Аркон, мубоҳот, мустаҳаббот, макруҳот ва муфсидоти рӯза

2486

Аркони рӯза

Рукни аввал: Худдорӣ аз муфтирот аз тулуъи фаҷр, то ғуруби офтоб

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва бихуреду бинушед, то ин, ки риштаи сафед аз риштаи сиёҳи фаҷр ба шумо возеҳ шавад, пас аз он рӯзаро то шаб комил кунед) (Бақара 187).

Мақсуд аз риштаи сафед ва риштаи сиёҳ, равшании рӯз ва сиёҳии шаб мебошад.

Рукни дуввум: Ният аст

Яъне, рӯзадор бо ин худдорӣ аз муфтирот, қасди парастиши Аллоҳи Азза ва Ҷалларо бикунад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Аъмол ба ниятҳо муртабит аст ва барои ҳар кас, ҳамон чизест, ки нияташро кардааст) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Ният дар рӯза
Аз шаб нияти рӯза гирифтан воҷиб аст, агар рӯза воҷиб бошад, аммо агар рӯза нафлӣ бошад, аз шаб нияти рӯза доштан воҷиб намебошад, балки рӯзаи нафлиро метавонад дар рӯз ҳам бикунад, агар чизе нахурда буд, ба далели ривояти модари мӯминон,
Оишаи Сиддиқа (р), ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) рӯзе дохил шуд, фармуданд: “оё чизе доред?” Гуфтем: на! фармуданд: “!пас ман рӯзадор ҳастам”) [Ба ривояти Муслим].

Мубоҳоти рӯза

1. Ғусл кардан, нишастан дар об барои сард шудан.

2. Фуру бурдани оби даҳон ва балғам

3. Чашидани таом фақат бо забон, ба шарте, ки чизе аз он бар ҳалқаш фуру наравад.

4. Буидани атр ва хушбугари ҳаво

Ғусл кардани рӯздор мубоҳ аст
Барои рӯзадор, чашидани таъом, мубоҳ аст
Барои рӯзадор, бӯ кашидани атр, мубоҳ аст

- Истеъмоли мисвок барои рӯзадор

Истеъмоли мисвок дар ҳар вақт машрӯъ аст, чи пеш аз завол бошад ва ё баъд аз он ва чӣ мисвоки тар бошад, ё хушк, вале рӯзадор метаваҷҷеҳ бошад, ки чизе аз мисвоки тар ба ҳалқаш наравад, зеро дар ин ҳолат рӯзааш, мешиканад.

Барои рӯзадор, мисвок задан, мубоҳ аст

Мустаҳабботи рӯза

1. Саҳархезӣ ва таъхири он то наздикии азони фаҷр

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Барои хурдани ғизо саҳарӣ бархезед, зеро, ки дар саҳархезӣ баракат аст) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Саҳархезӣ бо ғизои бисёр кам ва ба нӯшидаи пиёлаи обе, низ таҳқиқ меёбад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Саҳарӣ хурдан баракат аст, пас онро тарк макунед, ва агар ин, ки яке аз шумо косаи обе бинӯшад, зеро Аллоҳи мутаъол ва фариштагонаш бар саҳархезон, дуруд мефиристанд) [Ба ривояти Аҳмад].

Таъхир кардани саҳархезӣ мустаҳаб аст. аз Зайд бин Собит (р), ривоят аст, ки фармуд: (Бо Расули Аллоҳ (с) саҳарӣ хурдем ва пас аз он ба намози истодем. Анас бин Молик фармуд: пурсидам: миёни он ду чӣ миқдор замоне буд? фармуд: ба миқдори панҷоҳ оят) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

- Нушидан дар аснои азон :

Агар нӯшиданӣ дар дасташ буд ва азонро шунид, метавонад онро то охир бинушад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки фармуд: Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Агар нӯшиданӣ дар дасти яке аз шумо буд, ва азонро шунид, то ин ки ниёзашро бароварда накарда, онро нагузорад) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Саҳарӣ бихурад агар чӣ ҷуръа об бошад

2. Шитоб барои ифтор

Барои рӯзадор мустаҳаб аст, ҳангоме, ки аз ғуруби хуршед мутаъаккид гардид, зуд ифтор кунад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Мардум ҳанӯз ба хайранд, модоме, ки зуд ифтор кунанд) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Ва ифтор бо чанд хурмои тоза мустаҳаб аст, агар наёфт бо чанд хурмо ва шумори он тоқ бошад.

Агар онро ҳам пайдо накард, чанд қатра об бинушад, ба далели ҳадиси Анас бин Молик, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) қабл аз намоз бо хурмои тоза, ифтор мекарданд, агар хурмои тоза набуд, бо хурмои хушк ва агар он ҳам набуд, чанд ҷуръа [Нӯшид] об менушиданд) [Ба ривояти Тирмизӣ]

ва агар чизе наёфт, дар қалбаш нияти ифторро мекунад ва ин барояш кофист.

Касе, ки иштибоҳан ифтор кард

Ҳаргоҳ рӯзадор ба гумони ин, ки хуршед ғуруб карда ва ё ин, ки ҳанӯз тулуъи фаҷр нашуда, чизе бихурад ва пас аз он акси он зоҳир шуд, бар вай қазои рӯза воҷиб нест,

ба далели фармудаи Худованди мутаъол: (Ва бар шумо дар он чӣ иштибоҳ кардед, гуноҳе нест, вале бар он чӣ дилҳоятон қасд кардааст, ва Аллоҳ ғафуру раҳим аст) (Аҳзоб 5).

Ва низ ба далели фармудаи он ҳазрат (с) (Аллоҳ аз иштибоҳу фаромӯшӣ ва он чӣ уммати ман бар он маҷбур карда шаванд, гузашт кардааст) [Ба ривояи Ибни Моҷҷаҳ].

3. Дуо ҳангоми ифтор

Ба далели он чӣ, ки аз Расули Аллоҳ (с) собит шуда, он ҳазрат (с) дар ҳангоми ифтор, мефармуданд: (Ташнагӣ рафт ва рагҳо сероб шуданд ва ба хости Худо аҷр собит шуд) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Ва ҳамчунин фармуданд: (Барои рӯзадор дар ҳангоми ифтораш, дуоест, ки рад намешавад) [Ба ривояти Ибни Моҷҷа].

4. Тарки беҳудагӯи ва ҳамбистарӣ

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Агар рӯз, рӯзаи яке аз шумо буд, фаҳш нагӯяд ва ё ҳамбистарӣ накунад, бо садои баланд муҷодала накунад, агар касе ба вай дашном дод ва ё бо ӯ ҷанг кард, бояд бигӯяд, ман шахси рӯзадор ҳастам). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

5. Анвоъи ибодатҳоро бисёр кунад

Монанди тиловати Қуръон ва зикри Аллоҳ, намози таровеҳ, шабхезӣ, шабзиндадорӣ дар шаби қадр, адои суннатҳои ротиба, садақа додан, саховатманд будан,

дар роҳи хайр сарф кардан, барои рӯзадорон ифторӣ додан ва умра кардан, зеро ки подоши накӯкорӣ дар Рамазон чанд баробар аст.

Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки фармуд: (Расули Аллоҳ (с) саховатмандтар аз ҳамаи мардум буданд ва дар Рамазон, замоне, ки Ҷибрил (а) ба дидори эшон меомад, пас аз ҳар вақт саховатмандтар мебуд. Ҷибрил дар ҳар шаби Рамазон бо эшон дидор менамуд ва Қуръонро барояш мудорасат мекард, пас Расули Аллоҳ (с) дар ҳангоми дидори Ҷибрил аз вазиши бод ҳам, саховатмандтар буд) [Ба ривояти Бухорӣ].

Макруҳоти рӯза

1. Дар мазмаза ва истиншоқ, муболиға карданд

Зеро хавф онаст, ки об ба шикам биравад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Дар инстиншоқ, яъне об дар бинӣ гирифтан, муболиға кун, магар ин, ки рӯзадор бошӣ) [Ба ривояти Абӯдовуд].

2. Бӯсидани ба шаҳват

Барои рӯзадор агар бими инзоли манӣ бошад ва ё боиси ҳаяҷони шаҳват мешавад, бӯсидан макрӯҳ аст.

Рӯзадор бояд аз ҳар он чӣ шаҳватангез бошад, иҷтиноб кунад, магар ин, ки бар худ имтинон дорад, ки рӯзааш фосид намешавад, боке надорад.

Аз модари мӯминон, Ойша (р) ривоят шуда, ки фармуд: (Набии акрам (с) бӯса мекарданд ва ҳамоғӯш мешуданд, дар ҳоле, ки рӯзадор буданд, тавонмандии контрол кардани ниёзи [яъне ниёзиш] худро доштанд) [Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим]

ва бинобарин барои ҷавон ҳамоғӯшӣ макрӯҳ аст, на барои солманд.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки (Марде аз Расули Аллоҳ (с) дар мавриди ҳамоғӯшии рӯзадор пурсид, бароя иҷозат доданд, ва марди дигаре омад ва пурсид, вайро манъ фармуданд, пас касе, ки барояш иҷоза доданд, солманд буд ва касе, ки ӯро манъ кард, ҷавон буд) [Ба ривояти Абӯдовуд].

Муфсидоти рӯза

1. Хурдан ва нӯшидани қасдӣ дар рӯзи Рамазон

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Ва бихуред ва бинушед, то ин, ки риштаи сафед аз риштаи сиёҳи фаҷр, ба шумо возиҳ шавад, пас аз он рӯзаро то ба шаб тамом кунед) (Бақара 187).

Мақсуд аз риштаи сафед ва риштаи сиёҳ, равшании рӯз ва сиёҳии шаб, мебошад.

Ифтор ба хотири кор
Касе, ки дар нонвой ва корҳои машақатбор машғул аст, ифтор кардан барояш мубоҳ нест, зеро ки онҳо монанди дигарон, мукаллаф ба рӯза доштан ҳастанд.

- Огоҳиҳо :

1. Касе, ки ба фаромӯшӣ хурад ва ё нӯшад, рӯзааш дуруст аст ва замоне, ки ёдаш омад, бар вай воҷиб аст, то худро нигаҳ дорад,

ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Касе, ки фаромӯш кард, ки рӯза дорад, пас чизеро хурад ва ё нӯшад, бояд рӯзаашро тамом кунад, он чӣ хурда ва нушида, таъоме буда, ки Аллоҳи таъоло ба вай ато кардааст) [Ба ривояти Муслим].

2. Ҳар он чӣ, ки аз роҳи даҳан ва ё бинӣ, вориди бадан шавад ва ё аз ҷумлаи он чӣ, ки ба маънои хурду нӯш бошад, монанди, сузан задани муғзӣ (ғизодор),

рӯзаро фосид мекунад, аммо сузани ғайри муғзӣ, монанди пенсилин ва монанди он, рӯзаро фосид намекунад, зеро ки хурдану нушидан набуда ва ба маънои онҳам намебошад.

Пешкории муғзӣ (гизодор), рӯзаро мешиканад
Пешкории (укол) пенсилин, рӯзаро намешиканад
Доруи муғзӣ (барои ғизо), рӯзаро мешиканад

3. Он чизе, ки аз роҳи даҳан барои ниёз ба он ворид шавад, монанди дурбини дармонӣ ва дорӯи фишори нафастангӣ ва монанди он, рӯзаро фосид намекунад.

Доруи фишори нафастангӣ, рӯзаро намешиканад

4. Сурма кардан ва доруи қатраи чашм ва ё гуш ва монанди инҳо чакондан ба рӯза осебе намерасонад, зеро далеле бар фосид шудани рӯза вуҷуд надорад ва низ чашм мадхали оддии хурдан ва нӯшидан, намебошад.

Ҳамингуна дорӯи қатраи гушу бинӣ, вале барои бинӣ беҳтараст, аз чаконидани қатра иҷтиноб шавад, чаро, (ки он ҳазрат (с) аз муболағаи истиншоқ барои рӯзадор) [Ба ривояти Тирмизӣ]

манъ кардаанд, ба далели он, ки мадхале ба ҷавфи бадан мебошад.

Сурма кардан, рӯзаро намешиканад

5. Агар он чиро, ки муғзӣ (ғизо) нест ва ё зарар мерасонад, кашид, монанди сигор, рӯзаашро мешиканад, зеро ки аз мадхали оддӣ, ки даҳон аст, онро кашидааст, ки ба маънои хурдан ва нушидан мебошад.

Кашидани сигор, рӯзаро мешиканад

6. Он чӣ, ки иҷтиноб аз он мумкин набошад, монанди гарду ғубори роҳ ва ё бақияи таом дар миёни дандонҳо, агар ба шикам биравад, рӯзаро фосид намекунад.

Боқимондаи ғизо, рӯзаро намешиканад

2. Ҳамбистар шудан

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: (Барои шумо ҳалол шуда дар шабҳои рӯза, ҳамбистарӣ бо занон) (Бақара 187).

Ва رفث, омезиш ва ҳамбистар шудан, касе, ки рӯзадор буд ва ҳамбистар шуд, рӯзааш ботил шуда ва пардохти каффораи шадид низ мебошад, ки ибарат аст,

аз озод созии ғуломе, агар пайдо нашуд, ду моҳ паи ҳам рӯза гирифтанаст, агар наметавонад, бояд шаст мискинро ғизо бидиҳад,

ба далели он чӣ аз Абӯҳурайра (р) собит шуда, ки фармуд: (Марде назди Набии акрам (с) омад ва гуфт: ҳалок шудам, фармуданд: чӣ шуд? гуфт: бо ҳамсарам дар рӯзи рамазон ҳамбистар шудам, фармуданд: оё тавони озодсозии бардаеро дорӣ? Гуфт: на! фармуданд: оё метавонӣ ду моҳ пай дар пай рӯза бигирӣ? Гуфт: на! фармуданд: оё метавонӣ шаст мискинро ғизо бидиҳӣ? Гуфт: на! фармуданд: биншин, пас нишаст. Набии акрам (с) паймонаи [Паймонаи бузург] бузурги пур аз хурморо оварда, фармуданд: инро бигир ва садақа бикун! Гуфт: оё ба фақиртар аз мо? Набии акрам (с) хандиданд, то ин, ки дадонҳояшон зоҳир шуд, пас фармуданд: Таоми аҳлу аёлат бошад) [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

Агар зан шавҳарашро водор ба ҷимоъ кард, бояд каффора бидиҳад ва агар шавҳар ӯро ба ҷимоъ маҷбур кард, рӯзаи зан низ ботил шуда ва бар вай фақат қазои як рӯз рӯза аст, на кафорат



Tags: