Саҷдаи саҳв, шукр ва тиловат

6821

Якум: Саҷдаи саҳв

Таърифи Саҷдаи саҳв

Саҷдаи саҳв

Иборат аз ду бор саҷда кардан аст, ки намозгӯзор барои ҷуброни халале, ки дар намозаш саҳван рух додааст, онро анҷом медиҳад.

Асбоби саҷдаи саҳв

1. Шак

Шак

Ибарат аз тардид байни ду чиз, ки кадом як аз онҳо воқеъ шудааст.

Шак дар робита бо намоз ба ду бахш тақсим мешавад:

1. Шак баъд аз намоз

Ва ин шаккест, ки ба он таваҷҷӯҳ намешавад.

Мисоли он: Марде баъд аз намози субҳ шак кард, ки ду ракаъат хонда ва ё се ракаъат? Ба чунин шакке таваҷҷӯҳ намешавад, магар ин, ки яқин дошта бошад, ба он яқин амал мекунад.:

2. Шак дар аснои намоз

Чунин шак аз ду ҳолат холӣ нест:

Якум: Ин, ки яке аз ду чиз наздаш тарҷеҳ ёбад:

Дар ин ҷо ба он чӣ наздаш тарҷеҳ ёфта, амал мекунад ва баъд аз салом додан, барои саҳв ду саҷда мекунад.

Мисоли он: Марде намози зуҳро мехонад ва дар ракаъат шак кард, ки оё дуввум аст, ё саввум? Вале тарҷеҳ бар он шуда, ки ракаъати саввум аст, пас ҳамон ракаъати саввум шумурда мешавад, баъд аз салом додан, барои саҳв, ду саҷда мекунад.

Ва далел бар он фармудаи Набии акрам (с): «Ҳар гоҳ аз яке шумо дар намозаш шак кард, бояд ки барои расидан ба дурустӣ фикр кунад, пас аз он салом диҳад ва баъд аз он ду бо саҷда кунад». [Ба ривояти Ибни Ҳиббон]

Салом медиҳад Пас аз он Барои саҳв саҷда мекунад

Дуввум: Агар яке аз ду чиз барояш тарҷеҳ надошт:

Дар ин ҷо бар камтарини он бино мекунад, намозашро тамом намуда, қабл аз салом, саҷдаи саҳв мекунад.

Мисоли он: Марде намози зуҳрро мехонад, барояш шак пайдо шуд, ки ракаъати дуввум аст, ё саввум ва ҳеҷ тарҷеҳе барои яке аз он наздаш пайдо нашуд,

ин мард ба камтарини он бино мекунад ва онро ракаъати дуввум шумурда, намозашро тамом мекунад, ва барои саҳв қабл аз салом додан, ду саҷда мекунад.

Ва далел бар ин, фармудаи Набии акрам (с): «Агар яке аз шумо дар намозаш шак кард, ки чанд ракаъат хонда, се ва ё чаҳор ракаъат? бояд шакро бигзорад ва бар яқин бино кунад, пас аз он ду саҷда кунад, қабл аз салом додан». [Ба ривояти Муслим]

Барои саҳв саҷда мекунад Пас аз он Салом медиҳад

2. Фузунӣ:

Яъне намозгузор дар намозаш рукӯъ ва ё саҷдаро зиёд кунад...

Фузунӣ аз ду ҳолат холӣ нест:

Якум: Намозгузор дар аснои феъл онро ба хотир оварад.

Дар ин ҷо воҷиб аст, то аз он руҷӯъ карда, намозашро тамом кунад, пас аз он баъд аз салом, саҷдаи саҳв кунад.

Мисоли он: Марде намози зуҳр мехонад ва бархост то ракаъати панҷумро бихонад, вале дар аснои ракаъат ба хотираш омад, ки иштибоҳ карда,

дар ин ҷо воҷиб аст, то фавран бинишинад ва намозашро тамом карда, баъд аз салом, саҷдаи саҳв кунад.

Дуввум: Намозгузор баъд аз адои он ба хотир биёварад.

Ва дар ин ҷо намозашро тамом карда, баъд аз салом, саҷдаи саҳв мекунад.

Ва далели он ҳадиси Ибни Масъуд (р) «ин, ки Набии акрам (с) намози зуҳрро панҷ ракаъат хонданд, барояш гуфта шуд: (оё ба намоз зиёдат шуда? Фармуданд: яъне чӣ гуфт: панҷ ракаъат хондед). Баъд аз салом ду саҷда карданд». [Ба ривояти Бухорӣ]

3. Камбуд:

Яъне намозгузор рукне аз аркон ва воҷибе аз воҷиботи намозро анҷом надиҳад, тавре, ки камбуде воқеъ шавад.

1. Камбуди рукн:

Ва он аз ду ҳолат холӣ нест:

Якум: Агар ба мавзеъи камбуд дар ракаъати баъдӣ расид ва ба ёдаш омад:

Дар инҷо, ракаъатеро, ки рукне аз он тарк шудааст, мулғо мекунад ва ракаъати баъдиро ба ивази он муътабар мешуморад.

Мисоли он: Марде рукӯъро дар ракаъати аввал фаромӯш кард ва дар рукӯъи ракаъати дуввум ба ёдаш омад, ки рукӯъ дар ракаъати аввалро фаромӯш карда,

пас ҳамин ракаъат, ракаъати аввал аст, на қаблии он ва намозашро тамом мекунад, пас аз он баъд аз салом барои саҳв саҷда мекунад.

Салом медиҳад Пас аз он Барои саҳв саҷда мекунад

Дуввум: Намозгӯзор қабл аз расидан ба мавзеъи он дар ракаъати баъдӣ ба хотир биёварад:

Дар ин ҷо бар вай воҷиб аст, то баргардад ва рукни таркшударо ба ҷо оварад ва ба намози худ то итмомаш идома диҳад, баъд аз салом барои саҳв саҷда мекунад.

Мисоли он: Марде саҷдаи дуввум ва нишастан қабл аз онро фаромӯш кард, пас аз ин, ки дар ракаъати дуввум аз рукӯъ бархост, ба ёдаш омад,

пас бар мегардад ва мешинад ва саҷда мекунад ва баъд аз он намозашро тамом намуда, баъд аз салом додан барои саҳв саҷда мекунад.

2. Камбуди воҷиб

Агар намозгӯзор воҷибе аз воҷиботи намозро фаромӯш кард, аз се ҳолат холӣ нест:

- Якум: Қабл аз ин, ки аз мавзеъи ҳамон воҷиб дар намоз бигзарад, ба ёдаш омад:

Дар ин ҷо вайро анҷом медиҳад ва ҳеҷ чиз бар вай нест.

- Дуввум: Пас аз ин, ки аз мавзеъи он дар намоз гузашт ва қабл аз ин, ки ба рукни баъдӣ бирасад, ба ёдаш омад.

Дар ин ҳолат бар мегардад ва онро адо мекунад, пас аз он намозашро тамом намуда, баъд аз салом додан, саҷдаи саҳв мекунад.

- Саввум: Пас аз расидан ба рукни баъдӣ ба ёдаш омад.

Дар ин ҷо ба намозаш идома медиҳад ва бар намегардад ва қабл аз салом додан барои саҳв саҷда мекунад.

Мисоли он: Марде аз саҷдаи дуввум дар ракаъати дуввум сарашро бардошт, то ба ракаъати саввум бархезад, вале қабл аз ин, ки аз ҷо баланд шавад, ба ёдаш омад,

ки дар ташаҳҳуди аввал нанишастааст, пас ба ташаҳҳуд мешинад ва намозашро тамом мекунад ва ҳеҷ чизе бар вай нест.

Агар пас аз ин, ки баланд шуд ва қабл аз ин, ки ба куллӣ истода шавад, ба ёдаш омад, ки дар ташаҳҳуди аввал нанишастааст,

менишинад ва ташаҳҳуд мехонад ва сипас намозашро ба поён мерасонад ва баъд аз салом додан барои саҳв саҷда мекунад.

Агар пас аз ин, ки бархост ва истода шуд, ба хотираш омад, ки ташаҳҳуди аввалро фаромӯш карда, бар намегардад, балки намозашро тамом мекунад ва барои саҳв қабл аз салом додан, саҷда мекунад.

Ва далели он, ҳадиси Абдуллоҳ бин Буҳайна (с) «ин, ки Набии акрам (с) бо онҳо намози зуҳрро адо карданд, баъд аз ду ракаъат ба қаъда нанишастанд, мардум бо эшон бархостанд, то ин, ки намозашро тамом карданд ва мардум интизори салом додани эшонро доштанд, дар ҳоле, ки нишаста буданд, қабл аз салом ду саҷда карданд ва баъд аз он салом доданд». [Ба ривояти Бухорӣ]

Васфи саҷдаи саҳв

Намозгӯзор як салом ба самти рост медиҳад ва такбир гуфта, саҷда мекунад, монанди саҷдаи намоз ва баъд аз он ташаҳҳуд ва дуруд бар Набии акрам (с) ва дуо хонда, салом медиҳад.

Якум: Бо мавҷудияти зиёдат.

Дуввум: Бо шакҳое, ки яке аз ду ҳолати машкук тарҷеҳе дошта бошад.

