Аркон ва воҷиботу суннатҳои Ҳаҷ

2027

Аркони Ҳаҷ

1. Эҳром:

Ба далели фармудаи Набии акрам (с): ((Аъмол вобаста ба ниятҳост ва барои ҳар кас подоши он чӣ ният кардааст)) [Ба ривояти Бухорӣ]

2. Саъй байни Сафо ва Марва:

Ба далели фармудаи Набии акрам (с): ((Саъй кунед, зеро, ки Аллоҳи мутаъол бар шумо саъйро фарз гардонидааст)). [Ба ривояти Аҳмад]

Ва назди баъзе аз аҳли илм, воҷиб аст, ки дар ҳоли тарк шуданаш, бо забҳи ҳайвоне ҷуброн мешавад.

3. Вуқуф дар Арафа:

Ба далели фармудаи Набии акрам (с): ((Ҳаҷ Арафа аст)). [Ба ривояти Тирмизӣ]

4. Тавофи Ифоза:

Ба делели фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Ва бояд, ки Байти Атиқро тавоф кунед)) (Ҳаҷ 29) .

- Огоҳӣ :

Касе, ки рукне аз арконро тарк кунад, ҳаҷҷаш тамом намешавад, то онро анҷом диҳад.

Воҷиботи Ҳаҷ

1. Эҳром намудан аз миқот аст:

Ба далели ин, ки Расули Аллоҳ (с) пас аз зикри миқотҳо фармуданд: ((Ин миқотҳо барои ҳамон мардумон аст ва низ барои касе, ки аз онҷо убур кунад, агар чӣ аз мардумони онҷо набошад, вале иродаи Ҳаҷ ва Умра карда бошад)). [Ба ривояти Бухорӣ]

2. Вуқуф дар Арафот то ғуруби офтоб барои касе

ки рӯз дар он ҷо мебошад, зеро Набии акрам (с) то ғуруб дар онҷо буданд.

3. Сипарӣ кардани шаб дар Муздалифа:

Зеро, ки Набии акрам (с) дар онҷо шабро сипарӣ карда ва фармуданд: ((Бояд, ки умматам нусукашро бигирад, чаро ки ман намедонам, шояд пас аз ин сол онҳоро намебинам)) [Ба ривояти Ибни Моҷҷа]

зеро ки Набии акрам (с) барои заъифони мусалмонон иҷоза доданд, то пас аз нимаи шаб аз онҷо берӯн раванд, пас бар ин далолат мекунад,

ки мабит дар муздалифа зурурӣ буда, чуноне, ки Аллоҳи мутаъол амр фармуда, то дар назди Машъарул-ҳаром зикрашро бинамоянд.

4. Сипарӣ кардани шабҳои Аёми Ташриқ дар Мино:

Ба далели он чӣ, ки собит шуда ((Набии акрам (с) барои шубонҳо дар мавриди Мино рухсат доданд)) [Ба ривояти Абӯяъло дар муснадаш].

Ин далел бар онаст, ки асл, вуҷуби сипарӣ кардани шаб дар Мино мебошад ва назди бархе аз аҳли илм, суннати муаккада аст, ки таркаш макруҳ буда ва барои соҳибаш исоат мекунад.

5. Рамйи Ҷамарот:

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Ва Аллоҳро дар рӯзҳои шуморшуда ёд кунед)) (Бақара 203).

Аёми маъдудот: Аёми Ташриқ.

Ва рамйи Ҷамарот аз ҷумлаи зикри Аллоҳи мутаъол мебошад, ба далели фармудаи Набии акрам (с): ((Тавофи Байтулллоҳ ва саъй миёни Сафо ва Марва ва задани Ҷамарот барои барпо кардани зикри Аллоҳи мутаъол аст)). [Ба ривояти Абӯдовуд]

6. Тарошидани муисар ва кӯтоҳ кардани он:

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Ҳатман ба Масҷидул-ҳаром ба хости Аллоҳи мутаъол бо амн ворид мешавед, дар ҳоле, ки муйҳои саратонро тарошида ва ё кӯтоҳ кардаед)) (Фатҳ 27).

7. Тавоф ва Видоъ:

Ба далели он чӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят шуда, ки фармуд: ((Ба мардум амр шуда, то охирин аҳдашон бо Байтуллоҳ бошад, магар ин, ки ба зани ҳоиз тахфиф шудааст)). [Ба ривояти Муслим]

Суннатҳои Ҳаҷ

Ғайр аз аркон ва воҷибот, боқии аъмол суннат аст, аз ин қарор:

1. Ғусл кардан ҳангоми Эҳром.

2. Эҳром бастан бо ду порчаи сафед, яке изор ва дигаре ридост.

3. Лабайк гуфтан ва бо садои баланд.

4. Шаби Арафаро дар Мино сипарӣ кардан.

5. Бӯсидани Ҳаҷарул-асвад.

6. Изтибоъ: Дар тавофи қудум ва ё Умра, ридоро аз зери бағали рост бигзаронад, тавре, ки шонааш бараҳна бошад.

7. Рамл дар се даври аввали тавофи қудум ва ё Умра, яъне ба суръат роҳ рафтан.

8. Тавофи қудум барои Қорин ва Муфрад.

Суннатҳои Ҳаҷ

Касе, ки суннате аз суннатҳои Ҳаҷро тарк кард, бар вай чизе нест ва ҳаҷҷи ӯ дуруст аст.

Воҷиби Ҳаҷ

Касе, ки воҷиберо тарк кард, бар ӯ хунест, ки ин камбудро ҷуброн кунад.



Tags: