Намози соҳибони узр

3616

Таърифи узрҳо

Соҳибони узр

Беморӣ, сафар, хавф.

1. Намози бемор

Бар бемор лозим аст, то намозро ба қадри тавонаш адо кунад, агар монанди инсони тандуруст, тавони адои онро дошт, бояд ба ҳамон гуна, бихонад, агар тавони онро надошт, пас ба қадри тавонаш мавриди бозхост мебошад.

Бинобарин агар бемор тавони қиёмро дошта бошад, воҷиб аст, ки истода бихонад, агар тавони истоданро надошт, намозашро нишаста бихонад, агар тавони нишастро низ надошт, бар паҳлӯ рӯ ба қибла бихонад, агар ба паҳлу низ қодир набуд,

бар пӯшт бихонад ва пойҳояшро ба сӯи қибла дароз кунад, агар ин ҳам барояш осон набуд, ба ҳар гунае, ки барояш мумкин буд,

намоз бихонад ва далелаш ҳам фармудаи Худованд: (Аз Аллоҳи мутаъол ба қадри тавон битарсед) [التغابن:16] мебошад.

Ва низ фармудаи он ҳазрат (с) ба Имрон бин Ҳусайн (р): (намоз бихон истода, агар натавонистӣ, нишаста бихон, агар натавонистӣ, бар паҳлӯ бихон). [Ба ривояти Бухорӣ]

Аз аҳкоми намози бемор

1. Агар бемор нишаста намоз хонад ва тавони саҷдаро дошт, бар вай саҷда кардан воҷиб аст.

2. Агар бемор нишаста намоз хонад ва аз саҷда кардан оҷиз бувад, пас бояд бо баданаш бо рукуъу саҷда ишора мекунад ва саҷдааш поёнтар аз рукуъаш мебошад,

агар ишора бо бадан мушкил бувад, бо сараш ишора мекунад, ҳамчунин, агар бар пушт хобида намоз хонад, бо сари худ ишора мекунад.

3. Агар барои бемор, вузӯ кардан дар ҳар намоз мушкил бувад, ва ё хондани намозҳо дар вақтҳояш машақатбор бувад, метавонад ҷамъ байни ду намози зуҳру аср ва байни мағрибу ишо,

дар вақти аввал ва ё дуввумӣ, бар пояе, ин, ки кадом як барояш муносибтар аст, бикунад.

4. То замоне, ки бемор ақлаш кор мекунад, намоз ҳаргиз аз вай соқит намешавад, барои бемор шоиста нест, ки ба баҳонаи беморӣ дар мавриди намоз сустӣ кунад. Бояд ба қадри тавон дар адои намоз, кӯшиш кунад.

5. Агар чанд рӯзе беҳуш мешавад ва сипас ба ҳуш меояд, дар он ҳолати ҳушманд буданаш бар тибқи навоноияш намоз мегӯзорад, ва намозҳое,

ки дар ҳолати беҳушӣ аз вай фавт шуда, қазои надорад, вале агар беҳушии ӯ давомдор набуд, монанди ин, ки як рӯз ё ду рӯз буд, бояд ба қадри тавонаш, қазои онро адо кунад.

Такбир
Қироат
Рукӯъ
Саҷда

2. Намози мусофир

Барои мусофир воҷиб аст, то намози чаҳорракаътиро қаср кунад, (зуҳр ва асру ишо), ду ракаъат бихонад, ба далели фармудаи Худованд: (ҳаргоҳ дар замини сафар кардед, бар шумо боке нест, ки дар намоз қаср кунед, агар бим доштед, ки куффор ба шумо фитна эҷод мекунанд, , кофирон ҳар ойина барои шумо душмани возеҳ ҳастанд) [нисо 101].

Ва ҳамчунин ба далели он чӣ аз Анас бин Молик (р) ривоят шуда, ки гуфт: (Бо Расули Аллоҳ (с) аз Мадина ба сӯи Макка баромадем, пас намозҳоро бо мо ду ракаъатӣ адо мекарданд, то ин, ки баргаштем).[Ба ривояит Насои]

Мақсуд аз сафар

Ҳар он чӣ дар урф калимаи сафар ба он гуфта мешавад, сафар буда, намоз дар он қаср мешавад.

Қасри намоз

1. Қасри мусофир пас аз тарки хонаҳои шаҳре, ки дар он сукунат дорад, оғоз мешавад, барояш қасри намоз ҷоиз нест, то замоне, ки дар хонаи маскунии худ мебошад,

зеро аз Набии акрам (с) ривояте собит нашуда, ки қасри намоз карда, магар баъд аз хориҷ шудан аз ободиҳои маҳали иқоматашон.