Масоил

1. Агар намозгӯзор салом дод, қабл аз тамом шудани намоз ва ба хотир наовард, магар баъд аз замоне, намозро аз нав иъода кунад ва агар баъд аз гузашти вақти каме,

монанди дақиқаҳои чанд, яъне ду то се дақиқа бошад, намозашро такмил мекунад ва баъд аз намоз барои саҳв саҷда мекунад.

2. Бар муқтадӣ воҷиб аст, то аз имом дар саҷдаи саҳв пайравӣ кунад, агар чӣ баъд аз саҳв ба имом пайваста бошад.

3. Намозгӯзор агар муртакиби ду саҳв гардид, ки мавзеъи яке қабл аз салом ва мавзеъи дуввуме баъд аз салом буд, танҳо қабл аз салом саҷда мекунад.

Барои саҳв саҷда мекунад

Дуввум: Саҷдаи шукр

Саҷдаи шукр

Саҷдаи шукргӯзорӣ барои Аллоҳ ҳангоми дарёфти неъмате ва ё чизи хушӣ ва ё дафъи бало ва нохушӣ ва монанди он.

Ва далели машрӯъияи саҷдаи шукр: Ҳадиси Абӯбакрата (р) аст, ин, «ки Набии акрам (с) ҳаргоҳ барояш амри хушӣ ва ё башорате дода мешуд, барои шукри Аллоҳ, ба саҷда мерафт». [Ба ривтяти Абӯдовуд]

Васфи саҷдаи шукр

Такбиргӯён ба саҷда меравад ва мегӯяд: «سبحان ربي الأعلى» ва Аллоҳи таъолоро сипос мегӯяд ва бар неъмате,

ки барояш арзонӣ фармуда, шукр мекунад, пас аз он аз саҷда баланд мешавад, бидуни ин, ки такбире гӯяд ва ё салом бидиҳад.

Саввум: саҷдаи тиловат

Саҷдаи тиловат

Саҷдаест, ки қорӣ агар ояти саҷдаро бихонад, бояд саҷда кунад.

Ва далели машрӯъияти саҷдаи тиловат, он чӣ ки аз Ибни Умар (р) собит шуда, ки гуфт: «Набии акрам (с) бар мо сураро, ки дар он саҷда буд, қироъат мекарданд, пас саҷда мекарданд ва мо низ саҷда мекардем». [Ба ривояти Бухорӣ]

Агар қорӣ дар намози ҷаҳрӣ ва ё хуфия, ояти саҷдаро хонад, бояд саҷда кунад ва агар дар хориҷи намоз низ онро бихонад, бояд саҷда кунад ва вузӯ доштан барояш шарт аст.

Васфи саҷдаи тиловат

- Қорӣ ва шунавандаи ояти саҷда, такбиргӯён саҷда мекунад ва мегӯяд: «سبحان ربي الأعلى» ва ин дуоро мехонад:

- «سجد وجهي للذي خلقه، وشق سمعه وبصره بحوله وقوته».[Ба ривояти Тирмизӣ]

- «اللهم اكتب لي بها عندك أجراً، وضع عني بها وزراً، واجعلها لي عندك ذُخراً، وتقبلها مني كما تقبلتها من عبدك داود».[Ба ривояти Тирмизӣ]

- Пас аз он такбир мегӯяд ва аз саҷда баланд мешавад- агар дар намоз буд- ва агар дар намоз набуд, бидуни такбир ва салом баланд мешавад.

Оёте, ки дар он саҷдаи тиловат вуҷуд дорад, азин қарор аст:

Сураи Аъроф, ояти 206 сураи Намл ояти 25
сураи Раъд, ояти 15 сураи Саҷда ояти 15
сураи Наҳл ояти 49 сураи Сод ояти 24
сураи Исро ояти 107 сураи Фуссилат ояти 37
сураи Марям ояти 58 сураи Наҷм ояти 62
сураи Ҳаҷ ояти 18 сураи Иншиқоқ ояти 21
сураи Ҳаҷ ояти 77 сураи Алақ ояти 19
сураи Фурқон ояти ---- 60

Масоил

1. Мусофире, ки савор бар маркабест, агар ояти саҷдаро тиловат кард, аз маркаби худ поён шуда, саҷдаи тиловатро анҷом медиҳад, агар барояш ин кор муяссар набуд, бо ишораи сар саҷда мекунад.

2. Ҳар гоҳ қорӣ ояти саҷдаро такрор кард, якбор саҷда барои ҳама кифоят мекунад.

3. Адои саҷдаи тиловат дар авқоти наҳйи адои намоз макрӯҳ аст.

4. Шунавандаи ояти саҷда аз қорӣ бидуни қасд, саҷда мекунад, агар қорӣ инсон бошад, агар дастгоҳе буд, ё аз тутӣ шунида бошад, саҷда намекунад.



Tags: