Ва ба далели ҳадиси Анас (р): ((ки Набии акрам (с) ду гусфанди сиёҳ ва сафеди [Гусфанде, ки сиёҳ ва сафед буда, ки сафедияш бештар бошад] шохдорро [Шохдор] бо дасти худашон, бисмиллоҳ гуфта, дар ҳоле, ки як пояшонро ба гушаи шонаи онҳо гузошта, забҳ карданд)). [Ба ривояти Тирмизӣ]
Вақти забҳи қурбонӣ
Вақти забҳи қурбонӣ баъд аз намози иди қурбон оғоз мешавад ва то ғуруби офтоби охирин рӯзи аёми наҳр, ки рӯзи дувоздаҳум назди Аҳноф аст ва рӯзи сездаҳум назди ҷумҳури уламо.
Басанда дар қурбонӣ
1. Як гусфанд аз як шахс басанда аст ва метавонад бо худ касони дигареро, ки хоста бошад, дар аҷраш шарик созад, зеро, ки Расули Аллоҳ (с) замоне,
ки қурбонияшонро забҳ карданд, фармуданд: ((Ба номи Аллоҳ, эй бори Худоё аз Муҳаммад ва Оли Муҳаммад ва умати Муҳаммад, қабул фармо)). [Ба иттифоқи Бухорӣ ва Муслим]
2. Як шутур ва ё як гов барои ҳафт нафар кофист, пас ширкати ҳафт нафар дар қурбонии як шутур ва ё як гов ҷавоз дорад,