2. Агар мусофир ба сарзамине бирасад ва қасди иқомати понздаҳрӯза ва ё бештар аз онро кард, бояд ки намозҳояшро комил бихонад.

Агар қасди иқомат камтар азин рӯзҳоро дошт, метавонад қаср бихонад, агар қасди иқомати муддати муайянеро надошт, балки мехост ба муҷарради анҷоми кораш онҷоро тарк гӯяд,

барояш қаср хондан то баргашташ ҷоиз аст, ҳар чанд, ки муддати иқоматаш беш аз рӯзҳо низ гардад.

3. Агар муқиме дар ақиби мусофире, ки намози қаср мехонад, иқтидо кард, бар вай воҷиб аст, то баъд аз салом додани имом, намозашро ба итмом бирасонад.

Ҷамъ кардан миёни ду намоз

1. Оё барои мусофир ва бемор, ҷамъ байни ду намози зуҳр ва аср дар вақти яке аз онҳо ва ҳамчунин миёни мағриб ва ишо дар вақти яке аз онҳо, ҷоиз аст?

Уламо дар ин масъала ихтилофи назар доранд: Аҳноф ба ин назаранд, ки барои мусофир ва мариз, ҷамъи байни ду намоз ҷавоз надорад, магар ин, ки ҷамъи шаклӣ бошад,

тавре, ки намози аввалро дар охири вақташ ва намози дуввумро дар аввали вақташ, адо кунад.

Ва далели онҳо фармудани Худованди мутаъол аст: (Намоз бар мӯминон фарзи вақтист).

2. Дар ҳоле, ки ҷумҳури уламо ба ин назаранд, ки барои мусофир бо таваҷҷӯҳ ба аҳодиси саҳеҳе, ки дар ин бора ворид шуда, ҷавоз дорад,

аз он ҷумла ривояти Муоз (р) аст, ки мегӯяд: (Бо Набии акрам ба ғазваи Табук баромадем, он ҳазрат (с) намозҳои зуҳру ишоро низ бо ҳам ҷамъ мекард) [Ба ривояти Муслим].

Амммо дар мавриди бемор, низ ҷамъи салотайнро барояш муҷоз донитаанд, бино ба қиёс ба сафар, ба иллати вуҷуди машақат миёни ҳар ду.

Агар дар вақти намози аввал ҷамъи тақдим ва агар дар вақти намози дуввумӣ буд, ҷамъи таъхир мебошад.

3. Лозим нест, ки ҷамъу қаср бо ҳам анҷом шавад. Гоҳо ҷамъу қаср бо ҳам мебошанд ва гоҳе ҷамъ мешавад, вале қаср намебошад.

Намози мусофир дар афтобус

1. Агар нафлӣ бошад:

Намозаш дуруст аст, бо узр ва ё бидуни узр бошад, ба далели он чӣ, ки собит шуда, (Расули Худо (с) савор бар маркабашон ба ҳар сӯе, ки раҳсипор буд, нафл мехонданд). [Ба ривояти Бухорӣ]

2. Агар фарзӣ буд:

Намоз дуруст аст, агар тавони пиёда шудан барои намоз хондан дар заминро надошта бошад, ё ин, ки агар пиёда шуд, аз савор шудан оҷиз аст ва ё бар ҷонаш аз душмани бим дорад ва ё монанди он, дорои чандин ҳолат аст, ки аз ҷумла:

- Якум: Тавони рӯ ба қибла шуданро дорад ва низ рукуъ ва саҷдаро метавонад, анҷом диҳад, монанди ин, ки дар киштӣ бошад,

бар вай лозим аст, то намозро ба ҳамон гунаи одӣ адо кунад, зеро, ки тавони онро дорад.

- Дуввум: Тавони рӯ ба қибл шуданро дорад, вале тавоноии рукуъ ва саҷдаро надорад, бар вай лозим аст,

ки дар ҳангоми такбири таҳрима рӯ ба қибла бошад, пас аз он тибқи таваҷҷӯҳи афтобус ба ҳар сӯ намоз мехонад ва барои рукуъ ва саҷда ишора мекунад.

3. Намози хавф

Намози хавф дар кушту хуне, ки мубоҳ бошад, машрӯъ аст, чӣ дар иқомат бошад ва ё чӣ дар сафар ва далели машрӯъияташ аз Қуръон ва Суннат аст:

1. Аз Қуръон фамудаи Худованд: (Ва агар дар миёни онҳо будӣ ва бар эшон намоз барпо кардӣ, бояд гурӯҳе аз онҳо бо ту биистанд ва силоҳҳояшонро бо худ бигиранд, ҳангоме, ки саҷда карданд, дар пушти шумо бошанд ва гуруҳи дигаре, ки намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд, эҳтиёт кунанд ва силоҳҳояшонро бо худ бигиранд) [Нисо 102]

2. Ва аз суннат: феъли Расули Аллоҳ (с) аст, тавре, ки бо ёронаш намози хавф хондаанд ва низ асҳоби он ҳазрат (с) баъд аз эшон низ, хонданд.

Васфи намози хавф

Хавф бар теъдоди ракаъот, таъсире надорад. Агар дар ҳоли иқомат бошад, ба ҳамон шакли иқомат хонда мешавад ва агар дар сафар бошад,

қаср хонда мешавад, вале ихтилоф дар васфи он мебошад ва дар васфи он ашколи мухталифе вуҷуд дорад, ки ҳамаи онҳо ҷоиз аст.

Ва хавфе, ки муҷиби ин гуна намоз мешавад, аз ду ҳолат холӣ нест:

Ҳолати аввал: Ҳолати хавфи ҳамлаи душман:

Намоз ба ҳар шакле аз ашколе, ки аз Набии акрам (с) ривоят шуда, хонда мешавад, ки машҳуртарини он дар ҳадиси Саҳл бин Абӯҳасма (р) чунин омада аст:

Имом бояд онҳоро ба ду гуруҳ тақсим кунад, гуруҳе ба сӯи душман, барои посдорӣ меистад ва гуруҳи дигар бо имом намоз мехонанд.

Вақте, ки имом ба ракаъати дуввум бармехезад, нияти дур шудан аз имомро мекунад ва барои худаш намозро тамом намуда, салом медиҳанд, пас аз он барои посдорӣ ба сӯи душаман мераванд ва гуруҳи аввал меояд ва бо имом ракаъати дуввумро мехонад.

Ҳангоме, ки барои ташаҳҳуд менишинад, бармехезанд ва бо худ намозашонро тамом мекунанд, дар ҳоле, ки имом мунтазир мемонад, вақте, ки нишастанд ва ташаҳҳуд хонданд, имон бо онҳо салом медиҳад. [Ба ривояти Бухорӣ]

Ин шакл дар ҳолест, ки намоз дар сафар бошад ва ё дар намози фаҷр дар ҳоли иқомат бошад, аммо агар дар ҳолати иқомат буда ва ё дар намози мағриб бошад,

бо гуруҳи аввал ду ракаъатро мехонад, сипас ин гуруҳ азми ҷудои аз имомро намуда,

бо худашон намозро тамом мекунанд ва мераванд ва гуруҳи дуввум меояд ва имом бо онҳо боқии намозро мехонад, вақте барои ташаҳҳуди охир мешинад,

гуруҳи дуввум аз ӯ ҷудо шуда, бо худашон намозро такмил мекунанд, имом мунтазири онон мемонад, то ин, ки барои ташаҳҳуди охир бинишинанд ва бо онҳо салом медиҳад.

Ҳолати дуввум: ин, ки хавф шиддат гирад ва натавонанд, намозро ба гунае, ки ёд шуд, адо кунанд:

Дар ин ҳолат пиёда ва савор рӯ ба сӯи қибла, намоз мехонанд, агар фурсат ёбанд ва дар ғайри он ба ҳар самте,

ки мутаваҷҷеҳ буданд, намоз мехонанд, чунон чӣ Ибни Умар (р) гуфтааст: (Агар хавф бештар аз он шуд, пиёда равон истода бар пойҳояшон ва ё савора, ру ба сӯи қибла ва ё ғайри қибла намоз мехонанд) [Ба ривояти Бухорӣ] .

Ва барои рукуъ ва саҷда, ишора мекунад, пас намоз мегузорад, дар ҳоле, ки роҳ меравад ва ё савори ҳавопаймояш ва ё савори танкаш, тибқи холате, ки дорад, намоз мехонад,

чунинаст, агар дар ҳолати ҷанг ва шиддати задухурд бошад ва ё ғайр азин ҳолате бошад, ки намозро ба шакли матлуб адо карда наметавонад, ба далели фармудаи Худованд: (Агар хавф доштед, пас пиёда ва ё савора)[Бақара 239]

Дар ҳавопаймо намоз мехонад
Дар киштӣ намоз мехонад
Дар танк намоз мехонад
Осонии шариат
Аз муҳимтарин бартарии шариати Ислом, тасомуҳ ва осонӣ ва рафъи ҳараҷ мебошад, ки ин қоидаи умумӣ дар шариат маҳсуб мешавад.(Сахтӣ осониро бор меоварад).


Tags: