Палидӣ
Палидӣ
Палидие, ки шариъат ба дур карданаш, амр кардааст
Ба далели ҳадиси Аъробие, ки дар масҷид пешоб намуд, Набии акрам (с) барояш фармуд: “Ин масҷид барои бавл ва палидӣ нест, балки барои зикри Аллоҳ ва намоз ва қироъати Қуръон мебошад” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]
Ба далели субути ин, ки Хавла бинти Ясор назди Набии акрам (с) омад ва фармуд: Эй Расули Аллоҳ (с)! Ман як ҷома дорам ва қоидагӣ (ҳайз) мешавам дар он, он ҳазрат (с) фармуданд: “Ҳар гоҳ пок шудӣ, ҷойи олӯда ба хунро бишӯй, сипас дар ҳамон ҷома намоз бихон” [Ба ривояти Абӯдовуд].
Назди барзе аз аимма, хуни наҷас ҳамон хуни ҳайз аст ва соири хунҳо пок аст, чӣ хуни равон бошад, ё ғайри равон, “ба далели он чӣ собит шудааст, ки яке аз мушрикин мусалмонеро, ки ба намоз истода буд, ҳадафи тир қарор доданд, дар ҳоле, ки хун аз вай равон буд, тирро кашид ва ба намози худ идома дод” [Ба ривояти Абӯдовуд].
Ба далели ҳадиси Ибни Масъуд (р), ки фармуд: “Набии акрам (с) барои қазои ҳоҷат омаданд ва ба ман амр фармуданд, то се санг барояш биёварам, ду пора санг ёфтам ва саввумро ҷустуҷӯ кардам наёфтам, саргинеро гирифтам ва барояш бурдам, он ду пора сангро гирифтанд ва саргинро андохтанд ва фармуданд: “Ин палид аст” [Ба ривояти Бухорӣ].
Бавл ва саргини ҳайвоне, ки гушташ хурда мешавад, назди бисёре аз уламо, пок аст, ба далели ҳадиси Анас бин Молик (р) мардумоне вориди Мадина шуда, мубтало ба беморӣ гардиданд, Набии акрам (с) онҳоро ба ҷое, ки шутурони закот нигоҳдорӣ мешуд, фиристод, то аз бавл ва шири онҳо бинӯшанд (Ба ривояти Бухорӣ).
Вале назди Аҳноф, бавли асп ва ҳайвоне, ки гушташ хурда мешавад, наҷосати хафифа аст, агар бисёр набошад, муъоф аст. Миқдори зиёд ва бисёр онаст, ки рубъи либос, ё баданро шомил шавад.
Ҳайвоне, ки бидуни забҳи шаръӣ мурда бошад, ба далели фармудаи Худованд: “Бигӯ дар он чӣ ба ман ваҳй шуда, дар хурданиҳо, ҳаромеро намеёбам, магар ин ки худмурда ва ё хуни ҷорӣ шуда ва ё гушти хук бошад, ҳаст”. (Анъом 145)
Он чӣ аз ҳайвони зинда қабл аз забҳаш бурида шавад, дар ҳукми худмурда дохил мешавад.
Ва истисоно аз ин ҳолот:
Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Ду худмурда ва ду хун бар мо ҳалол шуда, аммо ду худмурда: моҳӣ ва малах ва аммо ду хун: хуни ҷигар ва таҳҳол мебошад” [Ба ривояти Аҳмад].
Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Ҳар гоҳ магасе дар тарафи ғизои шумо афтод, онро комилан ғута занед ва сипас дур афканед, зеро дар як болаш шифо ва дар дигараш дард мебошад” [Ба ривояти Бухорӣ].
Ба далели фармудаи Худованд: “Бигӯ дар он чӣ ба ман ваҳй шуда дар хурданиҳо, ҳаромеро намеёбам, магар ин, ки худмурда ва ё хуни ҷорӣ шуда ва ё гушти хук бошад, палид ҳаст”. (Анъом 145)
Саг комилан палид аст ва наҷосати оби даҳанаш бисёр шадидаст, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Ҳар гоҳ саге зарфи яке аз шуморо билесад, онро ҳафт бор, ки аввал бораш бо хок бошад, бишуед” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
- Вулуғ: даровардани саг забонашро дар зарф ва ҳаракат доданашро гӯянд, хоҳ бинӯшад ё на.
Иборат аз оби сафедранги тунуки лағжонак аст, ки ҳангоми бозӣ бо хонум ва ё тафаккур дар муҷомаъат, хориҷ мешавад, бидуни ин, ки бо эҳсоси шаҳвонӣ ва суръат ҳамроҳ бошад ва пас аз он ҳолати сустӣ ҳам рух намедиҳад.
Шояд баъзеҳо хуруҷашро эҳсос накунанд, ба далели ҳадиси Алӣ бин Абитолиб (р) ки дар мавриди мазӣ пурсид ва чунин посух дарёфт кард: “Вузӯ кун ва олати таносулии худро бишӯ” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Иборат аз оби сафедранги тираест, ки баъд аз бавл, хориҷ мешавад.
Манӣ оби сафеди тираест, ки бо эҳсоси шаҳват ва суръат, хориҷ мешавад ва пас аз он ҳолати сустӣ рух медиҳад ва дорои бӯе монанди бӯйи тухми гандида мебошад.
Назди Абӯҳанифа наҷас аст ва назди Шофеъӣ ва Аҳмад дар қавли машҳураш, пок ва нохушоянд аст, зеро агар наҷас мебуд, ҳатман Набии акрам (с) ба шустанаш амр мекарданд.
Барои аз байн бурданаш, агар тар бошад, шуста мешавад ва агар хушк шуда бошад, ба молиданаш иктифо мешавад, ба далели ҳадиси Ойиша (р), ки фармуданд: “Раслули акрам (с) маниро аз либосашон мешустанд ва ба намоз мерафтанд, дар ҳоле ки осори шустанро дар ҳамон либос медидам” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Ва дар ривояти Муслим: “Ман онро аз либоси Расули Аллоҳ мемолидам ва сипас намоз мехонданд” [Ба Ривояти Муслим].
Бархе аз уламо бар ин назаранд, ки шароб аз назари ҳиссӣ ва маънавӣ, наҷас аст, дар ҳоле, ки бархи дигаре покии шаробро аз назари ҳиссӣ тарҷеҳ додаанд, бо вуҷуди наҷосати маънавии он. Нушидани он аз гуноҳони кабира мебошад ва калимаи “риҷс”, ки дар ин фармудаи Худои мутаъол: “Эй касоне, ки имон овардаед, шаробу қимору ва ва бутҳову тираҳои васоили қимор, наҷасанд ва аз корҳои шайтонӣ буда, бояд аз он иҷтиноб кунед, то растагор шавед” (Моида 90),
омадааст, наҷосати маънавӣ медонанд, чунон чӣ дард қимор ва бутҳо аст, бинобарин истеъмоли атрҳое, ки дар он алкул (спирт), ба кор рафта, шаръан ҷоиз аст.
Бархе аз уламо бар ин назаранд, ки шароб аз назари ҳиссӣ, тоҳир аст, бо вуҷуди наҷосати маънавии он ва нӯшидани он аз гуноҳони кабира мебошад, онҳо риҷсеро, ки дар оят омадааст, риҷси маънавӣ, на риҷси ҳиссӣ медонанд, чунон чӣ дар қимор ва бутҳост.
Бинобарин истеъмоли атрҳое, ки дар он алкул (спирт) ба кор рафта, ҷавоз дорад, зеро алкул аз муштаққоти шароб мебошад.
Ҳар гоҳ наҷосате дар замин бошад, бояд аз онҷо дур карда шавад, чӣ ба василаи об бошад ва ё бо ғайри он, ба далели ҳадиси Аъробие .
ки дар масҷид пешоб кард, он ҳазрат фармуданд: “Бигзоред ва бар бавлаш сателе пур аз об бирезед ва ё сатели калоне пур аз об” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Агар наҷосат моеъ буд ва хушк гардид, он замин пок мешавад, ба далели ҳадиси Абӯқилода (р), ки дар он омадааст: “Ҳар гоҳе, ки замин хушк шавад, пок гардидааст” [Ба ривояти Бухорӣ].
Бо афзӯдани оби бештар ба он, то ин, ки осори наҷосат зоил гардад, пок мешавад, ҳамчунин бо ба корбарии васоили технологии ҳозиразамон, низ пок мешавад.
Бо об шуста шуда, молиш дода мешавад ва сипас зери фишор обаш берун карда мешавад, то наҷосаташ зоил гардад.
Бо об ва ё асбоби ҳозиразамон, шуста шуда ва молиш дода мешавад, то наҷосаташ зоил гардад.
Чунин пӯсте бо ош додан (намак карда хушк кардан) пок мешавад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Ҳар гоҳ пӯсти хом, дибоғат шавад, пок мешавад” [Ба ривояти муслим].
Дибоғат: Амалияи дур сохтани бӯйи бад ва эҷоди нармиш ба василаи баъзе мавод дар пӯстро бигӯянд.
Аммо агар ҳайвон худмурда набошад ва ба шеваи шаръӣ забҳ шуда ва гӯшташ хурда мешавад, пӯсташ пок аст.
Чунин пӯсте ҳукми худмурдаро, ки наҷосат аст, дорад ва ҳатто агар ҳайвон ба шеваи шаръӣ забҳ шавад, низ пок намегардад.
Бавли духтари ширхӯр, шуста мешавад ва аммо бавли писари ширхӯр, ба он об пошида мешавад, ба далели фармудаи он ҳазрат: “Бавли духтари ширхӯр, шуста мешавад ва аммо бавли писари ширхӯр, ба он об пошида мешавад” [Ба ривояти Абӯдовуд].
Ҳафт бор, ки аввалаш бо хок бошад, шӯста мешавад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): “Ҳар гоҳ саге зарфи яке аз шуморо билесад, онро ҳафт бор, ки аввалаш бо хок бошад, бишӯед” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Олати таносулии худро шуста ва вузӯ кунад, ба далели фармудани он ҳазрат (с) дар ҳадиси Алӣ бин Абитолиб (р), ки дар мавриди мазӣ пурсид ва чунин посӯх даёфт кард: “Вузӯ бикун ва олати таносулии худро бишӯй” [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].
Аммо пок кардани либос аз мазӣ ва вадӣ, бо пошидани об бар он мавзеъи либос, иктифо мешавад, ба далели ҳадиси Саҳл бин Ҳаниф.
ки аз Набии акрам (с) пурсид: Эй Расули Аллоҳ (с) агар ба ҷомаам бирасад, фармуданд: “Обе бар кафи дасти худ бигир ва ба он мавзеъе, ки расидааст, пош деҳ” [Ба ривояти Абӯдовуд].
Бо об шуста мешавад ва бақияи асари он зараре надорад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с):“Шустан бо об кофист ва бақоёи асари он, зараре надорад” [Ба ривояти Абӯдовуд].
Ба замин молида мешавад, то асари наҷосат аз он биравад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с):“Ҳар гоҳ яке аз шумо бо кафши худ палилиро зери по кард, молидан ба хок барояш покист”. [Ба ривояти Абӯдовуд].
Агар ба дунболи ҷомаи зан палидӣ часпад, барои покии он, ҳаракат дар ҷойи пок, кифоят мекунад, зеро замин покаш мекунад, ба далели фармудаи он ҳазрат: “Мо баъди он покаш мекунад” [Ба ривояти Абӯдовуд].
Бо дур кардани палидӣ ва моҳавлаш, боқимонда ба асли покии худ мебошад, ба далели он чӣ аз Расули Аллоҳ (с) собит шуда, ки дар мавриди мӯше, ки ба равғани зард афтод, пурсида шуд, ки фармуданд: “Онро бо равғани атрофаш, дӯр афканед ва равғани худро тановул кунед” [Ба ривояти Бухорӣ].
Пок карда шавад, то палидӣ аз он дур гардад.
1. Асл дар ашё, таҳорат ва покист, магар ин, ки чизе бар наҷосати он далолат кунад, омада бошад.
2. Ҳаргоҳ наҷосате ба чизе афтод ва мавзеъи он шиносои нашуд, дар ин ҳолат ҳамаи он чиз, шуста мешавад.
3. Ҳаргоҳ наҷосате ба чизи дигар мубаддал шуд, мананди ин, ки саргини хар ба хокистар мубаддал гардид, дар ин ҳолат пок мешавад.