳазрат (с) фармуданд: (Аллоҳи таъоло намози касе аз шуморо, ки бевузӯ гардад, қабул намекунад, то ин, ки вузӯ кунад). [Ба ривояти Бухорӣ]

Вузӯ, покӣ аз ҳадаси асғар аст

2. Покӣ аз ҷанобат:

Бо ғусл кардан поён меёбад, зеро ки Худои мутаъол мефармояд: (Ва агар ҷунуб будед, худро хуб пок кунед). (Моида 6)

Касе, ки дар намоз ба ёдаш омад, ки бевузӯ мебошад ва ё дар аснои адои намоз бевузӯ гардид, намозаш ботил шуда аст, бояд барои вузӯ кардан бидуни салом додан берун равад, зеро, ки намозаш қатъ шуда, поён наёфта аст, салом додан барои хотимаи намоз мебошад.

Ғусл, покӣ аз ҳадаси акбар (ҷанобат) мебошад

Саввум: покии либос ва бадану макон

1. Покии либос,

ба делели фармудаи Худованди мутаъол: (Ва либосатро пок кун)(Муддасир 4)

Покии либос

2. Покии бадан,

ба далели он чӣ собит шуда, Расули Аллоҳ (с) аз наздикии ду қабр гузаштанд, фармуданд: (Ин ду азоб карда мешаванд, на ба хотири гуноҳи кабира, ин яке аз пешоб хуб пок намекард) [Ба ривояти Абӯдовуд].

3. Покии макон,

ба далели ҳадиси бодиянишини Араб, ки дар масҷид пешоб намуд, он ҳазрат (с) фармуданд: (Бигзоред ва бирезед40 бар пешобаш далве аз об) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Покии макон

Намоз ва наҷосат

Касе, ки намоз хонд ва наҷосате, ки бар вай буд, огаҳӣ надошт ва ё ин, ки мавҷудияти онро фаромӯш карда буд, намозаш саҳеҳ аст, зеро собит шуда,

ки Расули Аллоҳ (с) намоз мехонд, кафшҳояшро аз по кашиданд, мардум низ кафшҳояшонро аз по кашиданд.

Ҳангоме, ки намоз поён ёфт, он ҳазрат (с) фармуданд: (Чаро кафшҳоятонро аз по кашидед? Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ (с), Дидем, ки шумо кафшҳоятонро кашидед, мо низ кафшҳои худро кашидем. Он ҳазрат (с) фармуданд: Ҷибриил (а) омад ва маро аз вуҷуди палидӣ дар онҳо хабар дод, ҳаргоҳ яке аз шумо ба масҷид омад, бояд кафшҳояшро бигардонад ва бубинад, агар палидӣ дар он дид, бояд бар замин бимолад, пас аз он метавонад бо онҳо намоз бихонад) [ Ба ривояти Абӯдовуд].

Касе, ки дар аснои намоз аз вуҷуди наҷосате бар худ огаҳӣ ёфт, бояд онро дӯр кунад, сипас ба намози худ идома диҳад ва назар ба ҳадиси ёдшуда, бар намози худ бино кунад, агар тавони зоил кардани палидиро надошт, намозаш ботил мебошад.

Ҳамаи рӯи замин масҷид аст

Ҳамаи рӯи замин масҷид аст ва намоз дар он саҳеҳ мебошад. Он ҳазрат (с) фармуданд: (Ва рӯи замин бароям масҷид гардонида шуд ва покаст, пас ҳар як аз умматам, ки намозро дарёбад, бояд онро адо кунад). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Азин мавзӯъ наҳй, ки воридшуда, мустасно мешавад, монанди намоз дар гӯристон [Намози ҷаноза аз он мустасност] ва ҳаммом, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Ҳамаи замин масҷид аст, магар гӯристон ва ҳаммом) [Ба ривояти Тирмизӣ]

ва ҳамчунин тавилаи уштурон, ба далели фармудани Набии акрам (с): (Дар тавилаи уштурон намоз нахонед) [Ба ривояти Тирмизӣ].

Намоз дар қабристон
Намоз дар ҳаммом

Чаҳорум: Пӯшонидани аврат

Аврати мард: Аз ноф то зонӯ.

Аврати зан дар намоз: тамоми баданаш аврат аст, ба ҷуз рӯй ва кафҳои дастонаш.

Пӯшонидани шонаҳо…

Намозгузор бояд чизе бипӯшад, ки миёни бозӯ ва гарданашро бипӯшонад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Яке аз шумо дар як порча либосе, ки бар шонааш чизе аз он набошад, намоз нахонад) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Намоз бо шонаҳои бараҳна

Панҷум: Таваҷҷӯҳ ба қибла

Қибла ҳамон Каъбаи муаззама аст.

Аллоҳи мутаъол мефармояд: (Рӯи худро ба сӯи Масҷиди Ҳаром бигардонед ва ҳар куҷо, ки бошед, рӯйҳоятонро ба сӯяш бигардонед) (Бақара 144)

Ва риъояти баъзе умур лозим мебошад:

1. Касе, ки дар дохили Масҷиди Ҳаром намоз мехонад, воҷиб аст, ки таваҷҷӯҳаш ба худи Каъба бошад, аммо касе, ки дур аз Каъба намоз мехонад, рӯи худро ба сӯи Каъба мегардонад,

зеро вай гоҳо наметавонад ба айни Каъба мутаваҷҷеҳ гардад ва ба ҳамин далел Набии акрам (с) фармудаанд: (Миёни машриқ ва мағриб қибла аст) [ Ба ривояти Тирмизӣ].

Бар ҷойҳое, ки дар шимоли Маккаи мукаррама воқеъ шуда, аз ҷумла Мадинаи Мунаввара рост меояд ва ҳамчунин бар ҷойҳое, ки дар ҷануби Маккаи Мукаррама воқеъ шудааст.

2. Қиблаи намозгузори нафлии савора ҳамон самти мақсади сафараш мебошад, зеро собит шуда, (ки Расули акрам (с) замоне, ки бар маркаби худ савор буданд ва қабл аз ин, ки ба самте раҳсипор шаванд, нафл мехонданд ва витр низ бар он мехонданд, магар намози фарзӣ бар он адо намекарданд). [Ба ривояти Абӯдовуд]

Касе, ки тарафи қибларо надонад, чӣ кор мекунад?

Касе, ки самти қибларо намедонад, агар дар сохтмоне қарор дошт ва мардумоне наздикаш буданд, аз онҳо қибларо мепурсад ва ё ба василаи қибланамо ва ё ба василаи офтобу моҳтоб ва ё монанди он,

қибларо шиносои мекунад, агар оҷиз монд, бар гумони ғолиб ҳукм мекунад, ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Аз Аллоҳ ба қадри тавони худ битарсед). (Тағобун 16)

Касе, ки дар дохили Ҳарам намоз мехонад
Касе, ки дур аз Каъба намоз мехонад


Tags: