Зарфҳое, ки дар онҳо об нигаҳдорӣ мешавад ва ғайри он
Зарфҳое, ки дар онҳо об нигаҳдорӣ мешавад ва ғайри он
Истеъмоли ҳар навъ зарф барои хӯрдан ва нӯшидан ва ё ғайри он, мубоҳ буда, ҷуз зарфҳои тиллои ва нуқрае, ки ҷузъиёти бештари он аз ин қарор аст:
Истеъмоли онҳо ҳаром аст ба далели фармудаи Паёмбар (с): “Дар зарфҳои тиллойи ва нуқрагӣ, манӯшед ва дар косаҳояш, ғизо махӯред, зеро дар дунё барои онҳост ва дар охират барои мо мебошад” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Ва ба далели фармудаи Паёмбар (с): “Касе, ки дар зарфи нуқрагӣ, менӯшад, дар шикамаш оташи дӯзах, ҷирҷир мекунад” [ Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Истеъмоли онҳо дар ғайри хӯрдан ва нӯшидан, монанди вузӯ кардан ва ғайра, ҷавоз дорад, ба далели мунҳасир будани ҳукми ҳадиси қаблӣ бар хурдан ва нӯшидан ва низ ба ривояти собит омада, “ки Умми Салама (р) зарфи нуқрагӣ дошт, дар он чанд мӯ аз мӯйҳои Набии акрам (с)ро нигаҳдорӣ мекард” [Ба ривояти Бухорӣ].
Истеъмоли зарфҳои пайвандшуда бо нуқраи кам барои намоз, ҷавоз дорад, ба далели ин, “ки ливони Набии акрам (с) шикаста буд, ба ивази он мавзеъ занҷире аз нуқраро, ба кор бурданд” [Ба ривояти Бухорӣ].