Миқотҳо

3127

Таърифи миқот

Миқот дар луғат

Марз байни ду чиз.

Миқотҳо дар истилоҳ

Он чиро, ки шариат муайян карда ва вақташро низ барои ибодат, ки дар чӣ замон ва маконе, анҷом мешавад.

Анвоъи мавоқит

Якум: Миқотҳои маконӣ

Миқотҳои маконӣ

Ҷойҳое, ки шариат барои эҳром бастан таъйин кардааст.

Барои касе, ки бихоҳад ҳаҷ ва ё умра кунад, дуруст нест, ки аз он ҷо бигзарад, магар ин, ки эҳром баста бошад, ки панҷ миқот [Ал-мавоқит ва абъодуҳо, Шайх Абдуллоҳ Бассом, маҷалаи маҷмаъи фиқҳи исломӣ, адади 3, ҷузъи3, сафҳаи 1553] аст:

1. Зулҳулайфа:

ки ҳоло дар самти ҷануби Мадинаи Мунаввара, воқеъ аст ва ба (абёри Алӣ) машҳур аст. Аз Макка (ақрибан 420 км) фосила дорад.

Ва миқоти мардуми Мадина мебошад.

Зулҳулайфа

2. Ал-ҷуҳфа:

ки дар наздикии шаҳри Робиғ, чойгузин аст ва аз Макка (тақрибан 186 км) фосила дорад.

Ва миқоти мардуми Шом ва Мисру мағриб мебошад.

Ал- ҷуҳфа

3. Яламлам:

Водии бузургест, дар роҳи мардуми Яман ба Маккаи мукаррама, ки имрӯз бо номи Ал-саъдия ёд мешавад ва аз Макка (тақрибан 120) км фосила дорад.

Яламлам

4. Қарнул-манозил:

Ҳоло Сайли Кабир номида мешавад, ки аз Маккаи Мукаррама (тақрибан 75 км), фосила дорад.

Ва миқоти мардуми Наҷд ва Тоиф мебошад ва болотар аз он, дар ҷодаи Тоиф аз тарафи Ҳудо, маконест, ба номи Водии Муҳаррам, ки ҳар дуи онҳо миқотанд барои мардуми Наҷд ва касоне, ки аз ҷодаи Тоиф меоянд.

Қарнул-манозил

5. Зоти ирқ:

Ҳоло (Ал-зариба ва ё Ал-харибот) намида мешавад. Мавзеъест дар (тақрибан 100 км) шарқи Маккаи мукаррама, ки ҳол мавриди истифода намебошад.

Миқоти мардуми Машриқзамин (Ироқ, Ирон ва сарзаминҳои моварои онҳо) будааст.

Ва далел барои он чӣ гузашт, ривояти Ибни Аббос (р) аст, ки фармуд: ((Расули Аллоҳ (с) барои мардуми Мадина Зулҳулайфа ва барои мардуми Шом, Ҷуҳфа ва барои мардуми Наҷд, Қарнул-манозил ва барои мардуми Яман, Яламламро, миқот қарор дода фармуданд: “Ин миқотҳо барои ҳамон мардумон ва низ барои касе, ки аз онҷо бигзарад, агар чӣ аз мардуми онҷо набошад вале касе, ки иродаи Ҳаҷ ва Умра карда бошад ва касе, ки дохили миқот бошад, аз ҳамон ҷое, ки ҳаст, ҳатто аз аҳли Макка аз Макка эҳром мебанданд)). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

Аммо Зоти Ирқ дар ҳадиси гузашта зикраш наомада, балки онро Умар бин Хаттоб (р) таъйин кардааст. [Ба ривояти Бухорӣ]

Зоти Ирқ

Дуввум: Миқотҳои замонӣ

Миқотҳои замонӣ

Вақти Ҳаҷ ва Умра

1. Миқоти замонии Ҳаҷ:

Моҳҳои ҳаҷ: Шавол, Зулқаъда ва даҳ рӯзи Зулҳиҷҷа.

2. Миқоти замонии Умра:

Тамоми рӯзҳои соласт.



Tags: