Аркон ва воҷиботу суннатҳои Умра

2095

Аркони Умра

1. Эҳром намудан:

ба далели фармудаи Набии акрам (с): ((Аъмол вобаста ба ниятҳояш аст ва барои ҳар касест, он чӣ ният кардааст)). [Ба ривояти Бухорӣ]

2. Саъй миёи Сафо ва Марва:

Ба далели фармудани Набии акрам (с): ((Саъй кунед, зеро, ки Аллоҳи мутаъол саъйро бар шумо фарз гардонидааст)) [Ба ривояти Аҳмад].

3. Таввоф кардан:

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Ба Байти Атиқ бояд тавоф кунанд)) (Ҳаҷ 29).

Эҳром
Саъй миёи Сафо ва Марва
Таввоф кардан

Воҷиботи Умра

1. Эҳром бастан аз миқот:

Ба далели фармудаи Набии Акрам (с) пас аз ин, ки миқотҳоро ёд карданд, фармуданд: ((Ин миқотҳо барои ҳамон мардумон аст ва низ барои касе, ки аз он ҷо бигзарад, агар чӣ аз мардуми онҷо набошад, вале иродаи Ҳаҷ ва Умра карда бошад)). [Ба ривояти Бухорӣ]

2. Тарошидани муйсар ва кӯтоҳ кардани он:

Ба далели фармудаи Аллоҳи мутаъол: ((Ҳатман ба Масҷиди Ҳаром ба хости Аллоҳ бо амн ворид мешавед, дар ҳоле, ки муйсарҳоятонро тарошида ва кӯтоҳ кардаед)). (Фатҳ 27).

Суннатҳои Умра

Ғайр аз аркону воҷибот, боқии аъмол суннат аст, аз ин қарор:

1. Ғулс кардан ҳангоми эҳром бастан.

2. Эҳром бастан бо ду порчаи сафед, яке изор дигаре ридо аст.

3. Лабайк гуфтан ва бо садои баланд.

4. Изтибоъ: Дар тавоф, ридоро дар зери бағали рост бигзаронад, тавре, ки шонааш бараҳна бошад.

- Огоҳиҳо:

1. Касе, ки рукне аз аркони Умраро тарк кард, нусуки ӯ ба итмом намерасад, то замоне, ки онро анҷом надиҳад.

2. Касе, ки воҷибе аз воҷиботи Умраро тарк кард, бар вай хун аст, (яъне забҳ гӯсфанде ва ё мушорикат дар ҳафтум ҳиссаи гов ва ё ҳафтум ҳиссаи шутур).

3. Касе, ки суннате аз суннатҳои Умраро тарк кард, бар ӯ чизе нест ва умрааш дуруст аст.

Эҳром
Ғусл кардан
Тарошидан ва кӯтоҳ кардан


Tags: