Намози идайн

3623

Мазоҳири ид

Мусалмонон ду ид доранд: иди Фитр, ки пас аз моҳи Рамазон аст ва иди Азҳо, ки пас аз рӯзи Арафа мебошад ва Аллоҳи мутаъол ба ивази идҳои ҷоҳилият ва ҳар иди ҷадид, ин ду идро ба мо ато намудааст.

Аз Анас бин Молик (р) ривоят аст, ки гуфт: Барои аҳли ҷоҳилият дар сол, ду рӯзе буд, ки дар он бозӣ мекарданд, замоне,

ки Набии акрам (с) вориди Мадина шуданд, фармуданд: (Барои шумо ду рӯзе буд, дар он бозӣ мекардед, Аллоҳи мутаъол онро бо ду рӯзи беҳтар аз он табдил кард: рӯзи Фитр ва рӯзи Азҳо) [Ба ривояти Насои].

Ҷашнгирӣ ва мушорикат дар идҳои кофирон ҷоиз нест, зеро ки чунин коре ибрози аломоти ҳар дин ва ибрози шароеъ ва минҳоҷаш мебошад.

Худованди мутаъол мефармояд: (Пайравии ҳаво ва ҳавас онҳоро ба ивази он чӣ аз ҳак омада, макун, барои ҳар яке аз шумо шариат ва минҳоҷе гардонидем). (Моида 48)

Ид дар Ислом, миёни ибодод ва изҳори хӯшӣ ва суруру тановули тайибот ва мубоҳот, ҷамъ мекунад.

Бинобарин ин рӯзҳо, рӯзҳои хӯшӣ ва суруру хундан ва нӯшидан буда, ки дар онҳо кори мункаре, ки бо арзишҳои Исломӣ ва одобаш муғоират дошта бошад,

ҷавоз надорад, монанди гирдиҳамои мардону занон ва ё қазо кардани намозҳо, нӯшидани он чӣ ҳаром шуда ва ё бозӣ бо он чӣ Аллоҳи мутаъол ҳаром намуда ва ё муҳаррамоти дигаре монанди онҳо.

Аллоҳи мутаъол дар ду ид, намозеро машрӯъ гардонида, ки ба номи намози ид ёд мешавад.

Намози ид муҳимтарин мазҳаре аз мазоҳири ид ба шумор меравад.

Ҳукми намози идайн

Намози идайн воҷиб буда, зеро ки Набии акрам (с) ба адои он амр кардаанд, балки ба рафтани занони камсин ва солманд, низ амр кардаанд.

Агар чӣ дар ҳолати ҳайз низ бошанд, ки намоз намехонанд. Ин ҳама ба хотири фазилати намоз ва таъкид бар он аст ва далели вуҷубаш аз ин қарор аст:

1. Фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Пас барои Парвардигорат намоз бихон ва қурбонӣ бикун) (Кавсар 3).

2. Набии акрам (с) ба он амр фармудаанд, ҳатто ба занон низ амр кардаанд, ки ба намози ид бираванд, чунон чӣ Умми Атия (р) мегӯяд: (Расули Аллоҳ (с) ба мо амр карданд, ки дар иди Фитр ва Азҳо, духтарони навҷавон ва занони ҳоиз ва канизакони бокира ро бирун барем, аммо занони ҳоиз аз намоз дурӣ меҷӯянд ва ба даъвати мусалмонон ширкат намуда, аз хайри он, баҳра мебаранд). [Ба ривояти Бухорӣ]

Васфи намози идайн

Намози ид ду ракаъат бидуни азон ва бидуни иқомат аст, ки қироат дар онҳо ба ҷаҳр мебошад. Васфи он азин қарор аст:

1. Дар ракаъати аввал баъд аз такбири таҳрима ва истифтоҳ ва қабл аз аузу биллоҳ гуфтан ва қироат кардан, се бор такбир мегӯяд.

2. Аузу биллоҳ ва бисмиллоҳ гуфта ба қироати сураи Фотиҳа ва сураи дигаре баъда аз он оғоз мекунад ва суннат онаст, ки дар ду ракаъат баъд аз сураи Фотиҳа,

сураи (Аъло) ро дар ракаъати аввал ва сураи (Ғошия) ро дар ракаъати дуввум ва ё ин, ки дар авввал сураи (Қоф) ва дар дуввум сураи (Қамар) ро бихонад.

3. Дар ракаъати дуввум баъд аз такбири интиқол, се бор такбир гуфта ва дастонашро бо ҳар такбир, баланд мекунад.

4. Дар миёни такбирот, ҳамду сипоси Аллоҳро гуфта, бар Набии акрам (с) дуруд мефиристад.

5. Ҳаргоҳ салом диҳад, ба минбар боло шуда, пас ду хутба диҳад ва миёни он ду андаке бишинад. Хутбаи аввалро бо нуҳ бор такбир ва хутбаи дуввумро бо ҳафт бор такбир, оғоз мекунад.

6. Дар иди Фитр, мустаҳаб аст, ки дар мавриди аҳкоми закоти фитр ва дар иди Азҳо, дар мавриди аҳкоми қурбонӣ, ёдоварӣ кунад.

Ҷои намози идайн

Барпо доштани намози идайн дар намозгоҳ суннат аст, на дар масҷид. Агар дар масҷид хонда шуд, боке надорад- агар барои зарурате буд-.

Мустаҳабботи намози идайн

1. Мардон бояд, беҳтарин либос бипӯшанд, аммо занон барои намоз бидуни ороиш ва бидуни истеъмоли атр, берун раванд.

2. Муқтадиён бояд зудҳангом ба намозгоҳ бираванд, то дар сафҳои аввал ҷо гиранд.

3. Бояд пиёда аз як роҳ биравад ва аз роҳи дигар баргардад- агар имкон бошад-.

Аз Ҷобир (р) ривоят шуда, ки гуфт: (Набии акрам (с) ҳаргоҳ рӯзи ид мебуд, роҳро тағйир медод). [Ба ривояти Бухорӣ]

4. Қабл аз рафтан ба намози ид, бояд чанд хурмое, ки шумораш тоқ бошад (се ва ё панҷ дона)ро тановул кунад, агар хурмо набуд, ҳар чӣ барояш муяссар буд,

бихурад, беҳтараст ва дар иди Азҳо то баргашт аз намоз чизеро тановул накунад.

5. Таъхир дар намози иди Фитр, мустаҳаб аст, то мусалмонон фурсати бештар барои адои закоти фитр ба мустаҳиқин дошта бошанд, аммо намози Азҳо мустаҳаб онаст, ки пештар бихонанд.

Аз аҳкоми идайн

1. Нафл хондан қабл аз намози ид ва баъд аз он дар намозгоҳ, макруҳ аст, магар ин, ки намози ид дар масҷид хонда шавад, пас таҳияи масҷид пас аз дохил шудан ба масҷид хонда шавад.

2. Барои касе, ки намози ид ва ё баъзе он аз вай фавт шуд, суннат аст: адои он бар ҳамон васфе, ки омадааст, тавре, ки ду ракаъат намоз бо такбироташ ва он чӣ аз вай фавт шуда, итмомаш кунад, ба ҳамон васфе, ки зикр шудааст.

3. Аллоҳ дар поёни моҳи рамазон барои бандагонаш машрӯъ намуда, то барояш такбир гӯянд.

Худованди мутаъол фармудааст: (Ва барои ин, ки иддатро такмил кунед ва Аллоҳро бар он чӣ ба шумо ҳидоят карда, такбир бигӯед) (Бақара 185)

(تكبروا الله): яъне, бузургаш доред бо дилҳо ва забонҳоятон. Ин амр ба лафзи (الله اكبر، الله اكبر، لا إله إلا الله، والله أكبر، الله أكبر، ولله الحمد).

4. Суннат онаст, ки мардон садояшонро дар такбир гуфтан баланд кунанд, аммо занон ба садои паст мегӯянд, зеро ки занон ба паст кардани содояшон амр шудаанд.

5. Такбир дар иди Фитр аз ғуруби хуршеди шаби ид, оғоз мешавад- агар дохил шудани моҳ қабл аз ғуруб дониста шуд, монанди ин,

ки мардум моҳро си рӯз такмил карда бошанд ва ё руяти ҳилоли Шаввол, собит шавад- ва бо шуруъи намози ид, такбирот поён меёбад.

Аммо дар иди Азҳо, такбир гуфтан баъд аз намози субҳи рӯзи Арафа оғоз мешавад ва то поёни намози асри рӯзи саввуми аёми ташриқ, идома дорад.

Роҳанамоӣ

1. Мустаҳаб аст, ки мусалмонон ба якдигар худи идро табрик гӯянд.

2. Хушӣ ба ид ва изҳори ин фарҳату хушӣ, низ мустаҳаб аст ва бояд мусалмон ба хешутабор ва дӯстону бародаронаш, низ таҳният гӯяд.

3. Ид фурсатест, ки бояд барои силаи раҳми қатъшуда ва барои ислоҳ миёни мутахосимин, низ ғанимат шумурда шавад.

4. Дар рӯзи ид, зиёрати қабрҳо, ҷавоз надорад, балки ин кор мухолифи хӯшӣ ва фарҳати ид мебошад.

5. Дар рӯзҳои ид бояд дар либос, хурок ва тафриҳоти фарзандон, ба гунае, ки Худованд ҳалол гардонида, навоварӣ ва густариш дода шавад, зеро ки рӯзҳои хушӣ ва фарҳату баҳҷат аст.

Худованд мефармояд: (Бигӯ: эй Муҳаммад (с) ба фазли Аллоҳ (нузули Қуръон) ва раҳматаш (ин, ки онҳоро пайрави Қуръон гардонида), ба он хурсанд шаванд, чаро, ки барояшон беҳтар аст, аз он чӣ мекунанд) (Юнус 58).

Таҳният гуфтани куффор ба идҳояшон
Барои мусалмон таҳният гуфтани куффор ба идҳояшон дуруст нест, зеро ки дар ин кор эътирофаст ба шаираҳои куфрии онон ва ҳамчунин рафтан ба ҷойҳои идҳои онон ва мушорикат дар хушии онон, низ дуруст нест.


Tags: