Ба ин тартиб:
- Якум: Қоритар ба китоби Аллоҳ, яъне ҳофизтар ва олимтар ба аҳкомаш бошад.
- Дуввум: Донотар ба суннат: яъне касе, ки ба маъонии он ва аҳкомаш донотар бошад.
- Саввум: Дар муҳоҷират муқаддамтар: яъне касе, ки дар муҳоҷират аз сарзамини куфр ба сарзамини Ислом пешгомтар бошад ва агар муҳоҷират набуд, касе, ки дар тарки маъсият ва тавба, пешгомтар бошад.
- Чаҳорум: Солмандтар: ҳангоме, ки дар шартҳои қаблӣ баробар бошанд.
Ва далели он чӣ зикр шуд, ҳадиси Абӯмасъуди Ансорӣ (р) аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Барои қавм, касе, ки қоритарашон ба китоби Аллоҳ бошад, имомат кунад, агар дар қиръат баробар буданд, донотарашон ба суннат, агар дар суннат низ баробар буданд, пешгомтарашон дар ҳиҷрат, агар дар ҳиҷрат низ баробар буданд, пас муқаддамтарашон дар Ислом, имомат кунад». [Ба ривояти Муслим]
Ин тартиб ҳангоми иродаи таваллияти пешнамозӣ барои масҷид ва ё дар ҷамоате, ки имоми ротиби (имоми муъайяне барои намоз дар масҷидаш) набошад,
риъоят мешавад, аммо агар ҷамоате имоми муъайяне дорад ва ё соҳиби хона имом бошад ва ё касе соҳиби амре [Монанди ин, ки султоне бошад ва ё фармодеҳе ва ё раиси мавзеъе ва монанди он] буда,
пас ҳамон шахс нисбат ба дигарон муқаддам мебошад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Ҳеҷ марде имомат дар ҳитаи султаи марде накунад ва низ дар мавзеъи эъзози касе бидуни иҷозаи ӯ манишинад». [Ба ривояти Муслим]
1. Агар ҷамоат ду тан бошанд ва ё бештар :
имом дар пешрӯ ва дар васати онон меистад, ба далели ҳадиси Ҷобир ва Ҷаббор(р) ин, ки яке аз онон дар тарафи рости Расули Аллоҳ (с) ва дигаре дар тарафи чапи эшон истоданд,
Ҷобир гуфт: «Расули Аллоҳ (с) аз дастони мо гирифт, ҳар дуи моро ба ақиб заданд, то дар пушти сарашон моро истод карданд». [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]
2. Агар ҷамоат ду тан бошад ва ё бештар бошанд :
имом дар пешрӯ ва дар васати онон меистад, ба далели ҳадиси Ҷобир (р) ин, ки яке аз онон дар тарафи рости Расули Аллоҳ (с) ва дигаре дар тарафи чапи эшон истоданд,
Ҷобир гуфт: «Расули Аллоҳ (с) аз дастони мо гирифт, ҳар дуи моро ба ақиб заданд, то дар пушти сарашон моро истод карданд». [Ба ривояти Муслим]
1. Агар занон ба ҷамоат намоз бихонанд, суннат онаст, ки имомашон дар васати онон биистад ва аз онон пештар набошад.
2. Агар зане ба марде иқтидо кард, дар ақиби вай меистад ва агар бо мардон ба намоз биистад, дар ақиби сафи мардон меистад.
3. Агар гуруҳе аз занон бо мардон дар ҷамоат намоз бихонанд, суннат онаст, ки сафҳои занон дар ақиби сафҳои занон бошад.
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «Беҳтарин сафи занон, сафи охир аст ва бадтарини он, аввалаш мебошад». [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ]
1. Барои касе, ки дар хонаи худ буда, аз хилоли шунидани садои балангӯ ва ё аз хилоли гӯш додан ба радио, иқтидо ба имом кунад, саҳеҷ нест.
2. Иқтидо ба имом дар хориҷи масҷид, агар сафҳо бо ҳам муттасил бошад, саҳеҳ аст.
3. Муқтадиёне, ки дар боми масҷид бошанд ва ё поёнтар, иқтидояшон ба имоми масҷид дуруст аст, агар садои имомро бишнаванд.
4. Иқтидои касе, ки намози фарзиро мехонад, дар ақиби касе, ки намози нафлӣ мехонад, дуруст нест ва акси он саҳеҳ аст.
1. Барои муқтадӣ, пайравӣ аз имом машрӯъият дорад, тавре, ки ҳар амалро баъд аз имомаш мубошаратан анҷом медиҳад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Имом барои онаст, ки аз он пайравӣ шавад, агар такбир гуфт, аз ақибаш такбир бигӯед ва агар рукӯъ кард, пас шумо низ рукӯъ кунед ва агар саҷда намуд, шумо низ саҷда намоед». [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]
2. Сабқат аз имом ҳаром аст. Набии акрам (с) дар ин маврид ташдид намуда, фармудааст: «Оё яке аз шумо, ки қабл аз имомаш сарашро баланд кунад, азин бим надорад, ки Аллоҳи мутаъол сарашро сари хар бигардонад ва ё чеҳраи ӯро чеҳраи хар бигардонад». [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]
3. Касе, ки саҳван аз имоми худ сабқат кунад, воҷиб онаст, ки баргардад ва аз ӯ пайравӣ кунад.