Закоти чаҳорпоён

3276

Таърифи чаҳорпоён

Чаҳорпоён

Шутур, гов ва гусфанд.

Ҳукми закоти чаҳорпоён

Воҷиб аст, ба далели фармудани Набии акрам (с): (Соҳибони шутур, гов ва гусфанде, ки закоти онҳоро надодаанд, рӯзи қиёмат ин чаҳорпоён бузургтар ва фарбеҳтар шуда меоянд ва соҳибони худро бо шохҳояшон мезананд ва зери по низ мекунанд, агар охири инҳо азин кор баромаданд, аввалини онҳо боз мегарданд, то ин, ки миёни мардум қазоват поён ёбад) [Ба ривояти Муслим] .

Шартҳои вуҷуби закоти чаҳорпоён

1. Бояд, ки аз мулкияти чаҳорпоён дар назди моликаш, як соли комил сипарӣ шавад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (То замоне, ки бар моле яксол нагузашта, дар он закот нест) [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ] .

2. Ин чаҳорпоён соима бошанд, ба далели фармудаи Набии акрам (с): (Дар ҳар чиҳил шутури соима, як шутури бинти лабун аст) [Ба ривояти Насои] .

3. Барои баҳрагирӣ аз ширу насли онон муҳайё шуда бошад, на барои кор ва шутури корӣ, онаст, ки барои қалба кардан ва ё об кашидан аз чоҳ ва ё боркашӣ ва нақли матоъҳо аз он истифода мешавад.

Бар шутурони корӣ закот воҷиб нест, зеро ки дар ин ҳолат аз ниёзмандиҳои аслии инсон, монанди пӯшок ва ғайра ба шумор меравад.

Аммо агар барои кироя додан тахсис ёфта бошад, закот дар уҷраи онаст, ҳаргоҳ як сол бар он сипарӣ шуд.

4. Чаҳорпоён ба нисоби шаръӣ расида бошанд.

Нисоби шаръӣ барои закоти чаҳорпоён

Якум: Нисоби шутур ва миқдори воҷиб дар ҳар нисоб

Аз Анас бин Молик (р) нақл шуда, ки Абӯбакри сиддиқ (р) барояш навишт: (Ин фаризаи закотаст, ки Расули Аллоҳ (с) бар мусалмонон фарз гардонида ва ҳамон амрест, ки Аллоҳ бар Расулаш амр кардааст: дар бисту чаҳор шутур ва камтар аз он, дар ҳар панҷ шутур як гусфанд аст, агар ба бисту панҷ расид, то сиву панҷ, дар он бинти махоз [Шутури модаи яксола] аст, вақте, ки ба сиву шаш шутур расид, то чиҳилу панҷ шутур, дар он бинти лабун [Шутури модаи дусола] аст, пас агар ба чиҳилу шаш бирасад, то шаст, дар он ҳиққа [Шутури модаи сесола] аст, ҳаргоҳ ба шасту як радид, то ҳафтоду панҷ, дар он ҷазъаҳ [Шутури модаи чаҳорсола] аст. Касе, ки фақат чаҳор шутур дорад, дар он закот нест, магар ин, ки соҳибаш бихоҳад, пас аз агар ба панҷ шутур расид, дар он як гусфанд [Ду гусфанд барои закот ҷуд мешавад, бояд ки, (ҷизаъ) аз гусфанд, яъне ки шашмоҳа бошад ва дар буз бояд (саний), яъне яксола шуда бошад] аст) [Ба ривояти Бухорӣ].

Нисоб ва закоти шутур

Шумори шутурон Миқдори закоти воҷиб бар онҳо
5: 9 Як гусфанд
10: 14 Ду гусфанд
15: 19 Се гусфанд
20: 24 Чаҳор гусфанд
25: 35 Бинти махоз (шутури модаи як сола)
36: 45 Бинти лабун (шутури модаи ду сола)
46: 60 Ҳиққа (шутури модаи сесола)
61: 75 Ҷизъа (шутури модаи чаҳорсола)
76: 90 Ду бинти Лабун
91: 120 Ду ҳиққа
120:.... Дар ҳар чиҳил, як бинти лабун ва дар панҷоҳ, як ҳиққа

Дуввум: Нисобҳои гов ва миқдори воҷиб дар ҳар нисоб

Аз Маъоз бин Ҷабал (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Набии акрам (с) маро ба Яман фиристода, амр кард, ки аз ҳар си гов як табеъи нар ё мода [Гусолае, ки як солро тамом карда бошад] бигирам ва аз ҳар чиҳил, як мусин [Гусолае, ки ду солро тамом карда бошад]) [Ба ривояти Абӯдовуд] .

Нисобҳо ва закоти гов

Шумори гов Миқдори закоти воҷиб дар он
30: 39 Табеъ (гусолаи яксола)
40: 59 Мусинна (гусолаи дусола)
60: 69 Ду табеъ
70: 79 Як табеъ ва як мусинна

Саввум: Нисобҳои гусфандон ва миқдори воҷиб дар ҳар нисоб

Дар ҳадиси Анас (р), ки қаблан зикр шуд, омадааст (Ва дар закоти гусфандони соима, ҳангоме, ки шумори онҳоро ба чиҳил бирасад, то як саду бист, закоташ як гусфанд аст, агар аз яксаду бист афзун шуд, то дусад гусфанд, закоташ дусад гусфанд аст, агар аз дусад гусфанд изофа шуд, то сесад, дар он се гусфанд аст, агар аз сесад гусфанд афзун шуд, пас дар ҳар сад изофӣ як гусфанд закот бидиҳад. Ҳаргоҳ гусфандони соимаи марде аз чиҳил гусфанд агар яке ҳам камтар буд, бар он закот нест, магар ин, ки соҳибаш пардохти закотро бихоҳад) [Ба ривояти Бухорӣ].

Нисобҳо ва закоти гусфанд

Шумори гусфандон Миқдори закоти воҷиб дар он
40: 120 Гусфанд
121: 200 Ду гусфанд
201: 300 Се гусфанд (ва ҳаргоҳ сади дигар изофа шуд, гусфанде бар он афзун мешавад)


Tags: