Вузӯ

4224

Таърифи вузӯ

Вузӯ дар луғат

Зинат ва покӣ

Вузӯ дар шариъат

Итеъмоли об дар аъзои махсуси бадан бо нияти покӣ.

Ҳукми вузӯ

Вузӯ фарз аст, ё мустаҳаб:

Аввал: Вузӯ барои се чиз воҷиб аст

1. Намоз

Аллоҳи таъоло фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме, ки барои намоз бархостед, пас бишӯед руйҳоятонро ва дастҳоятонро то оринҷҳо ва ба саратон масҳ кашед ва низ пойҳоятонро то буҷулакҳо бишӯед». (Моида 6)

2. Тавофи кардан ба Каъба

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с) ба зани ҳоиз: «то замоне, ки хуб пок нашавӣ, тавоф макун» [Ба ривояти Бухорӣ].

3. Ба даст гирифтани мусҳаф

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: «Ба ҷуз покон онро ламс намекунанд». (Воқеъа 79)

Вузӯ барои намоз
Вузӯ барои тавоф
Вузӯ барои ба даст гирифтани мусҳаф

Дуввум: Вузӯ доштан мустаҳаб аст дар ғайри мавзеъҳои ёдшуда

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Бар вузӯ доштан, ҷуз мӯмин, каси дигаре муҳофизат намекунад» [Ба ривояти Аҳмад].

Мустаҳаб будан дар мавзеъи зер муаккад аст: вузӯи муҷаддад барои ҳар намоз, вузӯ барои зикри Аллоҳ ва дуо кардан, барои хондани Қуръон, пеш аз хобидан, пеш аз ғусл кардан, пас аз бардоштани мурда, пас аз бевузӯ шудан, агар чӣ азми намоз хондан надошта бошад.

Вузӯ барои зикри Аллоҳ
Вузӯ пеш аз хобидан
Вузӯ барои хондани Қуръон
Вузӯ барои бардоштани мурда

Фазоили вузӯ

1. Сабаби муҳаббати Аллоҳ мебошад

Аллоҳи мутаъол фармудааст: «Аллоҳ тавбакунандагонро дӯст медорад ва покизагонро ,ки ҳамон вузукунандагон ҳастанд, низ дӯст медорад» (Бақара 222)

2. Аломати уммати Муҳаммад (с), зеро дар рӯзи қиёмат дар ҳоле, ки мавзеъи вузуашон равшану тобон аст, меоянд

Набии акрам (с) фармуданд: «Уммати ман дар рӯзи қиёмат дар ҳоле, ки мавозеъи вузӯашон равшану тобон аст, меоянд ва ҳар, ки метавонад ба равшании худ бияфзояд, бояд чунон кунад» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

3. Каффораи гуноҳон ва иштибоҳот

Набии акрам (с) фармуданд: «Ҳар, ки хуб вузу кунад, гуноҳонаш аз баданаш хориҷ мешавад, то ин, ки аз нохунҳояш низ барояд» [ Ба иттифоқи Муслим].

4. Сабаби баландии мақом ва мартаба

Набии акрам (с) фармуданд: «Оё шуморо ба он чӣ, ки иштибоҳотро нобуд карда ва мақому мартабаро баланд мекунад, раҳнамои накунам? Гуфтанд: бале эй Расули Аллоҳ (с), фармуданд: итмоми вузу бо вуҷуди машақат ва пиёдаравӣ бештар ба сӯи масҷид, мунтазир мондан пас аз адои намоз дар масҷид барои намози дигар, ҳамонаст, мудовимати мустаҳкам» [Ба иттифоқи Муслим].

Васфи вузӯ

1. Ниятро дар қалб муҳайё кунад.

2. Бисмиллоҳ гуфтан, ин, ки гуяд: بسم الله

3. Кафи дастонро се бор шустан.

4. Мисвок задан: Ҳангоми мазмаза кардан.

5. «Се бор» мазмаза ва истиншоқ ва истинсор «афшондани бинӣ» кардан.

- Ва мазмаза: Об дар даҳон гирифтан ва ҳаракат доданашро гуянд.

- Ва истиншоқ: Обро бо танаффус ба бинӣ кашиданро гуянд.

- Мазмаза ва истиншоқ бо як каф об бошад.

- Ва истинсор: Афшондани оби биниро гуянд.

6. Шустани рӯй «се бор» бо дохил кардани панҷаҳо дар риш.

Ва таърифу марзи рӯй: Тули он аз мавзеъи рӯидани муи сар, то зери манаҳ ва арзаш, аз нармии гӯш то гӯши дигар.

7. Шустани дасти рост аз нуки панҷаҳо то оринҷ се бор, пас аз он шустани дасти чап, низ монанди он.

8. Масҳи сар: Бо тар кардани кафи даст бо об ва сипас масҳ кашидан аз пеш ба сӯи пушти стар ва бори дигар баргашт додан ба пеши сар «як бор».

9. Масҳи кардани васати гушҳо бо ангуштони субоб ва пушти гушҳо бо ангуштони ибҳом « як бор».

10. Шустани пои рост то буҷулакҳо «се бор», пас аз он ҳамчунин шустани пои чап.

11. Дуо кардан пас аз поёни вузӯ: «Шаҳодат медиҳам, ки илоҳе ҷуз Аллоҳ нест, воҳиди лошарик аст ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи Аллоҳ ва фиристодаи ӯст», «эй бори Худоё! маро аз табакунандагон ва мутаҳҳирин бигардон», «покӣ турост Парвардигори ман, ва ба ҳамди ту шаҳодат медиҳам, ки илоҳе ҷуз ту нест, аз ту талаби мағфират дорам ва ба сӯи ту тавба мекунам» [Ба ривояти Насоӣ].

Шустани кафҳои дастон
Мазмаза кардан
Об дар бинӣ кардан
Об аз бинӣ афшондан
Шустани рӯй
Хилол кардани риш
Шустани зироъ
Масҳи сар
Масҳи гуш
Шустани пойҳо

Шартҳои вузӯ

1. Об бояд пок бошад.

2. Об бояд мубоҳ бошад, яъне ба таври мисол: дуздидашуда набошад.

3. Нобуд кардани он чӣ монеъи расидани об ба пуст мешавад, мисли рангҳо ва монанди он.

Вузу кардан дар ҳоле, ки дасташ ранголӯд бошад.

Фарзҳои вузӯ

1. Шустани рӯй

2. Шустани дастҳо бо оринҷҳо.

3. Шустани пойҳо бо буҷулакҳо.

4. Масҳи тамоми сар, аз ҷумла гушҳо.

Бархе аз аймма фарзҳои дигаре, ки назди ҳанафиҳост, ба он изофа мекунанд.

5. Ният, ва ҷои он қалб мебошад ва талаффузаш лозим нест, агар тамоми афъоли вузуро ба ғарази сард кардани бадан ва ё ба ғарази назофат бидуни нияти вузу, анҷом диҳад, кифоят намекунад.

6. Тартиб дар шустани миёни аъзои бадан.

7. Паи ҳам шустани аъзои бадан: дар шустани як узв ба андозае, ки узви қаблӣ хушк шавад, вақфа накунад.

Суннатҳои вузӯ

1. Дар оғози вузу, кафҳои дасти ростро се бор бишуяд.

2. Мисвок задан.

3. Ҳар як аъзои вузуро се бор бишуяд, магар сару гушро беш аз якбор масҳ накунад.

4. Таёмун: Оғози шустани аъзои вузуро аз тарафи рост.

5. Итолаи таҳаҷҷул: яъне оринҷҳоро бештар шустан.

6. Хилол кардани риш, барои расонидани об дар пусти рӯй.

7. Хилол кардани ангуштони дастҳо ва пойҳо.

8. Бояд дар вақти шустан, ҳар узвро бимолад ва ба пошидани об иктифо накунад.

9. Дар истеъмоли об, исроф накунад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Дар уммати ман қавме хоҳанд буд, ки дар оби вузу исроф намекунанд» [Ба ривояти Абӯдовуд].

10. Дуо кардан пас аз поёни вузу, ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Ҳар як аз шумо, ки вузу мекунад ва дар вузуи худ, эҳтимом дошта, ба ваҷҳи аҳсан анҷом медиҳад, пас пас аз он мегӯяд: «Шаҳодат медиҳам, ки илоҳе ҷуз Аллоҳ нест ва шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва фиристодаи ӯст», эй бори Худоё! Маро аз тавбакунандагон ва мутаҳҳирин бигардон», дарҳои ҳаштгонаи биҳишт бар рӯи ӯ боз мешавад ва аз ҳар даре, ки хоста бошад, вориди он мешавад» [Ба ривояти Тирмизӣ].

11. Ду ракаат намоз баъд аз вузу. Набии акрам (с) фармуданд: «Ҳар, ки монанди вузуи ман, вузу кунад, пас аз он ду ракаъат намоз бихонад, ки дар он худ ҳарфе назанад, гуноҳони гузаштаи ӯ мағфират мешавад» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Шустани дастон
Итолаи таҳаҷҷул: яъне оринҷҳоро бештар шустан.
Мисвок задан

Шиканандаҳои вузӯ

1. Ҳар он чӣ аз сабилайн, пасу пеши инсон, хориҷ шавад, монанди пешоб, маводи ғоита ва бод, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Аллоҳ мутаъол намози яке аз шуморо, ки бевузӯ шавад, қабул намекунад, то ин, ки вузӯ бикунад» [Ба иттифоқи Муслим].

2. Хоби амиқ, ки идрокро салб кунад, он чӣ мушобеҳи онаст, монанди беҳӯшӣ ва тахдири комил.

3. Истифроғ кардан «қай», агар бо даҳони пур бошад, ба далели ривояти Абӯ Дардо «р», ин ки Расули Аллоҳ (с) «истифроғ карданд, сипас ифтор намуданд ва пас аз он вузу карданд» [Ба иттифоқи Муслим].

4. Хандаи қаҳқаҳаи намозгузори болиғ дар ҳини адои намозе, ки дорои рукуъ ва саҷда бошад, ноқизи вузӯ ва намоз мебошад, ба делели фармудаи он ҳазрат (с): «Касе, ки хандаи қаҳқаҳа сар зад, бояд , ки вузӯ ва намозашро иъода кунад». Ба ривояти Дори Қутнӣ» [Ба иттифоқи Муслим].

5. Хуни равон, ба далели ин, ки «Абдуллоҳ бин Умар «р», аз бинӣ хун ҷорӣ шуд, аз намоз мунсариф гардид, вузу карда, баргашт ва ба намози худ, идома дод, бидуни ин, ки ҳарф бизанад» [Ба ривояти Абӯдовуд].

Имом Молик инро бо санади саҳеҳ дар Муватта ривоят кардааст.

Хурдани гушти шутур
Хоби амиқ

Масоил

1. Ҳаргоҳ мусалмоне аз хоб бархезад ва азми вузу аз зарфи бузурги обро дорад, қабл аз ин, ки дастонашро се бор шуста, барои гирифтани об дар он дохил насозад.

ба далели фармудаи Набии акрам (с): «Ҳар яке аз шумо аз хоб бархост, дастонашро ба зарфи бузурги об дохил накунад,то се бор нашуста бошад, зеро ки намедонад, дасташ шабро куҷо сипарӣ кардааст» [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

2. Ҷиҳати расонидани об ба ҳар узве, ки шустани он воҷиб аст, эҳтимом намояд, ба вижа мавозеъи миёни ангуштони дастон ва пойҳо ва миёни ришу гуш ва ҳамчунин ба расонидани об ба оринҷҳо ва буҷулакҳо ва ақиби по.

таваҷҷуҳ намояд, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Бими азоби оташаст, барои ақиби пойҳо» [Ба иттифоқи Муслим].

3. Асос ва қоида инаст, ки ҳар чизеро бояд бар яқин бино кард. Агар дар доштани вузуяш мутаяқин буд ва дар ин, ки вузуяш нақз нашуда, шак кард, дар ин ҳолат бар яқин, ки вузу доштан аст, бино кунад.

Агар мутаяққин буд, ки вузу накарда ва шак кард, ки вузу карда ва ё накарда? Дар ин ҳолат яқин адами доштани вузу мебошад.

4. Агар мусалмоне вузу кард ва аъзои вузуро як бор ва ё ду бор ва ё бархеро якбор ва бархеро ду бор шуст, вузуяш дуруст мебашад.

5. Касе, ки бо фаромушӣ, бевузу намоз хонд, бар вай иъодаи намоз воҷиб аст, ҳаргоҳе, ки ба хотир овард.

6. Агар вузу кард, пас аз он бар вай наҷосате расид, наҷостро дур мекунад ва вузуро иъода намекунад, зеро ки чизи бевузуи намебошад.

Миёни ришу гуш
Шустани даст дар зарфи об аз пас аз бархостан аз хоб
Хилол кардани ангуштони пойҳо
Пушти пой
Вузу ва сиҳати омма
Дар мақолае,ки дар маҷалаи Сервис, ки аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид интишор мешавад, чунин омадааст: «Ғусл кардан ба сурати муназзам ва вузу кардан барои намоз дар ҷомеаҳои исломӣ, барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории «тархумо», ки мусаббиби асосии нобинои дар ҷаҳон и саввум мебошад, кӯмак кардааст. Дар саросари ҷаҳон тақрибан 500 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало ҳастанд, ки онҳо бо пайравӣ аз ин шеваи назофати воҷиб бар мусалмонон қабл аз намоз, метавонанд аз ибтило ба ин беморӣ, наҷот ёбанд, чуноне, ки дар ҷомеаҳои исломӣ, ки аз арзишҳои исломӣ пайравӣ мекунанд, нисбати ибтило ба ин ин беморӣ, бисёр ночиз буда, ки қариб ба нестӣ расидааст» [Тибби набавӣ дар партави имли модерн «Ғиёс Аҳмад»].

Сазовор нест

1. Баланд гуфтани ният ҳангоми вузӯ.

2. Исроф дар об.

3. Зиёда аз се бор шустан дар вузу, чуноне, ки ривоят шуда, ки Араби бодиянишин назди Набии акрам (с) омад ва дар мавриди вузӯ пурсид, он ҳазрат (с) вузӯ кардани се се бор, барояш нишон доданд, пас аз он фармуданд: «Вузу инаст, ҳар ки бар он изофа кунад, бадӣ ап таҷовузу зулм кардааст» [Ба ривояти Абӯдовуд].

Вале изофа аз се бор шустан барои касе, ки узви вузу бо се бор шустан пок нашавад, ҷоиз аст, монанди касе, ки дасташ ба рангҳои равғанӣ ва ё монанди он, олӯда бошад.

4. Адами итмоми вузу, ба далели он чӣ, ки ривоят шуда: марде вузу кард, ба миқдори нохуне дар пояш мавзеъе ношуста буд, ки Набии акрам (с) онро дида фармуданд: «Баргард хуб вузӯ кун», пас баргашт ва сипас намоз адо кард» [Ба ривояти Муслим].

- Ва дар адами итмоми вузу, нукоти зер, шомим мешавад:-

- Якум: Нашустани пойҳо, буҷулакҳо.

- Дуввум: Нашустани оринҷҳо, ба сабаби тангии остинҳо.

- Саввум: Нишустани сафедие, ки миёни гуш ва риш вуҷуд дорад.

- Чаҳорум: Нашустани кафи дасти чап бо дасти чап.

- Панҷум: Касе, ки вузӯ кунад ва бар вай лакаҳои ранг бошад.

- Шашум: Вузӯи зан дар ҳоле, ки дар ангуштонаш осори лавозими ороишӣ бошад, ки монеъи расидани об мегардад.

- Ҳафтум: Хилол накардани ангуштон дар ҳоле, ки об ба он нарасад.

5. Масҳи гардан: аз аъзои вузу нест, магар ин, ки ба масҳ ниёз бошад, метавонад қабл аз вузу ва ё баъд аз итмоми вузу, масҳ кунад.

6. Хондани дуоҳое, ки далели шаръӣ надорад, монанди:

- Хондани дуо дар ҳангоми шустани ҳар узв.

- Гуфан «замзам» барои касе, ки вузу кард.

Исроф дар об


Tags: