Аз одоби намоз

2932

Намоз ибодати бузургест, ки мусалмон бо қалбу баданаш мутаваҷҷеҳи Аллоҳи мутаъол мешавад. Шоиста аст, ки қабл аз он омодагии рӯҳӣ ва ҷисмии лозимро бигирад, то худро барои он фориғ намуда ва бар шеваи дурусташ онро адо кунад, лизо мавориди зер барояш машрӯъ гардидааст:

1. Ихлос

Аллоҳи мутаъол фармудааст: (Амр нашудаанд, магар ин, ки Аллоҳро ибодат кунанд, динро холис барои ӯ бигардонанд ва намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд, инаст дини миллати мустақим). (Байина 5)

Аллоҳи мутаъол ҳеҷ амалеро намепазирад, магар ин, ки холисан барои Аллоҳ буда, дар он худнамои ва шӯҳратталабӣ ва ё ҳеҷ навъе аз ширк ба Аллоҳ набошад.

2. Исбоғи вузӯ

Ва яъне ба ваҷҳи дақиқ ва комилтар онро анҷом диҳад.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Оё шуморо бар он чӣ бо он Аллоҳи мутаъол иштибоҳотро маҳв намуда, мартабаҳоро баланд мебардорад, далолат кунам? Гуфтанд: оре! Далолат кунед эй Расули Аллоҳ. Фармуданд: Дар ҳоли машақат ва сахтӣ, монанди сармо ва ғайра, хуб вузӯ кардан ва касрати гомбардорӣ ба сӯи масоҷид ва интизори намоз пас аз намоз, инаст, рибот, яъне бастани нафс барои тоъат). [ Ба ривояти Муслим]

3. Пештар ба намоз рафтан

Яъне пештар ба масҷид рафтан, ба хотири дарёфти фазилати интизори намоз. Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (с) фармуданд: (Интизори намоз барои яке аз шумо ҳукми намозро дорад) [Ба ривояи Бухорӣ].

4. Зикри Аллоҳ

- Ҳангоми берун рафтан аз хона, бояд зикри Худоро чунин бигӯяд: (Ба номи Аллоҳ, бар Аллоҳ таваккал кардам, ҳеҷ тавон ва қуввате нест, магар ба василаи Аллоҳ) [ Ба Ривояти Абӯдовуд]

(Эй бори Худоё! ба ту паноҳ мебарам аз ин, ки гумроҳ кунам ва ё гумроҳ шавам ва ё лағжонида шавам ва ё зулм кунам ва ё бар ман зулм шавад ва ё ба касе носазо бигӯям ва ё ба ман носазо гуфта шавад) [Ба Ривояти Абӯдовуд].

- Ҳангоми рафтан ба масҷид, зикри Аллоҳро чунин гӯяд: (Эй бори Худоё, дар қалбам нуре ҷо деҳ ва дар забонам ва дар шунавоиям ва дар биноиям ва дар пуштам ва дар пешам, нуре ҷо деҳ ва низ аз болоям ва зерам нуре ҷо деҳ, эй бори Худоё ба ман нуре ато кун) [ Ба ривояти Муслим].

5. Бо оромӣ ва виқор ба намоз рафтан

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с) (Ҳангоме, ки иқоматро шунидед, ба сӯи намоз биравед ва бар шумост орому бовиқор бошед ва шитоб накунед, он чиро дарёфтед, бихонед ва он чиро дарнаёфтед, такмил кунед). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]

6. Ҳангоми дохил ва хориҷ шудан аз масҷид зикри хосеро бихонад.

- Ҳангоми дохил шудан ба масҷид мегӯяд: (Паноҳ мебарам ба Аллоҳи азим ва ба ваҷҳи каримаш ва ба султони қадимаш, аз шайтони раҷим) [Ба ривояти Абӯдовуд]

(Ба номи Аллоҳ ва дуруди салом ба Расули Аллоҳ) [ Ба ривояти Муслим]

(Эй бори Худоё! дарҳои раҳмати хешро бар ман бигушо) [Ба ривояти Муслим].

- Ҳангоми берун рафтан аз масҷид, мегӯяд: (Ба номи Аллоҳ ва дуруду салом бар Расули Аллоҳ, эй бори Худоё! Ман фазилатро масъалат дорам, эй бори Худоё! Маро аз шайтони раҷим дар амон нигоҳ дор) [Ба ривояти Ибни Моҷҷаҳ].

7. Нашинад, магар, ки ду ракаъат намоз бихонад.

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Ҳангоме, ки яке аз шумо ба масҷид ворид шавад, қабл аз нишастан, ду ракаъат намоз бихонад) [ Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим].

8. Аз ташбики ангӯштон иҷтиноб варзад.

Ба далели фармудаи он ҳазрат (с): (Замоне, ки яке аз шумо вузӯ кунад, вузӯяшро бисёр хуб анҷом дод, пас аз он қасди масҷидро намуд, миёни ангӯштонаш ташбик накунад, зеро, ки вай дар намоз қарор дорад) [Ба Ривояти Абӯдовуд].

9. Машғул шудан ба зикр

Дар вақти интизории намоз, беҳтараст ба зикр, дуо ва тиловати Қуръон, бидуни халалрасондан ба намозгузорон, машғул шавад.

10. Хушӯъ дар намоз

Ва он мағзи намоз ва рӯҳаш буда, намоз бидуни хушӯъ ва бидуни ҳузури қалб, монанди ҷасади мурда аст, ки рӯҳ надорад. Ибни Раҷаб (р) мегӯяд: (Асли хушӯъ: нармиш, риққат, оромиш, хузӯъ, инкисор ва сӯзиши қалб мебошад. Агар қалб хошеъ бувад, соири аъзо низ хошеъ мешавад, ҳама пайрави он мебошанд) [خشوع: Ибни Раҷаб].

Қалб маҳали хушӯъ буда, ки забони гӯёи вай, соири аъзо мебошад.

11. Дар намоз аз суннати Набии акрам (с) пайравӣ кард

Намоз ибодатест, ки бояд дар он мутобиат шавад, ба гӯнае, ки ҳеҷ феъле ва ё ҳеҷ қавле, ки он ҳазрат (с) накарда ва ё нагуфта, дар он набошад, ба далели фармудаи он ҳазрат (с) (Намоз бихонед, ҳамчуноне, ки маро дидед, ки намоз мехонам) [Ба ривояти Бухорӣ].



Tags: