Аҳкоми намоз

3516

1. Намози нишаста

Якум: Дар намози нафл:

Нишаста намоз хондан дар нафл дуруст аст ва ними аҷри истодаро дорад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Агар истода намоз бихонад, афзалият дорад ва касе, ки нишаста намоз бихонад, барояш ними аҷри истода аст ва касе, ки хобида намоз бихонад, барояш ними аҷри нишаста аст». [Ба ривояти Бухорӣ]

Ва агар нишаста намоз бихонад ба сабаби узре, ки дорад, барояш аҷри комил аст, ба далели фармудаи он ҳазрат (с) «Ҳар гоҳ банда бемор шуд ва сафар кард, барояш монанди ин, ки муқим ва саҳеҳу солим бошад, аҷр навишта мешавад». [Ба ривояти Бухорӣ]

Дуввум: Дар намози фарз:

Нишаста намоз хондан дар намози фарз дуруст намебошад, агар тавони истоданро дошта бошад.

2. Ният

Аз аҳкоми ният:

1. Қатъи ният дар аснои намоз дуруст нест. Агар касе нияти қатъи намозро кард, намозаш қатъ мешавад, воҷиб аст, то аз сар оғоз кунад. Бархе аз аҳли илм гуфтаанд, ки қатъ намешавад.

2. Касе, ки барои намози нафл такбири таҳрима гуфт, барояш дар аснои намоз, дуруст нест, ки онро ба намози фарз тағйир диҳад.

3. Каси танҳогузор такбири таҳрима гуфт ба намози фарзӣ, пас аз он гурӯҳе омад, барояш дуруст аст, ки нияти худро ба нафл табдил дода, баъд аз адои ду ракаъат, салом бидиҳад ва бо дигарон ба ҷамоат намоз бихонад.

3. Хондани Фотиҳа

Хондани Фотиҳа бар намозгузор воҷиб аст, агар чӣ муқтадӣ дар намози ҷаҳрӣ низ бошад.

Аз Убода бин Сомит (р) ривоят шуда, ки гуфт: «Дар намози субҳ дар ақиби Расули Аллоҳ (с) будам ва Расули Аллоҳ (с) қироъат кард, вале қироъат бар эшон мушкил шуд. Замоне, ки аз намоз фориғ шуд, фармуд: шояд дар ақиби имоматон қироъат мекунед? Гуфтем: оре! Ҳамин тавр аст, эй Расули Худо! Фармуд: чунин макунед, магар ба Фотиҳаи китоб, зеро барои касе, ки онро нахонад, ҳеҷ намозе нест». [Ба ривояти Абӯдовуд]

Назди бархе аз аймма, бар муқтадӣ дар ақиби имом, қироъат нест.

4. Омин гуфтан

Омин гуфтан: Ин, ки намозгузор дар поёни Фотиҳа (омин) бигӯяд, суннат аст барои намозгузор, чӣ имом бошад ва ё муқтадӣ ва ё танҳогузор ва ё фарзгузор бошад ва ё нафлгузор,

чӣ дар намози ҷаҳрӣ бошад ва ё хуфия ва ба садои паст омин гӯяд, чӣ дар намози ҷаҳрӣ бошад ва ё сиррӣ.

Ва далели фармудаи Набии акрам (с) аст: «Ҳангоме, ки имом омин гуфт, шумо низ омин бигӯед, зеро касе, ки омин гуфтанаш бо омин гуфтани фаришта баробар шавад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад». [Ба ривояти Бухорӣ]

5. Баланд хондан дар нафл

- Агар намоз аз вай қазо шуд, қазоии онро хомӯш бихонад ё баланд?

- Эътибор ба намоз аст, на ба вақти қазои он. Агар қазои намози ҷаҳриро дар рӯз адо мекард, онро ба ҷаҳр бихонад.

- Ва суннат дар намози нафлӣ, хомӯш хондан аст, магар далеле ба хонданаш буда бошад, монанди намози таровеҳ ва намози хусуф.

6. Баланд кардани дастон

Дастон ҳангоми такбири таҳрима, баланд мешаванд.

Бархе аз аҳли илм афзӯдаанд, ки дар мавозеъи зер, баланд мешаванд:

1. Такбири рукӯъ.

2. Ҳангоми баланд шудан аз рукӯъ.

3. Ҳангоми бархостан аз ташаҳҳуди аввал.

7. Дарёфти ракаъат

Ҳаргоҳ муқтадӣ рукӯъро бо имом дарёфт, бидуни тардид ракаъатро дарёфтааст, ба далели фармудаи он ҳазрат: «Касе, ки рукӯъро дарёфт, бидуни тардид, ракаъатро дарёфтааст». [Ба ривояти Абӯдовуд]

8. Оромӣ

Оромӣ дар ҳамаи аркони намоз, рукне аз онҳо мебошад, ки бидуни он намоз дуруст намешавад, ба далели он чӣ аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, «ки Расули Аллоҳ (с) дохили масҷид шуданд ва марде вориди масҷид шуда, намоз хонд. Пас аз он омад ва бар Расули Аллоҳ (с) салом дод ва Расули Аллоҳ (с) ҷавоби саломро дод ва гуфт: «баргард намоз бихон, зеро ки ту намоз нахондӣ». Он мард баргашт ва монанди намози қаблӣ, намоз хонд, пас аз он ба назди Набии акрам (с) омад ва салом дод. Расули Аллоҳ (с) гуфт: «ва алайкас-салом», сипас гуфт: «баргард ва намоз бигзор, зеро ту намоз нахондӣ», то ин, ки се бор чунин кард. Он мард гуфт: Ба зоте, ки туро фиристода, ман беҳтар аз инро намедонам, маро омӯзиш бидиҳед, фармуданд: «Ҳар гоҳ ба намоз бархостӣ, такбир бигӯ, пас аз он он чӣ аз Қуръон медонӣ бихон, баъд аз он рукӯъ бикун, то ин, ки дар рукӯъ ором шудӣ, баланд шав, то рост биистӣ, пас аз он ба саҷда бирав, то ин, ки ором саҷда кунӣ, пас аз он сар баланд кун, то ором бинишинӣ. Дар тамоми намозат чунин бикун».[Ба ривояти Бухорӣ]

9. Ҳаракат додани забон

Барои қироъати Қуръон ва такбироту зикрҳо, танҳо хондани қалбӣ кифоят намекунад, балки нутқи онҳо зарур аст ва камтарини он, ҳаракат додани забон ва лабҳо дар ҳангоми қироъат мебошад.

10. Шакли саҷда

Саҷда бар ҳафт устухони бадан мебошад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): «Ҳар гоҳ банда ба саҷда меравад, бо вай ҳафт узв низ саҷда мекунад, рӯяш ва ду кафҳои дастонаш ва ду зонӯяш ва ду қадами пойҳояш». [ Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

11. Ишора бо ангӯшт

Дар ташаҳҳуд суннат аст, ки бо ангӯштон ишора шавад, ба далели ҳадиси Воил бин Ҳиҷр (р): «Пас аз он ангӯшти худро баланд кард ва дидам, ки онро ҳаракат медод ва ба он дуо мехонд». [Ба ривояти Насойи]



Tags: